Шоҳмурод (Амир) (1749—1800) — амири Аморати Бухоро аз сулолаи Манғития солҳои 1785 – 1800.

Шоҳмурод (Амир)
Таваллуд 1749
Даргузашт 1800
Падар Дониёлбий
Фарзандон Ҳайдар
Эътиқод суннӣ

Сари қудрат омадани Шоҳмурод

вироиш

Пас аз марги Дониёлбий дар ҳамаи мавзеъҳои Аморати Бухоро исён, дар худи Бухоро шӯриши шаҳриён сар зада, ҳазорҳо нафар кушта шуданд. Вазъи сиёсии давлат рӯз аз рӯз бадтар мешуд. Аз ин рӯ, феодалҳои бонуфузи Бухоро писари калонии Дониёлбий – Шоҳмуродро, ки ҳокими Самарқанд буд, ба ҳокимият даъват карданд. Соли 1785 Шоҳмурод дар унвони атолиқ ба сари ҳокимият омад. Пас аз чанде ӯ Абулғозихонро сарнагун карда ба тахт соҳиб шуд, вале аз унвони хонӣ даст кашида, худро амир номид. Шоҳмурод дар солҳои ҳокимияташ (1785 – 1800) дар гирди худ тарафдорону шогирдонашро ҷамъ карда, мавқеи худро мустаҳкаму обрӯяшро баланд мекард. Дар ин давра заминҳои соҳили чапи д. Амуро, ки Нодиршоҳ забт карда буд, ба Аморати Бухоро ҳамроҳ кард. Инчунин ба ҳайати Аморати Бухоро қисми зиёди заминҳои Туркманистони ҳозира, ки марказаш Марв буд, шомил шуданд. Сиёсати берунии давлат низ тағйир ёфт. Акнун Шоҳмурод ба ҷанг бо Эрон тайёрӣ медид.

Салтанати амир Шоҳмурод

вироиш

Аҳди салтанати амир Шоҳмурод дар таърихи сулолаи Манғития давраи нисбатан устувор гардидани Аморати Бухоро ба шумор меравад. Шоҳмурод бо мақсади бартараф намудани норизояти умумӣ, ки дар вақти ҳукмр. падараш пайдо шуда буд, ислоҳоти молиявӣ, маъмурӣ, судӣ ва ҳарбӣ ҷорӣ намуд. Вай фақат андозҳои шаръӣ, монанди хироҷ ва закотро боқӣ монда, дигар ҳамаи молиёт, боҷ ва ҷаримаҳоро барҳам дод, лекин ба ивази ин ҷизя – андози аз қавмҳои ғайримусулмон ситондашавандаро хеле зиёд кард. Ба ин восита ӯ рӯҳониёнро ҳомии худ карда, дар роҳи мустаҳкам намудани ҳокимияти худ аз нуфузи онҳо истифода мебурд. Ислоҳоти пулие, ки ӯ дар оғози ҷулуси худ гузаронд, барои ҳаёти иқтисодии Аморати Бухоро аҳамияти калон пайдо намуд. Хонҳои сулолаи Ҷониён ва сипас аввалин амирони манғит сиккаҳои нуқраи камиёр бароварда, аз тафовути қурби расмӣ ва амалии ин сиккаҳо фоидаи зиёд ба даст меоварданд. Шоҳмурод шакли зоҳирӣ, ҳаҷм ва вазни сиккаҳоро тағйир дода, онҳоро аз нуқраи пуриёр баровард. Ин ислоҳоти пулӣ бар тибқи талаботи айнии иқтисодиёт ба вуқӯъ пайваста, ба ривоҷу равнақи тиҷорат мусоидат намуд.

Бо мақсади афзудани иқтидори ҳокимияти марказӣ Шоҳмурод ҳокимони вилоятҳоро аз кор барканор карда, ба ҷойи онҳо ҳокимони нав, ба ҳар шаҳру деҳа қозӣ таъйин намуд. Ӯ умури маҳкамаро ба тартиб дароварда, рисолае доир ба ҳуқуқ таълиф намуд, ки қозиҳо чун дастур истифода мекарданд. Тибқи он агар касе нисбати моликияте ҷиноят содир кунад, сахттарин ҷазоро сазовор мегашт. Чунин тадбирҳо як андоза пеши роҳи ғорату тороҷҳоро гирифта, ба манфиати аҳолӣ буданд; барои роҳзанӣ сар аз тан ҷудо мекарданд ва барои дуздӣ дасти ростро мебуриданд.

Шоҳмурод ин чорабиниҳоро таҳти парчами мубориза дар роҳи риояи аҳкоми шариат амалӣ сохта, барои назорати иҷрои онҳо мансаби махсус – раисро (муҳтасиб) ҷорӣ намуд. Хоҷагиҳои воҳаҳои зироатӣ, хусусан, водии Зарафшон, инчунин ҳавзаи д. Аму ва Қашқадарё дубора рӯ ба тараққӣ ниҳоданд. Каналҳои нави обёрӣ акнун на моли феодалҳои маҳаллӣ, балки моли подшоҳӣ маҳсуб мешуданд ва аз ин амал ба хазинаи давлат маблағи муайяне дохил мегардид. Дар натиҷаи пешрафти корҳои обёрӣ раванди ба зиндагонии муқимӣ гузаштани қабилаҳои бодиянишин дар заминҳои навобод қувват гирифт.

Сиёсати амир Шоҳмурод

вироиш

Амир Шоҳмурод қиёфаи дарвеширо гирифта, таассуби диниро ривоҷ медод ва онро дар сиёсаташ истифода менамуд, аз ин рӯ, халқ ба ӯ лақаби «Маъсум»-ро дода буд. Ӯ таҳти шиори «ҷиҳоди муқаддас бар зидди шиъаҳо» чанд маротиба ба Хуросон лашкар кашида бисёр маҳалҳоро тороҷ намуд, аҳолии қобили меҳнатро асир гирифта меовард. Ба ин восита бозори ғуломфурӯшии Бухоро хеле авҷ гирифт. Дар охири асри XVIII Шоҳмурод ба заминҳои Эрон ҳуҷум намуда, дубора Марвро ишғол кард. Пас аз чанде ӯ ба муқобили бародари худ – Умарбий, ки ҳокими Марв буд, муҳориба карда, сарбанди д. Мурғобро тамоман вайрон намуд. Аҳолии ин воҳаро ба Самарқанду Бухоро кӯчонда, дар таъмири харобаҳое, ки аз ҷангҳои пешина ба амал омада буданд, истифода бурд. Шоҳмурод инчунин ба атрофи Ӯротеппа лашкар кашида, аксари аҳолии қобили меҳнати Хуҷанд, Ӯротеппа, Хавос, Зомин ва Ёмро зӯран ба Самарқанд бурда, дар сохтмони бинову иншоот ва обёрӣ истифода бурд. Маҳз бо дасти ин одамон дар Самарқанд 24 масҷид ва дигар иморатҳо сохта шуданд.

Амир Шоҳмурод 29 ноябри с.1800 пас аз 16 соли ҳукмронӣ дар синни 61-солагӣ вафот кард. Ба ҷойи ӯ писараш Ҳайдар (1800 – 1826) ба тахти аморат нишаст[1].

Сарчашма

вироиш
  1. Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - С. 124-125