Шомил Аминов
Шомил Аминов (20 марти 1935, Самарқанд) — иқтисоддони тоҷик, доктори илмҳои иқтисодӣ (1981).
Таърихи таваллуд | 20 март 1935 (89 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | Самарқанд , ҶШС Ӯзбекистон ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | иқтисод |
Ҷойҳои кор | Пажӯҳишгоҳи иқтисоди Академияи илмҳои Тоҷикистон, Институти иқтисоди Госплани Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои иқтисод |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, ИҶШС |
Зиндагинома
вироишШомил Аминов соли 1959 факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин хатм намуда, дар Пажӯҳишгоҳи иқтисоди Академияи илмҳои Тоҷикистон ба сифати лаборанти калон, ходими хурди илмӣ, ходими калони илмӣ, мудири бахш (1959—1984) кор кардааст. Солҳои 1985—1991 мудири шуъбаи Институти иқтисоди Госплани Тоҷикистон буд.
Соли 1991 ба ИМА ҳиҷрат намуд ва ҳоло муқими шаҳри Нию-Ёрк мебошад.
Фаъолияти илмӣ
вироишШомил Аминов оид ба масъалаҳои тараққиёти комплексӣ ва ҷойгиронии саноатии масолеҳи бинокорӣ дар шароити Осиёи Миёна ва махсусан Тоҷикистон қариб 100 таълифот ба забонҳои гуногун нашр намудааст.
Осор
вироиш- Индустрияи бинокории Тоҷикистон. — Д., 1967;
- Асосҳои бинокории Тоҷикистон. — Д., 1975;
- Комплексное развитие промышленности строительных материалов Средней Азии. — Д., 1973;
- Проблемы размещения производства строительных материалов Средней Азии. — Д., 1974.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 728 с.
Сарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.