Шоҳзамон Раҳмонов (14 апрели 1946, ноҳияи Шаҳритус, Вилояти Хатлон) — адабиётшинос, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1995) Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1999), доктори илми филологӣ, профессор. Сарходими илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон.

Шоҳзамон Раҳмонов
Акс:Шоҳзамон Раҳмонов.jpg
Таърихи таваллуд 14 апрел 1946(1946-04-14) (78 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Шаҳритус вилояти Хатлон
Фазои илмӣ адабиётшинос

Зиндагинома

вироиш

Шоҳзамон Раҳмонов — (14 апрели соли 1946 дар ноҳияи Шаҳритус, Вилояти Хатлон ба дунё омадааст.

Соли 1967 — Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст;

1968 −1991 — кор дар вазифаи гуногун дар Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон;

1991 −1997 — дотсент, ходими калони илмӣ ва мудири кафедра дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев;

1997 −1999 — мудири кафедра дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода;

1999—2003 — мудири шуъбаи забон, иттилоот ва матбуоти Вазорати маорифи Тоҷикистон;

2003—2013 — сарходими илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон.


Осори илмӣ

вироиш

Соли 1987 рисолаи номзадӣ ва соли 1997 рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Муаллифи рисолаву монографияҳои

• Байт ва муносибати он дар шеър. — Душанбе, Дониш, 1980,

• Мусаммат, таҳаввул ва ташаккули он. — Душанбе, Дониш, 1987,

• Таҳаввули воҳидҳои лирикӣ. — Душанбе, Адиб, 1988,

• Шеър ва Айнӣ. Дигаргуниҳои сифатию созмонӣ дар лирикаи муосири тоҷик" — Душанбе, Маориф, 1994,

• Сухане чанд аз лирикаи форсии тоҷикӣ. — Душанбе, Шарқи озод, 1999,

• Таҳқиқ ва нақд. — Душанбе, Адиб, 2005,

• Бародарони ҷонӣ. — Душанбе, Ирфон, 2005,

• Се кори муҳим ва бахайри устод Садриддин Айнӣ. — Душанбе, Деваштич, 2007,

• Маърифати забон. — Душанбе, СОНДТ, 2008,

• Ақидаҳои адабию бадеӣ ва назари эстетики устод С.Айнӣ. — Душанбе, Дониш, 2008,

• Таҳаввули воҳидҳо ва созмони жанрҳои лирикӣ дар назми форсу тоҷик. — Душанбе, Пайванд, 2010,

• Қубодиён: Сарзамини Тӯс ва Рашкиқамар — Душанбе, Пайванд, 2011 мебошад.

Вай инчунин мураттибу муҳаррири маҷмӯаи мақолаҳо ва китобҳои зиёд мебошад.


Ҷоизаҳо

вироиш
  • ордени «Дӯстӣ» (2001);
  • унвони «Аълочии маорифи Тоҷикистон»
  • Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода

Сарчашма

вироиш

Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 3 — Душанбе, 2003.