Ширин Исматуллозода
Ширин Исматуллозода (Ҳаитова Ширин Исматуллоевна; 14 марти 1970, деҳаи Ҳисори ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон) — забоншинос, доктори илмҳои филология (2014), муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020).
Ҳаитова Ширин Исматуллоевна | |
Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
|
14 феврали 2020 — 3 ноябри 2020 | |
Нахуствазир | Қоҳир Расулзода |
Президент | Эмомалӣ Раҳмон |
Ҷонишин | Матлубахон Сатториён |
Таваллуд |
14 март 1970 (54 сол) |
Ҳизб | ҲХДТ |
Таҳсилот | Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин |
Дараҷаи илмӣ | доктори илмҳои филология |
Унвони илмӣ | дотсент |
Касб | забоншинос |
Зиндагинома
вироишСоли 1992 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ро ва 2012 ғоибона факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тамом карда дар солҳои 1994—1997 аспиранти ДМТ буд.
Фаъолияти корӣ
вироиш- 1992—1994 — коромӯзи кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон
- 1997—2000 — ассистенти кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон
- 2000—2006 — муаллимаи калони кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон
- 2006—2009 — муовини декани факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон[1]
- 2009—2012 — сардори Раёсати илм ва навоварии техникии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- 2012—2014 — директори Муассисаи нашриявии «Маориф ва фарҳанг» и Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- 2014—2015 — муовини ректор оид ба корҳои таълими Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода
- 2015—2020 — директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
- 14 феврали 2020 — 3 ноябри 2020 — муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон[2][3].
Фаъолияти илмӣ
вироишБобати хусусияти забонӣ ва корбурди истилоҳоти соҳавӣ дар асрҳои ХI—ХII, хусусияти лексикӣ-семантикии ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ таҳқиқот анҷом дода, дар таҳияи барномаи таълимии «Таърихи истилоҳоти тоҷик», «Луғати русӣ ба тоҷикии истилоҳоти геологӣ» ва баргардони «Ғазалиёти Анварӣ» аз ҳуруфи форсӣ ба сириллик саҳм гузоштааст.
Осор
вироиш- Лексическое особенности газелей Камола Худжанди. — Д., 2002;
- Лингвистические и функциональные особенности отраслевой терминологии таджикского языка ХI — ХII вв: Дисс… доктора филол. наук. — Д., 2013.[4]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Кафедраи таърихи забон ва типология, Ширин Ҳаитова(тоҷ.). www.philol.tnu.tj. 24 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 августи 2020.
- ↑ Президенти Тоҷикистон. ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Исматуллозода Ш. И. (14 феврали 2020).
- ↑ Указ Президента Республики Таджикистан от 3 ноября 2020 года, №6 "Об освобождении Исматуллозода Ш.И. от должности заместителя Премьер-министра Республики Таджикистан". www.adlia.tj. 13 марти 2023 санҷида шуд.
- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ — аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2017. — с. 654