Закот
Закот (арабӣ: زكاة/زكوة/زكات — покӣ; нумӯ, афзоиш; баракат; хулоса ва баргузидаи чизе) — рукни сеюми бинои ислом, яке аз фароизи Худованд бар мусулмонон ва ибодати молие, ки ба миқдори муайян ва дар шароити хоссе пардохта мешавад; миқдори муайяне аз моли ҳар мусулмон, ки ба ҳукми шаръ онро дар масрафҳои муайяне дар роҳи Худо пардохт менамояд; ҳаққи молие, ки пардохти он дар моли ба нисоб расида шаръан воҷиб мегардад
Закот дар Қуръон
вироишЗакот дар 30 ояти Қуръон ҳамроҳи намоз ва дар оятҳое бо калимаи «садақа» ё «садақот» зикр гардида, бино ба фармудаҳои он, пок сохтани нафси муъминон [1], баҳрамандии оммаи мардум аз молу дороӣ, пешгирӣ аз эҳтикор ва андӯхта шудани мол дар дасти ҷамъе аз сарватмандон [2] ва ба вуҷуд овардани низоми устувори молӣ аз ҳадафҳои ташреи он ба шумор рафта, нишонаи имондорӣ [3], мӯҷиби ҷалби раҳмати Худованд [4] ва сабаби растагорӣ дар охират[5] дониста шудааст. Аз ривоятҳои гуногуне, ки аз расули Худо (с) нақл шуда ва аз амалкарди хулафои рошидин бармеояд, ки «касе аз пардохти закот ҷилавгарӣ кунад, аз дин хориҷ аст». Аз он ҷо ки раванди фарзияти закот ба мисли баъзе фароиз ва аҳкоми дигари шаръ ба тадриҷ сурат гирифта, дар марҳалаҳои аввал сарфи мол дар роҳи Худо аз инфоқҳои ҷавонмардона ва пардохтҳои мандуби молӣ дар аҳди Макка оғоз ва тадриҷан пас аз ҳиҷрат дар пардохти ҳаҷми муайяне аз мол дар шароити махсус ба таври воҷиб қарор гирифт, уламои ислом дар ибтидои таърихи фарз гардидани он ихтилофи назар доштаанд. Ба андешаи аксари онҳо закот соли 8-уми пас аз ҳиҷрат фарз гардида, расули Худо (с) соли 9-ум коргузорони молӣ ва омилони худро ба атрофи Арабистон барои ҷамъоварии молиёти закот равона кард. Ба гуфтаи мураттибони «ал-Мавсӯату-л-исломияту-л-омма» ва баъзе донишмандони дигар, ба мисли Ибни Касир, закот соли 2-юми ҳиҷрӣ фарз гардидааст ва ба ақидаи Ибни Хузайма бо истинод ба сухани Ҷаъфар дар посухи суоли Наҷҷошӣ, ки шуморо ба чӣ корҳое амр мекунад: Моро ба намоз, закот ва рӯза амр мекунад, пеш аз ҳиҷрат фарз гардидааст. Ҷумҳури уламо сухани Ҷаъфарро амри умумӣ ва марбут ба умуми садақот ва инфоқҳои табарруъӣ донистаанд, на ба закоти дорои нисоб ва шароити махсус. Закот дар Қуръон дар оятҳое бо калимаи «садақа» ё «садақот» чунин зикр гардидааст:
Таърихи закот
вироишГарчи ислом қонунҳои комили иҷтимоӣ ва низоми фарогири молие барои ҷомеа оварда, ки дар тамаддунҳо ва адёни гузашта назире надоранд, вале закот, ба мисли намоз ва рӯза, асле муштарак байни тамоми динҳои осмонӣ аст, ҳатто дар тамаддунҳо ва низоми давлатдориҳои ғайри динӣ, ба мисли Руми қадим, Ирони бостон ва ғ., низ ба навъе низоми молӣ ва системаи ҷамъоварии молиёт вуҷуд дошта. Ба фармудаи Қуръон, закот бар тамоми анбиёи пешин ва пайравони динҳои қабл аз ислом низ фарз буда [6][7], гарчи дар бораи миқдор, ҳаҷми нисоб, навъи амволе, ки закот ба онҳо тааллуқ мегирифит ва тафосили дигари он гузорише дода нашудааст. Калимаи закот аз тариқи тоторҳо ва дигар ақвоми мусулмони сокини Русия ба шакли «закат» ва «закят» вориди забони руссӣ гардидааст. Дар миёни яҳудиён инфоқи диние шабеҳи садақа ва закотро дар ислом вуҷуд дорад, ки ба ибронӣ онро зокут мегӯянд
Закот дар ислом
вироишЗакот ҳамроҳ бо дигар пардохтҳои молӣ асоси низоми иқтисодии исломро ба вуҷуд оварда, дорои ду буъди амалӣ ва маънавӣ аст. Дар буъди амалиаш зоҳиран маҷмӯи закотдиҳандагон, мустаҳиққон ва молҳои затотро таҷассум ёфта, амалияи молӣ ва навъе тақсими сармоя миёни қишрҳои як миллат ба назар мерасад, вале аслан чархҳои азими иқтисодеро ба гардиш дармеоварад ва ҳаракати пайвастаи таърихиеро дар уммати ислом ба вуҷуд овардааст. Илова бар ин, он миқдоран ва моҳиятан ба гунае тарҳрезӣ гардидааст, ки на бар сарватмандон ва соҳибони сармоя сангинӣ мекунад, зеро он миқдори ночизе аз молу сармояи онҳо – ҳудудан дувуним (2,5) дар сади онро дар бар мегирад ва на обрӯ ва номуси мустаҳиққон мавриди иҳонат қарор мегирад ва миннат ё зиллати талбандагиро барои онҳо бор меоварад, зеро он ҳаққи Худованд ва фаризаи молие аз сӯи Ӯ таъоло аст. Дар буъди маънавӣ, закот аз назари равоншиносӣ ва арзиши моддие, ки дорад, миёни закотдиҳандагон ва закотгирандагон – ду қишри муҳим ва бойу камбағали ҷомеа алоқаи дуҷониба, фазои таотуфу ҳамдардӣ, таовуну ҳамкорӣ, авотифи нек нисбат ба якдигар ва эҳтироми мутақобиларо ба вуҷуд меоварад ва.бо ҳамин амният ва заминаҳои шукуфоии иқтисоди кишвар ва рушди молии сармоядорони дохилӣ таъмин ва барои он фазои муносибе дар ҷомеа ба вуҷуд меояд.
Закот ва дигар пардохтҳои молӣ дар ислом фавоиди зеринро ба бор меоварад: а) Нафси одами сарватмандро аз палидиҳои бухлу тамаъ ва тангчашмию дунёпарастӣ пок мегардонад ва нафси камбағалро аз ҳасадварзию адоват ва орзуи заволи неъмати дигарон раҳо месозад, б) манофеъи умумиеро, ки зиндагӣ ва саодати мардум дар гарави онҳост, таъмин менамояд, в) дар шахси сарватманд эҳсоси масъулият нисбат ба қишри ниёзманд ва камбағали ҷомеа ба вуҷуд меоварад, г) барои сарватҳо ва боигарие, ки дар ихтиёри сарватмандон, тоҷирон ва сармоядорон қарор дорад, ҳадду андозае ба вуҷуд меоварад, то молу сармоя дар ихтиёри табақаи хоссе (элитаи он) қарор надошта ва танҳо дар миёни онҳо даст ба даст нагардад, балки дигар қишрҳои ҷомеа низ аз он баҳраманд бошанд, ғ) аз ҳама муҳимтар, пок гардидани молу дороии шахси сарватманд ва рушду нумӯи он аст, ки бо додани закот ва дигар пардохтҳои молӣ барояш ҳосил мегардад ва ба хайру пешрафти худи ӯ меанҷомад.
Дар садри ислом саҳобагони бузурги расули акрам (с) бо сарварии халифаи аввал Абӯбакри Сиддиқ (р) тоифае аз мардуми арабро, ки аз додани закот сар боз зада буданд, дар ҷумлаи хориҷгаштагони аз дини Худо дониста, бар зидди онҳо ба мубориза бархостанд. Онҳо танҳо аз додани закот сар боз зада буданд, вале дигар рукнҳо ва асосҳои исломро қабул доштанд, бо ин вуҷуд аз ислом хориҷ ва бар зидди онҳо мубориза эълонг ардид.
Мавридҳои закот
вироишЗакот бар панҷ навъ молу дорои шахси мусулмон воҷиб мегардад: 1. нақдинаҳои муомилотии тило, нуқра, искиносҳо (пулҳои коғазӣ, авроқи баҳодор ва сиккаҳое, ки давлатҳо бо солоҳдиди иқтисодии худ ҷорӣ месозанд) ва ашёи қиматбаҳое, ки аз тило ва нуқра сохта шудаанд, ба монанди зеваролот, василаҳои ороишӣ ва ғ., 2. баҳиматуланъом – чаҳорпоёни хонагӣ ва сарватҳои ҳайвонӣ, ба монанди шутур, гов, гӯсфанду буз ва асп, закоти молҳои тиҷоратӣ ва он тамоми амволи манқул ва ғайриманқули шахсро, ки дар он қасди хариду фурӯш ва тиҷоратро дошта бошад, дар бар мегирад, 4. маҳсулоти зироатӣ, ба монанди гандум, ҷав ва ғайра, меваҷот, ба монанди ангур, хурмо ва ғайра ва ҳосили асал, ки ба закоти онҳо ушр гуфта мешавад ва 5. канданиҳои фоиданок (маъданҳо), сарватҳои зеризаминӣ ва рӯизаминии табиат, бозёфтҳои ганҷӣ ва дигар ашёи нодир. Ин навъ дар фиқҳ зери унвони «маъданҳо» баён мешавад. Имрӯз навъи дигари моликият бо номи саҳмияҳои ширкатҳо пайдо шуда ва ба навъҳои қаблӣ афзудааст.
Закот вақте фарз мегардад, ки мол 1. нумӯкунанда бошад, яъне қобилияти афзоиш ва рушди иқтисодиро дошта бошад. Дар тамоми навъҳои панҷгонаи молҳо ин ҳолати афзоишёбандагӣ дар назар гирифта шудааст. Нақдинаҳои муомилотӣ, яъне тило ва нуқра ва дигар мулҳақоти он хилқатан барои афзоиши молӣ ва гардиши чархҳои иқтисодиёт офарида шудаанд. Бинобар ин, агар онҳо ба сурати пасандоз, берун кардани аз гардиши иқтисодӣ ё истифода ва нигаҳдошти нодурусти он ҳолати таҷмид (бекор хобидан) ва истои (беафзоиши)-ро ба худ гирад ҳам, вақте шартҳои дигари фарзияти закот дар он таҳаққуқ ёфта бошанд, закоти он воҷиб мебошад.
Молҳои тиҷоратӣ бо муомилаи бозаргоние, ки дар онҳо сурат мегирад, шароити рушди иқтисодӣ ва афзоиши молии шахси тоҷирро фароҳам меоваранд. Сарватҳои ҳайвонӣ низ вақте барои наслгузорӣ ва фарбеҳӣ парвариш мешаванд, бо афзоиши саршумор ва фарбеҳӣ рушду нумӯ меёбанд, 2. ба нисоби том – миқдор ва ҳадди муайяне, ки барои вуҷуби закот дар онҳо аз сӯи шаръ пешбини шудааст, бирасад. Вақте моли нумӯкунанда аз ҳадди нисоби том камтар бошад ё аз ҷумлаи ниёзҳо ва заруриёти зиндагӣ бошад, гарчи арзиши он ба нисоб бирасад ҳам, закот дар он воҷиб намегардад, ба мисли хӯрок ва пӯшоки зарурӣ, заруриёти хона, монанди косаю табақ, қолин ва ғайра, василаҳои нақлия дар ҳадди зарурат, хонаҳои истиқоматӣ, китобҳои мавриди ниёз ва ғайра.
3акот дар моликияти пурраи (томми) закотдиҳанда қарор дошта ва ҳаққи касе ба он таллуқ нагирифта бошад, яъне мол дар дасти соҳиби худ қарор дошта, дар он озодона ва ба ихтиёри худаш тасарруф намояд, фоидаи он ба соҳибаш баргардад. Бинобар ин, дар моли вақфӣ, дар моли қарздодашудае, ки умеди бозпардохти он аз тарафи қарздор вуҷуд надошта бошад, дар моле, ки соҳибаш озодона ва ба ихтиёри худ дар он ҳаққи тасарруф надошта бошад, ба монанди моли ба гарав мондашуда ва моле, ки дар моликияти он ихтилоф бошад, закот фарз нест.
Агар закот бар шахсе фарз гардида, вале қарздор ҳам бошад, агар миқдори қарзаш ба андозаи тамоми молаш бошад, закот аз вай соқит мегардад, вале агар молаш бештар аз миқдори қарзаш бошад ва ин моли зиёд ба ҳадди нисоби том бирасад, пас закот бар он миқдораш тааллуқ мегирад. Закот бар моли гумшуда низ тааллуқ намегирад, 2. як соли қамарӣ (моҳтобӣ) бар соҳиби нисоб гардидани шахс гузашта бошад ва дар тайи ин муддат ва ё лоақал дар ду тарафи сол он мол дар ҳадди нисоб дар мулки пурраи соҳибаш боқӣ монда бошад. Паёмбар (с) мефармояд: «Дар ҳеч моле закот воҷиб намегардад, то он ки соле бар вай бигузарад»[8][9]. Бинобар ин, агар касе дар муддати камтар аз як сол соҳиби нисоби пурра бошад, вале пеш аз пур шудани сол моли худро аз даст диҳад ё молаш аз ҳадди нисоб камтар гардад, закот бар вай воҷиб намешавад. Вақте соли қамарӣ пурра ба поён расад, баровардани закот бар вай фарз мегардад. Дар солҳои баъдӣ, дар ҳамон таърихе, ки бори аввал закоташро дода буд, пардохтани закот бар вай фарз мегардад. Аксари мусулмонон моҳи рамазонро барои адои закоти худ ихтиёр кардаанд, ҳарчанд моҳҳои дигар низ боке надоранд.
Барои дуруст гардидани адои закот ва соқит шудани он аз зиммаи шахс ду чиз: тамлик ва ният шарт аст. Шахси закотдиҳанда бояд ҳангоми пардохтани закот ё дар вақти ҷудо намудани миқдори закот аз асли молаш нияти ба ҷой овардани закотро намояд. Агар ба касе миқдоре мол диҳад, вале дар он нияти ба ҷой овардани фарзи Худоро нанамояд, фарзияти закот аз зиммааш соқит намегардад. Тамлик бошад, таслим намудани закоти мол ба мустаҳиққи воқеӣ мебошад.
Бинобар ин, назди ҷумҳури уламои аҳли суннат ба ҷои миқдори закот аз қарзи худ гузаштан закот ба шумор намеояд. Зеро дар ин ҳолат шарти тамлик ва ният ба таври дуруст таҳаққуқ намеёбанд. Масалан, сарватманде дар гардани шахси фақире қарз дошта бошад ва ҳангоми баровардани закоти дигар молҳояш ҳамон қарзро ё миқдоре аз онро ба ҷои закоташ ба он фақир бибахшад, закоташ адо намеёбад. Зеро вай бояд закоти моли дар дасташ бударо бо миқдори муайяне адо намояд, то ҳам шарти тамлик ва ҳам ният дар ҷои худ таҳаққуқ ёбанд ва дар моле, ки кайҳо аз дасташ хориҷ гаштааст, ин шартҳо амалӣ намегарданд. Вале агар ҳамон шахси сарватманд закоташро ба он қарздор диҳад, сипас аз вай талаб намояд, ки онро дар ивази қарзаш баргардонад, дуруст мешавад.
Ҳамчунин, агар қарзҳои фақиреро, ки аз дунё гузаштааст, аз ҳисоби моли закот пардохт намояд, фарзи закоташ дуруст намегардад. Зеро шарти тамлик дар он таҳаққуқ наёфтааст. Вале агар қарзҳои фақири зиндаеро бо амри ӯ бипардозад, закоташ дуруст мегардад. Ҳамчунин, агар хонаи худро ба шахси фақире ба иҷора дода бошад ва ба ҷои закоти молаш аз баҳри иҷорапулии якмоҳа ё чандмоҳаи он фақир бигузарад, закоташ адо намегардад. Зеро барои дуруст гардидани закот тамлики айнӣ шарт аст, дар мавриди боло тамлике сурат нагирифтааст.
Бар асоси таълимоти ислом, закот бар мусулмоне воҷиб мешавад, ки озод бошад, болиғ бошад, оқил бошад, молики комилу-л-ихтиёри нисоби том бошад, як соли қамарӣ бар молаш бигузарад, яъне як сол молики он шуда бошад. Бинобар ин, моли гумшуда аз тааллуқи закот хориҷ аст.
Закот ибодат аст ва бе ният адо намеёбад. Бинобар ин, бояд онро ба нияти закот ва бо қасди қурбат пардохт намояд. Ниятро метавонад ҳангоми пардохти закот ё ҳангоми ҷудо кардани миқдори закот аз молаш ба ҷой оварад.
Шахсе, ки тамоми молашро садақа мекунад, пардохти закот аз зиммаи ӯ соқит мешавад, ҳарчанд нияти закотро дар он накарда бошад.
Баёни навъҳои закот дар Қуръон
вироишҚуръон ба баёни навъҳои молҳое, ки дар онҳо закот воҷиб мегардад, камтар пардохта, танҳо як-ду мавриди онро ба таври умумӣ баён намудааст. Аз ҷумла, дар оятҳои зерин: «Ва Ӯст он Худое, ки боғҳои бардошташуда бар пояҳо ва ғайри бардошташуда ва ҳамчунин, дарахтони хурмо ва киштзорҳое офаридааст, ки меваҳои гуногун доранд. Ва низ дарахтони зайтуну анорро (дар баъзе сифатҳо) ба ҳам монанд ( ва дар баъзе сифатҳо) мутафовит офаридааст. Ҳангоме ки онҳо бор оварданд, аз меваашон бихӯред ва рӯзи дарав ва чиданашон ҳаққи (закоти) онҳоро бидиҳед. (Ва дар хӯрдани онҳо) исроф накунед! Зеро Худованд исрофкоронро дӯст намедорад»[10], ба закоти маҳсулоти зироатӣ ва меваҷот, «Ва касоне, ки зару сим (тилову нуқра) меандӯзанд ва аз онҳо дар роҳи Худо инфоқ наменамоянд, онҳоро ба азобе дарднок мужда бидеҳ»[11], ба закоти тило ва нуқра ва «Эй касоне, ки имон овардаед! Аз молҳои поке, ки касб кардаед ва аз он чи барои шумо аз замин берун овардаем инфоқ намоед»[12], ба даромадҳои молие, ки шахс аз тарики касб ва ғайра ба даст меоварад, ишора кардааст. Вале дар мавриди навъҳои гуногуни молҳои закот калимаи «амвол»-ро ба кор бурдааст, ки тамоми дороиҳои нақдӣ, сарватҳои ҳайвонӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, молҳои тиҷоратӣ ва дигар моликияти инсонро дар бар мегирад.
Масрафҳои закот
вироишАз миқдори нисоби навъҳои гуногуни мол, ҳаҷми пардохти закот ва шартҳои фарзияти он дар суннати расули Худо (с) баён гардидаанд ва фақеҳони киром он ҳамаро ба сурати аҳкоми тафсилии закот тақсимбандӣ намудаанд. Аммо масрафҳо – ҷоҳои сарф, мустаҳаққон ва мавридҳое, ки закот бояд дар он сарф шавад, дар Қуръон ба таври мушаххас баён гардидаанд:
«Садақот (закот) танҳо барои фақирон, мискинҳо, коргузорони он, муаллафатулқулуб ва дар ҳаққи бандагон, қарздорон, дар роҳи Худо ва дар мусофири дармонда аст. Ин фаризаи илоҳист ва Худованд донову ҳаким аст»[13]
Дар ин оят ҳашт мавриди зерин мушаххасан масрафи закот ва меҳвари доираи сарфи он дониста шудаанд: Фақир – касе, ки моли ӯ камтар аз ҳадди нисоб мебошад, мискин – касе, ки ҳеч чизе надошта бошад, омили закот: касе, ки аз тарафи имоми мусулмонон ё ноиби ӯ масъули ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ ва тақсими закот таъйин шудааст. Он гоҳ имом ба андозаи кораш аз молҳои закот ба ӯ ҳаққи хидмат медиҳад, барои озод кардани бардагони мукотаб – ғуломе, ки озодии худро аз мавлояш бо китобат мехарад, барои қарздоре, ки қарзи худро наметавонад пардохт намояд, дар роҳи Худо ва он назди имом Абӯҳанифа шомили онҳое аст, ки дар роҳи Худо ба ҷиҳод баромада, аз ҷамоат ё гурӯҳи хеш ҷудо шуда ва ба нафақа эҳтиёҷ дошта бошанд, мусофире, ки дар сафар дармонда аст ва харҷи баргашт ба ватанро надорад, ҳарчанд дар ватани худ ғанӣ бошад, барои муаллафату-л-қулуб – онҳое, ки ба василаи закот ба ислом ва мусулмонон улфат дода мешавад, яъне дилгарм ва ҳавасманд гардонида мешаванд, ба монанди ғайримусулмонон, ки агар ба онҳо кумаке шавад, ба дини ислом моил мешаванд ё дар ҷанг ба мусулмонон кумак мекунанд. Фақирон ва мискинҳо дар он аввалин қишри мустаҳаққони закотро ташкил медиҳанд.
Закот ба ашхоси зерин ҷоиз нест
вироишДодани закот ба ашхоси зерин ҷоиз нест: 1. Ба хешовандоне, ки миёни онҳо ва закотдиҳанда қаробати вилодат (насаб) ё заношавҳарӣ вуҷуд дошта бошад: а) асли ӯ, ба монанди падару модар, падаркалон, модаркалон, б) фаръи ӯ, ба монанди фарзандон, набераҳо ва монанди инҳо. Ба хешовандони дигар ғайр аз инҳо додани закот ҷоиз ва хуб аст, 2. зан ба шавҳар ё шавҳар ба зан, 3. ба зердастони худ (ғуломон ва хидматгорон дар гузашта), 4. ба бандае, ки нисфи пул барои озодии ӯ дода шудааст, 5. ба шахси сарватманд, фарзандон ва зердастони вай, зеро онҳо ҳанӯз дар кафолати падарашон мебошанд ва бо моли ӯ сарватманд ба шумор меоянд, 6. ба банӣ Ҳошим, ҳарчанд фақир ва мискин бошанд. Банӣ Ҳошим иборатанд аз авлоди Алӣ, авлоди Ҷаъфар, авлоди Ақил, фарзандони Аббос (ба қавли Кархӣ) ва авлоди Ҳорис ибни Абдулмутталиб. Додани закот ба маволи (ғуломони озодкарда)-и бани Ҳошим низ дуруст намебошад. Зеро паёмбар (с) фармудааст: «(Гирифтани) садақа (закот) барои мо ҳалол нест ва маволии қавм аз худи онҳо ба шумор мераванд»[14][15][16] Дар ҳадиси дигаре мефармояд: «Ин садақа (моли закот) чирки (моли) мардум аст ва он барои Муҳаммад ва хонадони Муҳаммад ҳалол намебошад».[17][18][19] Дар Саҳеҳи Бухорӣ низ ба монанди ин ривоят шудааст. 2055), 7. ба аҳли зимма, ҳарчанд фақир ва мискин бошанд. Зеро закот ибодат аст ва он дар ғайри мусулмон дуруст намегардад. Паёмбар (с) вақте Муъозро ба ҳайси коргузори худ ба Яман фиристод, дар зимни тавсияҳояш ба ӯ фармуд: «… Пас онҳоро хабар деҳ, ки Худо бар онҳо закоти молро фарз гардонидааст, ки аз сарватмандонашон гирифта ва ба камбағалонашон дода мешавад»[20] 1496, 4347, 7371, 7372.</ref>[21] яъне аз мусулмонони сарватманд гирифта ва ба қишри муҳтоҷи онҳо дода мешавад.
Назди Абӯҳанифа ва ҳанбалиён закот додани зан ба шавҳараш ҷоиз нест, вале назди имомайн, шофеъиён ва моликиҳо закот додани зан ба шавҳар ва фарзандонаш ҷоиз мебошад, зеро нафақаи онҳо бар зиммаи зан намебошад ва дар ҳадисе, ки онро Бухорӣ ва Муслим ривоят кардаанд, низ ин амр ҷоиз дониста шудааст. Зайнаб, ҳамсари Абдуллоҳ ибни Масъуд ривоят мекунад, ки: «…Ӯ ва зани ансорие Билолро назди расули Худо (с) фиристоданд, то аз вай бипурсад, ки оё додани садақа (закот) ба шавҳаронашон ва ятимоне, ки дар канори онҳо ҳастанд, ҷоиз аст? Вале нагӯяд, ки онҳо кистанд. Он Ҳазрат (с) аз Билол пурсид, ки онҳо кистанд? Гуфт: як зани ансорӣ ва Зайнаб. Боз пурсид: Кадом Зайнаб? Гуфт: Зани Абдуллоҳ. (расули Худо (с) фармуд: (Оре), барояшон ду аҷр аст: ҳам аҷри хешовандӣ ва ҳам аҷри закот».[22][23] Дар ривоят дигар омада, ки Зайнаб (ҳамсари Абдуллоҳ) ба расули Худо (с) гуфт: «Ман зани косиб ва ҳунарманд ҳастам ва дасмояамро мефурӯшам, вале фарзандон ва шавҳарам чизе надоранд. Ман ба нигоҳубини онҳо машғул гашта, аз садақа (ба дигарон) боз мондам. Оё дар бораи онҳо бароям аҷре ҳаст? Фармуд: Оре, дар ин кор бароят ду аҷр аст: яке аҷри садақа ва дигаре аҷри силаи раҳм»[24][25] Имом Абӯҳанифа ин ҳадисҳоро ба садақоти нафлӣ марбут медонад, зеро дар ривояти охир фарзанд зикр гардидааст, ки закоти фарзӣ ба вай бо иттифоқи ҳама ҷоиз нест).
Дар мазҳаби Ҳанафӣ додани закот ба кӯдаки ноболиғ ва девона низ ҷоиз нест, вале агар аз ҷониби онҳо падар, сарпараст ва ғайри онҳо моли закотро қабз намояд, дуруст аст. Шофеъиён рашид ва пухта будани закотгирандаро низ шарт донистаанд, яъне ба иловаи оқил ва болиғ буданаш боз дар мол ба дурустӣ тасарруф карда тавонад. Зеро Худованд мефармояд: «Аз он молҳоятон, ки Худованд ҳаққи сарпарастӣ ва назорати онро ба шумо вогузоштааст, сафеҳон (ва нопухтагон)-ро надиҳед…»[26]. Ҳанбалиён бошанд, додани закотро барои хурду бузург ва кӯдаку калонсол ҷоиз донистаанд, вале сарпараст ва валии онҳо бояд моли кӯдак ва девонаро қабз намояд.
Закоти молу дорои дар фиқҳ
вироишДар фиқҳ молу дороие, ки аз онҳо закот дода мешавад, ба ду қисм тақсим шудааст. Қисме амволи зоҳир ба шумор мераванд ва шариат ба коргузорони ҷамъи молиёти закот ҳисобот ва ҷамъоварии онро иҷозат додааст. Назди фуқаҳои ҳанафӣ танҳо чаҳорпоён ва ҳосили зироату мева ба амволи зоҳир дохил мешаванд. Қисми дуюм молҳои ботин ё пӯшида мебошанд ва шариат ба коргузорони ҷамъоварии молиёти закот ҳаққи таҷассус, таҳқиқ ва гирифтани закоти онҳоро надодааст, балки пардохти закоти онҳо ба ихтиёри худи соҳибони мол гузошта шудааст. Ин навъи молҳо шомили нақдинаҳои тилову нуқра, ҷавоҳирот, пулҳо ва молҳои тиҷоратӣ мегардад.
Аммо вақте молҳои тиҷоратӣ ва нақдинаҳо аз шаҳре ба шаҳре ё аз сарзамине ба сарзамини дигаре интиқол дода шаванд, аз моли пӯшида ба моли зоҳир табдил меёбанд ва ушргире, ки дар нуқтаҳои ушргирӣ (гумрук) истодааст, закоти онҳоро, агар қаблан пардохт нашуда бошад, мегирад. Ушргири давлат вақте ҳаққи дарёфти закоти ин молҳоро дорад, ки давлат амнияти интиқоли онҳоро комилан таъмин намояд.
Ушри зироат ва мевае, ки тез вайрон мешавад ва имкони ҳифз ва нигаҳ доштани он дар анборҳои давлат вуҷуд надошта бошад, агар аз чунин нуқтаҳои ушргирӣ интиқол ёбанд, низ ба соҳиби он вогузор мегардад.
Ривоят шудааст, ки: «Умар ибни Абдулъазиз ба ушргири худ Зурайқ навишт: Нигоҳ кун, касе аз мусулмонон аз пешат гузашт, аз молҳое, ки дар гардиши тиҷорати худ дорад ва зоҳир гаштааст, аз ҳар чил динор як динор закот бигир»[27][28][29].
Рикоз низ аз ҷумлаи молҳои ботин ва пӯшида ба шумор меравад. Ошкор ва пӯшида будани молҳое, ки дар онҳо закот воҷиб мешавад, ба маънои намоён будан ё набудани онҳо дар чашми мардум нест, балки он ба маънои ин аст, ки баъзе аз дороиҳои шахс бештар дар маърази нобудӣ ва хатар қарор доранд, ба монанди чаҳорпоён, киштзорҳо, боғҳо ва ғ. ва вақте давлати ислом дар таъмини амният ва фароҳам овардани заминаҳои рушди онҳо нерӯ ва хароҷоти бештаре сарф менамояд, ба вай ҳаққи назорат, ҳисобот ва ҷамъоварии закоти онҳо дода шудааст.
Вақте закот ва ушри ин чизҳо ҷамъоварӣ мешавад, бояд дар байни фақирон ва камбағалони ҳамон минтақа ва деҳа тақсим карда шавад. Дар сурати пайдо нашудани мустаҳиққи закот он ба хазонаи марказии давлат фиристода мешавад.
Дар айни ҳол дини ислом ҳуқуқи моликияти шахсиро низ барои соҳибонашон ҳифз намудааст. Агар онҳо закоти ин навъ молу дороии худро қабл аз омадани кормандони ҷамъоварии молиёт пардохт намоянд, давлат дигар дар моли онҳо дахолате надорад. Дар бахши дигари моликияти хусусӣ – молу дороиҳои пӯшида, вақте давлати ислом дар ҳимояи он заҳмати зиёде намекашад, ислом ба он ҳаққи тасарруф надодааст, ҳаққи пардохти закоти онҳо комилан ба соҳибонашон вогузор гардидааст.
Закот пас аз вафоти шахс
вироишВақте банда таклифҳо ва масъулиятҳои шаръии худро дар пешгоҳи Парвардгор, ба монанди намоз, закот ва ғ., адо нокарда, аз дунё гузарад, дар бораи ин ки оё пас аз марги вай он қарзҳои илоҳӣ ба молу дороии ба меросгузоштааш тааллуқ мегиранд ва аз он пардохт мешаванд, ё не, дар байни мактабҳои фиқҳии аҳли суннат ду нуқтаи назар вуҷуд дорад. Яке он ки тамоми масъулиятҳои динӣ ва қарзҳои илоҳии ӯ ба ворисонаш интиқол меёбанд, бояд аз ҷониби онҳо ба ҷой оварда шаванд ва агар қарзи молӣ, ба мисли закот бошанд, аз моли шахси фавтшуда пеш аз таракаи он пардохта шаванд.
Аммо назари бузургони мазҳаби ҳанафӣ он аст, ки он чи байни банда ва Худо қарор дорад ва аз ҷумлаи ҳуқуқҳои Худованд бар бандагонаш ба шумор меравад, пас аз марги шахс ба куллӣ қатъ мегардад ва дигар касе наметавонад онро аз ҷониби вай анҷом диҳад. Зеро он аъмол ва масъулиятҳои шаръӣ ба ният зарурат доранд ва ният аз ҷониби шахси даргузашта дуруст намегардад. Вале он чи ба ҳуқуқи бандагон тааллуқ дорад, ба монанди муомилоти қарзӣ, ба моли вай тааллуқ пайдо мекунад ва бояд пеш аз тарака пардохта шавад.
Агар пеш аз вафот ба додани закоташ васият намояд, дар ин сурат он ба сулс (сеяк)-и молаш таъаллуқ пайдо мекунад ва бар ворисон аст, ки онро пеш аз тарака пардохт намоянд.
Гурез аз пардохти закот
вироишГурез аз пардохти закот ва дигар ҳуқуқҳои молии Худованд ва ба кор бурдани ҳилаҳо барои халос намудани худ аз пардохти онҳо хилофи имони ба Худо ва ба рӯзи охират аст ва ба бандаи муъмин намесазад, ки ба чунин василаҳое даст занад ва саъй намояд, то аз ҳуқуқҳои Худованд шона холӣ кунад.
Имом Абӯюсуф (р) дар китоби худ «ал-Хироҷ» мефармояд: «Барои шахсе, ки ба Худо ва ба рӯзи охират имон дорад, ҳалол нест, ки аз пардохти закот худдорӣ намояд ва ё онро аз мулки худ хориҷ ва ба моликияти дигарон дароварад, то сарвати ҷамъомада дар миёни чанд нафар тақсим гашта, аз ҳадди нисоб поён шавад ва закот аз вай соқит гардад. (Масалан) шутурҳо, говҳо, гӯсфандон (ва дигар дорои)-и худро (пеш аз тамом шудани сол) дар миёни (фарзандон ва ё наздиконаш) тақсим намояд, то закот бар вай воҷиб нагардад. (Бандаи муъмин) набояд дар соқит намудани закот бо ягон ваҷҳ ё василае ҳиларо ба кор барад»[30].
Тавсияҳои умумӣ
вироишВақте моли закот дар дасти соҳибаш ё дар дасти намояндааш пеш аз расидан ба мустаҳиқ талаф ёбад, закот аз зиммааш соқит намегардад, бояд онро аз сар пардохт намояд. Аммо агар онро корманди ҷамъоварии молиёт дарёфт намуда бошад, вале пеш аз расонидани он ба мустаҳиқ талаф ёбад, дар ин сурат закот аз зиммаи закот-диҳанда соқит шудааст. Ва корманди ҷамъоварии молиёт низ, агар онро қасдан талаф надода бошад, зомин намегардад.
Бе зарурат ба таъхир андохтани закот дар меъёри арзиши шахсияти инсон таъсир дорад, вай гунаҳгор ва мардудушшаҳодат мегардад, яъне бо ба таъхир андохтани пардохти закот дар ҷумлаи фосиқон дохил мешавад ва дигар шаҳодати вай пазируфта нест. Зеро пардохти закот бинобар зоҳири ривоят дар мазҳаб воҷиби фаврӣ аст. Вале агар таъхири пардохти закот дар натиҷаи интиқоли он ба ҷои дигар сурат гирад, зараре надорад.
Закот бо гузашти вақташ соқит намегардад. Агар шахсе бе ягон ваҷҳи шаръӣ закоти чандсолаашро надода бошад, онҳо аз вай соқит намешаванд, бояд закоти он солҳоро низ пардохт намояд. Ваҷҳҳое, ки дар натиҷаи онҳо закот комилан аз шахс соқит мегардад ва шариат онҳоро мавриди эътибор қарор додааст, мусодира шудани молу мулк, дуздида шудан, гум шудан, аз тарафи касе ғасб шудан ва ғ. мебошанд. Дар ин ҳолатҳо, агар мол пас аз чанд муддате ба соҳибаш баргардад, закоти солҳои гузаштааш аз вай соқит мебошад. Зеро дар ин муддат ду шарти вуҷуби закот: моликияти пурра ва нумӯ дар онҳо вуҷуд надошт.
Вақте шахсе закоти чандсолаашро напардохта бошад, ҳатман саҳми закот низ ҳамроҳи молҳои боқимондааш рушд менамояд, вале мустаҳиққони закот дар фоидаи он шарик намегарданд. Бар гардани молик танҳо пардохти закоти он солҳо аст, бе назардошти он фоидае, ки дар ин муддат аз ҳиссаи закот ба даст овардааст.
Молҳое, ки айнан ҳаром мебошанд, ба монанди худмурда, шароб, хук ва ғ. ё аз роҳҳои ҳаром ва ғайри шаръӣ ба даст оварда шудаанд, ба монанди моли ғасбшуда, моли дуздидашуда ва монанди инҳо, дар онҳо закот воҷиб намешавад. Зеро бандаи мусулмон шаръан ҳаққи истифода аз онҳоро надорад, ки дар сурати аввал моликияти онҳо барои вай ҳаром аст ва дар сурати дуюм онҳо моли ғайр ба шумор мераванд. Агар аз молҳои навъи аввал даромаде ба даст оварда бошад, бояд онро комилан садақа намояд ва худро аз гуноҳи он берун кашад, молҳои навъи дуюмро бояд ба соҳибонашон баргардонад. Ва дар ҳарду сурат истифода аз онҳо барояш ҳалол намебошад ва бар ҳамин асос, закоте ҳам бар вай воҷиб намегардад. Вале агар молҳои ҳалол ва ҳаромаш бо ҳам омехта бошанд ва онҳоро аз ҳам ҷудо карда натавонад, аз ҳамаи онҳо закот медиҳад. Даромаде, ки аз қарзҳои рибавӣ ё аз тариқи ришва (порахӯрӣ) ба даст меояд, низ ҳамин ҳукмро дорад.
Бо тағйир ёфтани нияти шахс дар аснои сол тарзи тааллуқи ҳукми закот ба молу дороии вай низ тағйир меёбад. Масалан, агар саршумори гӯсфандон ва говони соима (чарокунанда)-и шахсе ба нисоб расида бошад, вале дар аснои сол нияташ тағйир ёбад ва онҳоро бо мақсади тиҷорат ба фурӯш бароварад, дар ин сурат ҳисоби соли қаблӣ бекор мешавад ва аз сар ба ҳисоби соли тиҷоратӣ закот бар вай воҷиб мегардад. Яъне аз вақте ки нияти тиҷорат кардааст, агар қимати молҳояш ба нисоб бирасад, соли нави тиҷоратӣ барояш шурӯъ мегардад ва пас аз гузашти як сол закот бар вай воҷиб мегардад. Ҳамчунин, агар нияташ дар бораи гову гӯсфандоне, ки барои тиҷорат харида буд, тағйир ёбад ва онҳоро ба хотири насл ва шир ба сурати соима парвариш диҳад, соли тиҷоратӣ бекор мегардад ва аз нав бояд барои закоти онҳо соли саршумориро ба ҳисоб гирад.
Ҳамин тавр, агар дар аснои сол молҳоеро, ки барои тиҷорат харида буд, барои рафъи эҳтиёҷоти зиндагӣ аз фурӯш бароварад, онҳо ҷузъи ниёзҳои зиндагӣ ба шумор рафта, закот аз онҳо соқит мешавад. Баръакс, агар молу хӯрока ва ашёи дигареро, ки барои таъмини ниёзҳои зиндагӣ харида буд, бо мақсади тиҷорат ба фурӯш бароварад ё манзили изофиашро ба фурӯш гузорад, агар қимати онҳо ба нисоб бирасад, аз вақте, ки дар онҳо нияти тиҷорат намудааст, соли тиҷоратӣ дар онҳо шурӯъ мегардад ва пас аз гузашти як сол бояд аз онҳо закот диҳад. Агар қимати онҳо ба нисоб нарасад, дар сурате ки пули дигаре дошта бошад, онҳоро бо ҳам ҷамъ менамояд ва вақте ҳамааш ба нисоб бирасад ва соле бар он бигузарад, аз онҳо закот медиҳад. Аммо, агар онҳоро на барои тиҷорат, балки барои ҳоҷате бифурӯшад ва пули онро дарҳол дар он сарф намояд, дар он чизе воҷиб намешавад.
Вале агар аз як тиҷорат ба дигар намуди тиҷорат гузарад ё навъи молҳои тиҷоратиашро иваз намояд, ин кор дар вуҷуби закот ва гузашти сол ҳеч таъсире надорад. Пас аз пурра гардидани сол закоти онҳоро бояд пардохт намояд.
Агар пулҳояшро дар аснои сол ба сармояи ғайри манқул, ба монанди хона, замин ва ғайра ё манқуле, ки дар онҳо закот воҷиб намешавад, ба монанди мошин ва ғайра, табдил диҳад, ба шарте дар онҳо нияти тиҷорат накарда бошад, закот аз онҳо соқит мешавад.
Шахс метавонад закоти худро дар миёни ҳамаи мустаҳиққони ҳаштгона ё чанд гурӯҳи онҳо, агар вуҷуд дошта бошанд ё танҳо як навъи онҳо ба ҳар миқдоре хоҳад, тақсим намояд. Аз назари бузургони мазҳаби ҳанафӣ ба як шахси мустаҳиқ дар болотарин сатҳ танҳо ба миқдори як нисоб закот додан ҷоиз аст ва вай бо ҳамин ба поёнтарин ҳадди сарватмандӣ, яъне нисоб мерасад. Дар айни ҳол ба дигар аҳли хонаводааш, ба монанди ҳамсар, фарзанди ба балоғат расида, падару модар ва дигар тобеонаш низ додани миқдори як нисоб ҷоиз мебошад, яъне барои аҳли як хонавода ба миқдори чанд нисоб закот додан ҷоиз мебошад. Ин кор (ба миқдори як нисоб закот додан ба як мустаҳиқ) аз назари баъзе фақеҳон бо кароҳият ҷоиз мебошад, вале назди имом Абӯюсуф ҳеч гуна кароҳияте надорад. Аз назари дигар мактабҳои фиқҳӣ бошад, додани миқдори чанд нисоби закот ба як шахси мустаҳиқ ҷоиз аст. Дар ушр чунин маҳдудияте вуҷуд надорад, ҳар миқдоре ба як мустаҳиқ дода шавад, ҷоиз мебошад.
Дар закот низ, ба монанди дигар навъҳои муомилот ваколат ва намояндагӣ ҷоиз аст. Одами соҳибнисоб метавонад барои пардохти закот-аш шахсеро вакил (намоянда) гардонад ва ӯро дар тақсими моли закот ба таври мутлақ ваколат диҳад. Дар ин ҳолат вакил ба ҳар шахси мустаҳиққе метавонад закоти муваккили худро бидиҳад, ҳатто агар худаш мустаҳиқ бошад, метавонад онро барои худаш бигирад. Аммо агар ӯро барои расонидани закоташ ба шахси муайяне вакил намояд ва шахси мустаҳиқро ба таври аниқ муайян гардонад, дар ин сурат вакил ҳақ надорад онро ба шахси дигаре диҳад. Агар онро дар шахси дигаре сарф намояд ва муваккил ба ин кори вай розӣ нашавад, вакил моли ӯро зомин мегардад.
Пас аз комил гардидани як сол, агар он молу дороӣ аз ҳадди нисоб кам нагашта бошад, пардохти закот бар вай воҷиб мегардад. Бар асоси мазҳаби ҳанафӣ барои вуҷуби пардохти закот бояд молу дороии шахс лоақал дар ду тарафи сол дар сатҳи нисоб қарор дошта бошад. Агар дар аснои сол аз нисоб поён ҳам шавад, вақте дар охири сол дар сатҳи нисоб қарор дошта бошад, он камӣ ва нақсе, ки дар аснои сол ба вуҷуд омадааст, дар вуҷуби пардохти закот таъсир намерасонад.
Вале агар дар аснои сол он мол комилан талаф ёбад ё дар эҳтиёҷоти зиндагиаш ба масраф расад ва боз моли дигаре ба даст оварад ва он ба нисоб бирасад, закот аз моли талафгашта ва ба масрафрасида соқит мегардад ва барои моли нав соли нав шурӯъ мешавад. Гардиши сол барои вуҷуби закот дар ин мол ба давоми соли моли талафёфта пайваст намешавад.
Закоти молҳои тиҷоратӣ
вироишНисоби молҳои тиҷоратӣ бо нисоби яке аз нақдайн: тило ва нуқра муайян карда мешавад ва феълан тарҷеҳ дода мешавад, ки он бо нисоби тило баровард ва муайян карда шавад. Онҳо нархгузорӣ мешаванд ва вақте ба қимати бист мисқол, яъне ҳаштоду панҷ (85) грамм тило баробар шуданд, пас аз гузашти сол закоти онҳо бароварда мешавад.
Нисоби тило ва нуқра
вироишНисоби тило бист мисқол (воҳиди вазн) ва нисоби нуқра дусад дирҳам аст, ки дар вазн ба яксаду чиҳил (140) мисқол баробар аст ва закоти ҳар ду рубъи (чоряки) ушри онҳо, яъне аз чил як ҳиссаи он (1/ 40) мебошад. Рубъи ушри бист мисқол тило ним мисқол ва рубъи ушри дусад дирҳам панҷ дирҳам аст. Пас касе дорои бист мисқол тило бошад ва як сол аз он бигзарад, ним мисқоли онро барои закот мепардозад ва ҳамчунин ҳар касе дорои дусад дирҳам (нуқра) бошад ва бар дороии вай як сол бигзарад, панҷ дирҳами онро мепардозад.
Соҳибназарон ва коршиносони соҳа дар баргардон намудани мисқол, динор ва дирҳам ба воҳиди вазнҳои имрӯза: грамм ва миллиграмм ихтилофи назар доранд. Баъзеҳо бист мисқолро ба ҳаштоду панҷ (85) грамм, баъзе дигар ба ҳаштоду ҳафт (87) грамм ва соҳиби «Маҳмуду-л-фатово» ба ҳаштоду ҳафт грамму чорсаду ҳафтоду нуҳ миллиграмм баробар донистаанд. Баъзе дигар онро ба навад грамм баробар медонанд. Дар мавриди бароварди дусад (200) дирҳам низ назарҳои гуногун доранд. 1) 200 д. = 595 гр., 2) 200 д. = 598 гр., 3) 200 д. = 609 гр., 4) 200 д. = 612 гр. ва 612,35 гр.. Вале дар ҳар ду маврид аз рӯи эҳтиёт хуб аст ба камтарин андозаи нисоби онҳо амал карда шавад.
Пас аз назари вазнҳои имрӯза бист мисқол тило тақрибан ба ҳаштоду панҷ (85) грамм ва рубъи ушри он ба 2,184 ё 2,5 грамм баробар аст. Дусад дирҳам нуқра дар вазн тақрибан ба панҷсаду наваду панҷ грамм баробар аст ва рубъи ушри он тақрибан 14/8 грамм мебошад.
Закот аз пули дар гардишбуда
вироишҲар кӣ баробари қимати бист мисқол тило ё дусад дирҳам (нуқра) аз пули дар гардиш ва роиҷи кишвар доро бошад, бар ӯ низ закот фарз мебошад ва бояд онро бипардозад. Дар мавриди тило дар бештар аз 20 мисқол дар ҳар 4 мисқол ду қирот, ки тақрибан бо ним грамм баробар аст, закот аст ва дар мавриди нуқра дар бештар аз дусад дирҳам, дар ҳар чиҳил дирҳам як дирҳам закот вуҷуд дорад.
Закоти зеваролот
вироишЗеваролот ва зарфҳое, ки аз тило ё нуқра сохта шудаанд, дар сурате ки дар онҳо мақсади тиҷорат дар назар дошта шуда бошад ҳам, закот доранд.
Агар тило ё нуқра нохолис ва бо филиззе омехта бошанд, мебинем, масалан, агар миқдори бештари тилои нохолис (омехта)-ро тило ташкил диҳад, дар ҳукми тило аст, вале агар миқдори бештараш чизи дигаре бошад, дар ҳукми коло мебошад. Ҳукми нуқраи омехта ва нохолис низ ҳамин аст.
Закот аз тамоми амвол ва колоҳои тиҷоратӣ
вироишЗакот дар тамоми амвол ва колоҳои тиҷоратӣ дар сурате ки қимати онҳо ба нисоби тило ё нуқра бирасад, фарз аст ва нисобаш тавре ба тило ё нуқра нархгузорӣ мегардад, ки барои фақирон ва табақаҳои камбизоат бештар фоида дошта бошад.
Закот аз тило ва нуқра
вироишАгар касе понздаҳ мисқол тило ва чанд мисқол нуқра дошта бошад, ки қимати нуқраҳо ба қимати панҷ мисқол тило расад, ҳар ду бо ҳам ҷамъ мешаванд ва он шахс соҳиби бист мисқол тило ба шумор меравад ва закоти бист мисқол тилоро пардохт менамояд.
Дусад дирҳам нуқра дар вазн ба яксаду чиҳил мисқол баробар аст. Агар шахсе яксаду бист мисқол нуқра ва панҷ мисқол тило дошта бошад, ки қимати он ба бист мисқол нуқра баробар бошад, закот аз яксаду чиҳил мисқол нуқра воҷиб мешавад.
Шахсе бист мисқол тило дошта бошад ва он то охири сол чаҳор мисқоли дигар, ба ҳар сурате: ё ба тариқи мерос, бахшиш ё касбу кор, афзоиш ёбад, ҳисоби ин чаҳор мисқол аз ҳи-соби асл ҷудо нест, балки ҳар гоҳ як сол бар он бист мисқол тамом шавад, аз бистучаҳор мисқол закот бароварда мешавад.
Закот ғайр аз тило ва нуқра
вироишҒайр аз тилову нуқра дигар чизҳо, ба монанди оҳан, биринҷ, мис, алюмин ва ғ. ва асбобу олоте, ки аз онҳо сохта шуда ва ҳамчунин либос, фарш ва ғ., агар шахс дар онҳо мақсади тиҷорат дошта бошад ва қимати онҳо ба қимати бист мисқол тило ё саду чиҳил мисқол нуқра баробар бошад, баъд аз гузаштани сол баровардани закот аз онҳо воҷиб аст ва ҳукми моли тиҷоратро доранд. Аммо агар барои тиҷорат набошанд, ҳукми асбобу анҷоми хонаро доранд ва дар онҳо закоте воҷиб намегардад.
Закоти манзил (хона)
вироишШахсе дорои чанд манзил (хона) бошад, ки онҳоро ба кироя медиҳад, ҳарчанд қимати онҳо бисёр ҳам бошад, дар онҳо закот воҷиб нест. Аммо даромад ва пули кирояи онҳо дар охири сол, агар пули дигаре низ дошта бошад, якҷо дар нисоби закот ҳисоб мешаванд. Ҳукми зарфҳо ва дигар чизҳои ба кироя додашуда низ ҳамин аст. Ба либосҳои пӯшиданӣ ҳарчанд гарон ҳам бошанд, закот тааллуқ намегирад, аммо агар бо тилову нуқра мурассаъ ва ороста шуда бошад, ки ба миқдори нисоб бирасад, он вақт закоти онҳо воҷиб аст.
Шахсе дорои чанд мисқол тило, чанд мисқоли дигар нуқра ва миқдоре моли тиҷорат бошад, ки баъд аз нархгузорӣ арзиши ҳамаи онҳо ба нисоби закот мерасад, аз онҳо якҷо закот дода мешавад.
Васоили савдогарӣ ва моли тиҷорат ба он асбоб ва дороие гуфта мешавад, ки ба нияти тиҷорат ва муомала харидорӣ мешаванд. Агар барои манзили худ хӯрока харад, вале баъдтар бино бар зарурате онҳоро ба фурӯш гузорад, дар қимати онҳо закот воҷиб намешавад.
Закот пеш аз пурра шудани сол
вироишДодани закот пеш аз пурра шудани сол ҷоиз аст. Ҳамчунин додани закоти чанд соли оянда ҷоиз мебошад. Дар сурате ки закоти чанд соли ояндаро пардохт намояд, вале дар ин миён дар молаш афзоише пеш ояд ва дороияш зиёд шавад, ба андозаи афзоиш изофаи закотро мепардозад.
Шахсе ҳанӯз соҳиби нисоб нагашта, бо эҳтимоли ба даст овардани даромаде ба миқдори нисоб пешакӣ закоти онро бидиҳад, ҳанӯз на закоте бар зиммааш буда ва на закоте аз зиммааш соқит мегардад, балки бояд пас аз ба даст овардани маблағ ва гузаштани сол закоташро бипардозад.
Касе, масалан, дорои даҳ ҳазор пул – миқдори нисоб аст ва эҳтимоли расидани даҳ ҳазори дигарро медиҳад, агар закоти бист ҳазор пулро пеш аз расидани нисфи эҳтимолии он бипардозад, ҷоиз аст.
Агар касе пас аз тамом шудани сол закоташро надиҳад ва ҳамаи молаш талаф бо сабабе ёбад, закот аз вай соқит мегардад. Аммо агар худаш бо иродаву ихтиёри худаш сарваташро аз байн барад, закот аз вай соқит намегардад. Пас аз тамом шудани сол, агар нисфи молаш талаф ёбад, закот аз миқдори талафгашта соқит ва аз боқимондаи мол воҷиб аст. Ин се масъала дар сурате мебошанд, ки аз рӯзи ба нисоб расидани молаш як соли пурра гузашта бошад.
Агар моли ба нисобрасида афзоиш ёбад, пас дар ҳар зинае аз афзоиш, ки дар бахшҳои гуногуни закот муайян гардидаанд, ба миқдори муайянгардида барои ҳар зина закот медиҳад. Ин ба иловаи он миқдорест, ки аз нисоби аслии мол бароварда мешавад. Пас аз нисоб он афзоише, ки дар миёни ҳар зина, яъне аз ҳар зина то зинаи дигар ба вуҷуд меояд, муоф мебошад. Ҳамон гуна ки нисоби том барои пардохти закот шарт аст, пурра гардидани нисоби ҳар зина барои пардохти иловагӣ низ шарт мебошад.
Агар моли ҳалолу ҳаромро якҷо ҷамъ ва ба ҳам омезад, закоти онро бояд бидиҳад, яъне ҳаром будани миқдоре аз мол монеи закот намегардад. Баъд аз гузаштани сол, агар қарздеҳ қарзи худро ба қарздор бахшад, закоти он сол аз қарздеҳ соқит мегардад.
Закот аз чаҳорпоёни соима
вироишБарои воҷиб шудани закот дар чаҳорпоён соима (дар пушта чарокунанда) будани онҳо шарт аст. Соима ба ҳайвоне гуфта мешавад, ки дар он ду ҳолат (шароит)-и зерин ёфт шавад: аксари солро дар биёбон ва пуштаҳо чаро кунад, агар нисфи сол ё бештар аз он охурбанд бошад, ба он соима гуфта намешавад, мақсад аз нигоҳдории онҳо, ширу насл ва фарбеҳӣ бошад. Агар барои саворӣ нигаҳдорӣ шаванд, ба онҳо соима гуфта намешавад ва закот дар онҳо воҷиб намегардад, ҳарчанд бештари сол бо даҳони худ чаро кунанд.
Агар ҳайвон соима бошад, яъне бештари солро дар пушта чаро кунад ва дар нисфи сол соҳибашон онҳоро ба нияти тиҷорат бифурӯшад, закоти он сол бар вай воҷиб намешавад, балки аз ҳангоми байъ (фурӯш), вақте соле бар он тамом шавад, аз қимати он закот дода мешавад.
Закоти аз барраҳо, бузғолаҳо ва гусолаҳо
вироишДар барраҳо, бузғолаҳо ва гӯсолаҳо вақте танҳо бошанд (яъне ҷудо аз модаронашон), закот воҷиб намешавад. Аммо агар ҳамроҳи модаронашон бошанд, аз ҳамааш закот дода мешавад. Агар ҳанӯз соле тамом нагашта, ҳайвонҳои калон бимиранд, закот аз бачаҳои онҳо боз соқит мешавад.
Закот аз асп
вироишАспҳо вақте нару мода бо ҳам якҷо бошанд, яъне ба сурати галла бошанд, закот бар онҳо воҷиб мешавад, бояд нархгузорӣ шаванд ва аз ҳар чиҳил дирҳам як дирҳам закот дода шавад. Дар хару хачир агар барои тиҷорат набошанд, закот воҷиб намешавад, аммо агар барои тиҷорат бошанд, аз қимати онҳо мисли асп закот дода мешавад.
Закоти шутур
вироишНисоби томми шутур аз панҷ сар шурӯъ мешавад. Касе панҷ сар шутур ё бештар аз он дошта бошад ва як сол бар онҳо бигзарад, закоти онҳо бар ӯ фарз мегардад, ки тартибаш ин аст:
1. закоти панҷ сар шутур то нуҳ шутур, як гӯсфанд аст, 2. закоти даҳ сар шутур то чордаҳ шутур, ду гӯсфанд аст, 3. закоти понздаҳ сар шутур то нуздаҳ шутур се гӯсфанд аст, 4. закоти бист сар шутур то бисту чаҳор шутур, чаҳор гӯсфанд аст, 5. закоти бисту панҷ сар шутур то сию панҷ шутур, як шутури модаи яксола аст, 6. закоти сию шаш сар шутур то чилу панҷ шутур, як шутури модаи дусола аст, 7. закоти чилу шаш сар шутур то шаст шутур, як шутури сесола аст, 8. закоти шасту як сар шутур то ҳафтоду панҷ шутур, як шутури чаҳорсола аст, 9. закоти ҳафтоду шаш сар шутур то навад шутур, ду шутури дусола аст, 10. закоти наваду як сар шутур то яксаду бист шутур, ду шутури сесола аст.
Сипас, аз яксаду бист боло то замоне ки саршумори шутурҳо ба яксаду чилу нуҳ адад бирасад, мувофиқи ҳисоботи боло ҳисоб мекунем, ба ин тариқ ки: 11. закоти яксаду бисту панҷ сар шутур то яксаду бисту нуҳ шутур, ду шутури сесола ва як гӯсфанд аст, 12. закоти яксаду сӣ сар шутур то яксаду сию чаҳор шутур, ду шутури сесола ва ду гӯсфанд аст, 13. закоти яксаду сию панҷ сар шутур то яксаду сию нуҳ шутур, ду шутури сесола ва се гӯсфанд аст, 14. закоти яксаду чил сар шутур то яксаду чилу чаҳор шутур, ду шутури сесола ва чор гӯсфанд аст, 15. закоти яксаду чилу панҷ сар шутур то яксаду чилу нуҳ шутур, ду шутури сесола ва як шутури яксола аст, 16. закоти яксаду панҷоҳ сар шутур, се шутури сесола аст.
Сипас аз яксаду панҷоҳ ба боло то замоне ки шумораи шутурҳо ба яксаду наваду шаш то дусад шутур нарасад, тибқи ҳисоботи боло ҳисоб хоҳем кард ва дар яксаду наваду шаш сар шутур то дусад шутур, чор шутури сесола закот дода мешавад ва пас аз он боз ҳисобро аз сар мегирем ва то охир. Барои закот шутури мода бидиҳад. Агар шутури нар бошад, нигоҳ кунад вақте қиматаш бо қимати шутури мода баробар бошад, ҷоиз аст.
Закоти гов
вироишНисоби пурраи (том) гов аз сӣ сар шурӯъ мешавад, ба ин тариқ: 1. закоти сӣ сар гов як гӯсолаи яксола аст, 2. закоти чил сар гов як гӯсолаи дусола аст ва то панҷоҳу нуҳ сар гов ба ҳамин андоза ҳисоб мешавад, 3. закоти шаст сар гов ду гӯсолаи яксола аст, 4. закоти ҳафтод сар гов як гӯсолаи дусола ва як гӯсолаи яксола аст, 5. закоти сад сар гов ду гӯсолаи яксола ва як гӯсолаи дусола аст. Аз ин ба боло ба ҳамин гуна дар ҳар даҳ сар гов фарзияти закот аз гӯсолаи яксола ба дусола тағйир меёбад.
Закоти гӯсфанд
вироишНисоби пурраи гӯсфанд аз чил сар шурӯъ мешавад, ба ин тариқ: 1. закоти чил сар гӯсфанд то яксаду бист гӯсфанд, як гӯсфанд аст, 2. закоти яксаду бистуяк сар гӯсфанд то дусад гӯсфанд, ду гӯсфанд аст, 3. закоти дусаду як сар гӯсфанд то сесаду наваду нуҳ гӯсфанд, се гӯсфанд аст, 4. закоти чорсад сар гӯсфанд чор сар гӯсфанд аст. Аз ин ба боло дар ҳар сад сар гӯсфанд як гӯсфанд закот вуҷуд дорад. Ҳукми гӯсфанд ва буз дар закот як хел аст.
Закоти асп назди имом Абӯҳанифа (рҳ) ва дигар шахсиятҳои ислом
вироишНазди имом Абӯҳанифа (рҳ) дар асп низ закот вуҷуд дорад. Соҳиби нисоби асп метавонад барои ҳар асп як динор закот диҳад ё аспро нарх карда, аз ҳар дусад дирҳам панҷ дирҳам закот диҳад. Парвариш ва нигаҳдории асп яке аз чор ҳолатро дорад: 1. Ё барои саворӣ ва боркашӣ ва ё барои ҷиҳоди дар роҳи Худо нигаҳдорӣ мешавад ва дар ин ҳолат бо иттифоқи ҷумҳури аҳли суннат дар он закоте воҷиб намебошад, хоҳ соима бошад, хоҳ бо алафи ҷамъоваришуда парвариш шавад. Зеро дар тамоми ин ҳолатҳо яке аз эҳтиёҷоти зиндагӣ ба шумор меравад, 2. ё бо мақсади хариду фурӯш ва барои тиҷорат нигаҳдорӣ мешавад ва дар ин ҳолат моли тиҷорат ба шумор рафта, вақте қимати он ба нисоби закот бирасад ва соле бар он бигузарад, бо иттифоқи тамоми аҳли суннат дар он закот воҷиб мебошад. Зеро афзоиш дар он аз тариқи тиҷорат ба вуҷуд меояд ва яке аз шартҳои воҷиб гардидани закот нумӯкунандагӣ ва афзоиши мол буд. Дигар фарқе надорад, ки бо даҳонаш дар саҳро чаро кунад ё бо алафи ҷамъоваришуда нигоҳубин шавад, 3. сеюм аспе мебошад, ки на барои саворӣ, боркашӣ ва ҷиҳод аст ва на барои тиҷорат, вале дар аксари сол ё дар тамоми сол бо алафи ҷамъоваришуда нигаҳдорӣ мешавад. Дар ин ҳолат низ бо иттифоқи тамоми аҳли суннат дар он закот воҷиб намебошад. Зеро яке аз шартҳои воҷиб гардидани закот дар чаҳорпоён соима будани онҳо дар тамоми сол ё дар аксари сол аст, 4. чорум аспе мебошад, ки барои наслдиҳӣ, фарбеҳӣ ва зиёд шудани саршумор нигаҳдорӣ мешавад ва аксари солро дар саҳро бо даҳони худ чаро мекунад. Он ҳам ба шарте ки ҳамаашон аспҳои нар набошанд, яъне ё нару модда якҷоя бошанд ё модда бошанд. Зеро аспи нар ба танҳоӣ на насл медиҳад ва на зиёд мешавад.
Назди имом Абӯҳанифа дар чунин асп закот вуҷуд дорад. Нисоби он саршуморӣ ва бо адад намебошад, зеро аз соҳиби шаръ чизе дар бораи он собит нашудааст, балки соҳиби асп метавонад барои ҳар асп як динор закот диҳад ё аспро нарх карда ва аз ҳар дусад дирҳам панҷ дирҳам закот диҳад.
Дар ривоятҳои саҳеҳе аз халифаи дуюм, Умар (р) собит шудааст, ки аз асп закот мегирифт. Аз Яъло ибни Умайя ривоят шудааст, ки: «Бародараш Абдурраҳмон аз марди ямание бо сад шутури ҷавон аспи моддае харид. Пас аз савдо марди яманӣ пушаймон шуд ва ба назди Умар омада гуфт: Яъло ва бародараш аспамро ғасб карданд. Умар Яълоро фаро хонд ва аз вай тавзеҳ хост. Вақте Яъло ӯро хабар дод, пурсид: Оё асп дар назди шумо ин қадар арзиш дорад? Нафаҳмидам, ки асп ин қадар арзиш доштааст. Аз чил гӯсфанд гӯсфанде (ба унвони закот) мегирем, вале аз асп ҳеч чиз намегирем?! Аз ҳар асп диноре закот бигир. Пас бар аспҳо як динорӣ закот баст» [31][32].
Ривоят шудааст, ки дар замони Марвон ибни Ҳакам уламо дар бораи закоти аспи соима ихтилоф карданд. «Марвон аз саҳобагон дар ин бора машварат хост. Абӯҳурайра ҳадиси: «Дар ғулом ва асп бар шахс закоте нест»-ро ривоят кард. Марвон ба Зайд ибни Собит гуфт: Ту чӣ мегӯӣ, эй Абӯсаъид? Абӯҳурайра гуфт: Тааҷҷуби Марвон, ҳадиси Расули Худо (с)-ро ривоят мекунам, вай бошад, Абӯсаъид, ту чӣ мегӯӣ, мегӯяд! Зайд гуфт: Расули Худо (с) рост фармудааст, вай бо ин ҳадис аспи ғозиро дар назар дорад. Аммо тоҷире, ки аз он насл (ва тиҷорат)-ро бихоҳад, пас дар он закот мебошад. (Марвон) пурсид: Чӣ қадар? Фармуд: Дар ҳар асп як динор ва ё даҳ дирҳам»[33].
Вале назди имомайн Абӯюсуф ва Муҳаммад бо такя ба ҳадиси боло дар асп закоте вуҷуд надорад ва дар аксари китобҳои фатво омадааст, ки фатво ба қавли Имомайн аст. Аммо назари Абӯҳанифа, ба хусус дар ин замон, ки соҳаи асппарварӣ ҳеле инкишоф ёфтааст, қавли роҷеҳ мебошад ва аксари аҳли илм ба он амал мекунанд. Пас ба қавли Абӯҳанифа аспҳо вақте нару модда бо ҳам якҷоя бошанд, яъне ба сурати галла бошанд, закот дар онҳо воҷиб мешавад, бояд нархгузорӣ шаванд ва аз ҳар чиҳил дирҳам як дирҳам закот бароварда шавад.
Чаҳорпоёни мазкур, вақте нисоби онҳо ададӣ ва бо саршумор аст, ки барои наслгирӣ, фарбеҳӣ ва пашму шир нигаҳдорӣ ва парвариш шаванд. Вале агар бо мақсади тиҷорат ва хариду фурӯш парвариш шаванд, дигар закоти онҳо аз рӯи нисоби ададӣ ва саршумор воҷиб намегардад, балки ҳамчун моли тиҷорат нархгузорӣ ва аз пули онҳо агар ба нисоби закот бирасад, закот дода мешавад. Дар сурати нарасидани миқдори онҳо ба нисоб, бо пули дигар ҷинсҳои тиҷоратӣ ё тилову нуқра ҷамъ карда мешаванд ва аз ҳамаашон, вақте ба нисоб ра¬сиданд, закот дода мешавад. Вақте чаҳорпоёни мазкур барои тиҷорат бошанд, дигар соима будани онҳо шарт нест, яъне дигар зарурат надорад, ки тамоми сол ё бештар аз ними онро бо даҳони худ дар пушта чаро намоянд. Чи дар саҳро бичаранд, чи дар хона нигоҳубин шаванд, дар ҳар сурат аз қимати онҳо закот дода мешавад.
Ҳар чизеро, ки инсон барои тиҷорат ва хариду фурӯш ба даст оварад, ба он моли тиҷорат гуфта мешавад ва бо фароҳам гардидани шароити зерин дар он закот воҷиб мегардад: 1. Нияти тиҷорат доштани соҳиби он, 2. ба ҳадди як нисоб аз тило ё нуқра расидани қимати он, 3. гузаштани як соли қамари бар соҳибнисоб шудани он аз моли тиҷорат.
Ҳангоми нархгузории молҳои тиҷоратӣ асбобу анҷом, васоили зарурӣ барои пешбурди тиҷорат ва дастгоҳҳои мавҷуд дар дӯкони тиҷоратӣ ба онҳо ҳамроҳ карда намешаванд. Агар арзиши молҳои тиҷоратиаш ба як нисоб нарасад, аз онҳо закот намедиҳад. Вақте шахси тоҷир ҷинсҳои (ассортимент) гуногуни тиҷорӣ, аз қабили хӯрока, пӯшок, асбобу анҷом, мошин ва ғ. дошта бошад, тамоми онҳоро якҷоя нархгузорӣ мекунад ва аз пули ҳамаи онҳо агар миқдори нисоб ё бештар аз онро ташкил диҳад, закот медиҳад. Молҳои тиҷоратӣ бо арзиши миёнаи ҳамонрӯза – рӯзи бароварди закот нархгузорӣ мешаванд.
Шарт нест, ки дар вақти баровардани закот тамоми моли тиҷораташ фурӯхта шуда ва ба пул табдил ёфта бошад, балки гардиши чархи тиҷорат аст. Гоҳе мол фурӯхта ва ба пул иваз мешавад ва замоне бо он пул ба ҷояш моли дигаре харида мешавад. Ба ҳамон вазъе, ки ҳаст, нархи молу ашёи тиҷориаш муайян сохта мешавад ва аз қимати маҷмӯи онҳо закот дода мешавад.
Закот аз саҳмия (аксия)
вироишАгар мусулмони сарватманде саҳмия (аксия)-ҳои корхона, завод ё биноҳои тиҷоратию саноатиро харид ва дар онҳо мақсади тиҷорат дошта бошад, яъне дар назар дошта бошад, ки онро пас аз муддате боз ба фурӯш гузорад, дар ин сурат бо фароҳам гардидани шароити хосси закот, аз қимати умумии он закот медиҳад. Вале агар дар назар дошта бошад, ки онро дар корҳои саноатӣ, тиҷоратӣ, истеҳсолот ва ғ. мавриди истифода қарор диҳад ё қисмате аз онро ба иҷора диҳад, дар ин ҳолат аз даромади он закот медиҳад. Он ҳам вақте ба нисоб бирасад ва агар ба нисоб нарасад, бо дигар дороиҳояш, ки дар онҳо шароити закот таҳаққуқ ёфта буд, ҷамъ намуда, аз ҳамааш закот медиҳад.
Ҳукми автопаркҳои хусусӣ
вироишАвтопаркҳои хусусӣ ва марказҳое, ки васоили нақлия ва дигар васоили техникии худро ба иҷора (кироя) медиҳанд, ҳукми корхонаҳо ва биноҳои тиҷоратиро доранд.Шахсе як миқдор пули худро аз муомила берун сохта, барои эҳтиёт ё барои кори муҳимме дар оянда, пас аз баровардани закоташ, дар бонке амонат гузорад ё дар хонааш нигоҳ медорад, ҳарчанд он пулро аз нумӯ ва афзоиш берун намуда, дар ҷое беҳаракат нигоҳ медорад, вале пас аз гузашти соле закоти онро бояд бипардозад. Зеро аз нумӯ бозмондани он дар натиҷаи таҷмид ва аз гардиш боздоштани он ба вуҷуд омадааст.
Закот аз шахси пулу мол дошта ва қарздор
вироишШахсе як миқдор пулу мол дошта бошад ва дар айни ҳол қарздор ҳам бошад: Агар қарзе, ки бар гардани ӯст, тамоми пулу моли дар даст доштаашро фаро гирад, дар ин сурат закоте бар вай воҷиб нест. Вале агар қарз қисмате аз молашро фаро гирад ва қисмате аз он ҳамчунон боқӣ монад, пас дар қисмати боқимондаи он, агар ба ҳадди нисоб бирасад ва соле ҳам аз рӯзи молик гардидани он гузашта бошад, закот бар вай воҷиб мегардад. Аммо агар қисмати боқимондаи молаш ба ҳадди нисоб нарасад, закот бар вай воҷиб намегардад. Агар он шахс пеш аз қарздор гаштанаш соҳиби нисоб буда ва соле ҳам бар вай гузашта бошад, вале пеш аз пардохти закот қарздор гардида бошад, дар ин сурат закот ба ҳеч ваҷҳ аз вай соқит намегардад, хоҳ қарзаш тамоми молашро фаро гирад, хоҳ ниме аз молашро, зеро закот пеш аз қарздор гаштанаш бар вай воҷиб гардидааст. Пулҳои қарздодаи шахс нисбат ба пардохти закоти яке аз се ҳолатро доранд:
1. Қарзи пурқувват – он қарзест, ки қарздиҳанда пули соф ё моли тиҷоратӣ бо арзиши муайянеро ба касе қарз додааст ва қарздор ҳам ба он эътироф дорад, ҳарчанд муфлис бошад ё қарздор мункир гар¬дидааст, вале қарздиҳанда гувоҳу ҳуҷҷат барои исботи он дорад. Қарз дар ин сурат пурқувват буда, закоти он бар қарздиҳанда воҷиб аст. Ҳар боре, ки чил дирҳам аз қарздор дарёфт намояд, як дирҳами онро ба унвони закот мепардозад. Агар камтар аз чил дирҳам дарёфт кунад, аз он чизе намепардозад. Дар сурате ки ҳамаи онро якбора дарёфт намояд, закоти ҳамаашро медиҳад.
Гардиши сол дар мавриди ин қарз аз замоне ки қарздиҳанда молики нисоб гардида буд, эътибор дорад, на аз вақти дарёфти пули қарзакот Пас закоти солҳои гузашта низ бар вай воҷиб мебошад, вале пардохти он пас аз дарёфт ва қабзи тамоми қарз лозим мегардад.
2. Қарзи миёна – он пули чизест, ки аз ниёзмандиҳои аслии зиндагиаш, ба монанди хона, либоса, хӯрока, гандум ва ғ. фурӯхтааст ва пули он дар гардани харидор боқӣ мондааст. Дар қарзи миёна то вақте, ки қарздиҳанда ба миқдори як нисоби комилро дарёфт нанамояд, закот воҷиб намебошад. Мас., агар бар гардани қарздор ба арзиши ҳазор дирҳам пул аст, вақте қарздиҳанда ба арзиши дусад дирҳами онро қабз намояд, миқдори панҷ дирҳами онро ба унвони закот мепардозад. Агар камтар аз миқдори як нисоби комилро дарёфт намояд, закот бар вай воҷиб намешавад.
Гардиши сол дар қарзи миёна низ аз рӯзе, ки қарздиҳанда молики нисоб гардидааст, яъне рӯзе, ки он чизҳоро ба фурӯш баровардааст, эътибор мешавад, на аз вақти қабзакот Пас закоти солҳои гузашта бар вай воҷиб мебошад, вале пас аз қабзи тамоми мол пардохта мешавад.
3. Қарзи заъиф – он қарзест, ки дар ивази чизи дигаре ғайри молу пул қарор дошта бошад, ба монанди маҳри зан, қарзи васият, қарзи сулҳ дар қатли амдӣ ва дият. Дар тамоми ин суратҳо шахси қарздор аз касе чизе нагирифтааст, то онро баргардонад. Дар ҳар сурат, закот бар соҳибони ҳақ дар ин навъи қарзҳо то замоне ки миқдори нисоби комилеро дарёфт нанамоянд ва соле аз рӯзи қабзи пул бар онҳо нагузарад, воҷиб намегардад. закоти солҳои гузашта низ бар онҳо воҷиб нест.
Закоти зеваролот дар миёни мактабҳои фиқҳӣ
вироишДар бораи воҷиб шудан ё нашудани закот дар зеваролоти тилоӣ ва нуқрагӣ дар миёни мактабҳои фиқҳӣ ду назар вуҷуд дорад. Назари бузургони мазҳаби ҳанафӣ он аст, ки дар зеваролот ва васоили ороишии тилоӣ ва нуқрагӣ закот воҷиб мешавад. Уммисалама (р) мефармояд: «Зеварҳои тилоие мепӯшидам. Пурсидам: Эй расули Худо (с), оё инҳо канз (ва андӯхтаи наҳйшуда) ба шумор мераванд? Фармуд: Ҳар чизе ба ҳадди закот расид ва закоти онро пардохт намудӣ, он канз ба шумор намеравад»[34][35]. Оиша (р) низ мефармояд: «Расули Худо (с) бар ман дохил шуд ва дар дастам ангуштариҳои нуқрагиеро дид. Пурсид: Ин чист, эй Оиша? Гуфтам: Инҳоро худам сохтам, то барои ту худамро ороиш диҳам, эй расули Худо (с). Гуфт: Оё закоташонро адо менамоӣ? Гуфтам: Не. Фармуд: Ҳаминҳо барои ба оташ рафтани ту кифоя бошанд»[36][37].
Дар ин бора ривоятҳои дигаре низ омадааст, ки ба воҷиб будани закот дар васоили ороишии тилоӣ ва нуқрагӣ далолат мекунанд. Вақте зеваролот ва васоили ороишии зан дар маҷмӯъ, аз чала, гӯшвор, дасмона, гарданбанд, бозубанд ва ғ., ба ҳадди нисоби тило ё нуқра бирасанд, аз онҳо закот дода мешавад. Нисоби закоти онҳо дар ин ҳолат низ ба вазн аст, ки дар маснӯоти тилоӣ бист мисқол (85 гр) ва дар сохтаҳои нуқрагӣ 595 гр мебошад. Он арзиши корӣ ва қимате, ки пас аз коркард ба онҳо изофа шудааст, дар ин ҳолат ба закот ҳамроҳ карда намешавад. Ҳамчунин нархи сангҳои қиматбаҳое, ки дар он ба кор рафтааст, ба ҳаҷми закот изофа карда намешавад. Дар сурате онҳо ба танҳоӣ ба нисоби закот нарасанд, ба дигар дороиҳо ва сармояи закотии шахс зам карда мешаванд ва дар якҷоягӣ закоти онҳо бароварда мешавад.
Агар шахсе ба тиҷорати васоили ороишӣ, зеваролот ва дигар маснӯоти тилоӣ машғул бошад, вай аз арзиши бозории онҳо дар ҳа¬мон рӯз закот медиҳад. закот дар ин ҳолат ба қимати онҳо тааллуқ пайдо мекунад ва онҳо ба унвони моли тиҷорат нархгузорӣ мегарданд. Арзиши коркард ва сангҳои қиматбаҳо низ дар он дохил мебошад. Вале агар арзиши он ба сабаби вайронии ҷузъӣ ё мувофиқ наомадан ба зоиқаи мардум аз тило ва нуқраи коркардношуда поинтар бошад, дар он сурат закоти онҳоро аз вазнашон пардохт менамояд.
Аммо шахси ҷавҳарӣ ва устое, ки ба сохтан ё рӯкаш намудани маснӯоти тилоӣ ва нуқрагӣ сари кор дорад, онҳо асли маводди хомеро, ки дар маснӯоти худ ба кор бурдаанд, нархгузорӣ менамоянд ва вақте он ба ҳадди нисоб расада, шартҳои дигари вуҷуб ва пардохти закот низ дар он таҳаққуқ ёфта бошад, закот-ашро адо менамояд.
Ба ҳар сурат, агар дар сохти онҳо ҳунарҳои шаръан ҳаром ва мамнӯъ ба кор рафта бошад, ба монанди сохтани бутҳои тилоӣ, салибҳо (крестҳо) ва ғ. ё барои мавридҳои шаръан мамнӯъ сохта шуда бошанд, ба монанди бозубандҳо ва зиреҳҳои тилоӣ барои мардон, ҳаргиз ин арзиши корӣ дар қимати он илова карда намешавад. Шахси ҷавҳарӣ, усто ва тоҷир закоти моддаи аслии онҳоро пардохт менамояд ва онҳоро бар асоси фармоишоти шаръ бояд аз нав коркард намояд ва ба ашёи ҷоизе табдил диҳад. Зеро даромади чунин касбҳо ҳаром мебошад.
Закот аз зарфҳои тилоӣ ва нуқрагии мавриди ниёзи манзил
вироишЗарфҳои мавриди ниёзи манзил, ба монанди қошуқ, чангак ва ғ., ки аз тило ва нуқра сохта шуда бошанд ё ба он рӯкаш шуда бошанд, ба монанди чойнику пиёла ва ғ., хоҳ дар истифода бошанд, хоҳ барои зебоии хона дар ҷевонҳо гузошта шуда бошанд, дар ҳарду сурат бояд закоти онҳо дода шавад. Хоҳ таркиби онҳо комилан ё аксаран аз тило ва нуқра бошанд, хоҳ рӯкашшуда, закот ба вазни тилои онҳо тааллуқ пайдо мекунад. Агар вазни тилои онҳо дар тамоми суратҳои боло ба ҳадди нисоб нарасад, ба дигар ҷинсҳое, ки дар онҳо закот воҷиб шудааст, дар вақти баровард ва ҳисоби закот ҷамъ карда мешаванд.
Закот аз ширкатҳо
вироишШиркатҳои зироатӣ ва боғпарварӣ бо риояи шартҳое, ки дар ушр баён мегардаанд, аз ҳосили ба дастовардаи худ ушр ё нисфи ушрро пардохт менамоянд. Ширкатҳои фермерӣ ва чорводорӣ ба ҳисоби навъи чорвои парваришнамудаашон закотро пас аз таҳаққуқи шартҳои закоти чорпоён бар асоси нисоби саршуморӣ пардохт менамоянд.
Ширкатҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ, ба монанди ширкатҳои дорусозӣ, ширкати барқ, семент, алюмин ва ғайра закотро аз даромади софи онҳо пас аз расидани ҳаҷми он ба ҳадди нисоб ва гузаштани сол пардохт менамоянд.
Ширкатҳои тиҷоратӣ ва воридотиву содиротӣ бошанд, закоти молҳои тиҷоратӣ бар онҳо воҷиб мебошад ва дар охири сол ҳам аз асли сармоя ва ҳам аз даромади он пас аз қиматгузорӣ ва бароварди нархи умумии онҳо закот-ро пардохт менамоянд.
Ширкатҳои саҳҳомӣ ду ҳолат доранд: Агар соҳиби саҳмияе дар он қасди давоми моликият ва истифода аз даромад ва фоидаи онро дошта бошад, закотро пас аз расидани фоидаи он ба ҳадди нисоб ва гузашти сол пардохт менамояд, вале агар қасди хариду фурӯш ва тиҷоратро дар он дошта бошад, закоти онро ба монанди закоти молҳои тиҷоратӣ пардохт менамояд.
Ширкатҳои фермерӣ ва корхонаҳое, ки ба паррандапарварӣ, харгӯшпарварӣ, пилла (кирмак)-парварӣ ва нигоҳубини ҳайвоноти дигаре машғул бошанд, ки парвариши онҳо шаръан ҷоиз мебошад, вале ислом дар онҳо закоте муқаррар накардааст, закоте бар онҳо воҷиб намебошад. Албатта, дар ин навъ ҳайвонот вақте закот воҷиб намешавад, ки барои таъмини ниёзҳои хонавода нигоҳубин ва парвариш шаванд. Шариат дар онҳо закоте нафармудааст. Аммо вақте барои фурӯши гӯшт, тухм, пилла ва ғ. нигоҳубин ва парвариш шаванд ва шакли фермаҳои хурд ё бузурги мурғпарварӣ, харгӯшпарварӣ, пиллапарварӣ ва ғайраро ба худ бигиранд, дар ин сурат ҳамчун молҳои тиҷоратӣ нархгузорӣ мешаванд ва пас аз фароҳам гардидани шартҳои вуҷуби закот аз онҳо закот дода мешавад.
Закот аз маҳсули шири говҳо
вироишҲукми маҳсули шири говҳое, ки дар фермаҳо барои ҷӯшоӣ нигаҳдорӣ мешавад ва дар саҳро бо даҳони худ чаро намекунанд, низ ҳамин гуна аст. Вақте он барои тиҷорат ва таъмини талаботи бозор бошад, дар он пас аз таҳаққуқи шартҳои вуҷуби закот воҷиб мешавад.
Ҳосили даромади онҳо, агар ба танҳоӣ ба нисоби закот бирасад, пас аз таҳаққуқи дигар шартҳои вуҷуби закот аз он закот бароварда мешавад. Дар ғайри он бо дигар молҳои тиҷоратӣ якҷо ҷамъ ва аз маҷмӯи онҳо, вақте ба нисоби закот бирасанд, закот медиҳад. Дар худи он говҳо, ки бо алафи ҷамъоваришуда нигоҳубин мешаванд, закоте вуҷуд надорад. Аммо ҳукми говҳое, ки бештар аз ними сол дар саҳро чаро мекунанд, дар фасли закоти ҳайвонот ба тафсил баён гардид.
Ба ақидаи Юсуф Қарзовӣ, дар тамоми мавридҳои зикргардида, ба монанди асал аз онҳо бояд ушр гирифта шавад, ҳарчанд барои таъмини ниёзҳои хонавода бошанд, магар вақте барои тиҷорат бошанд, пас дар онҳо закоти молҳои тиҷоратӣ воҷиб мегардад.
Закот аз ширкатҳои тиҷоратӣ ва корхонаҳои хусусӣ
вироишШиркатҳои моҳипарварӣ ва моҳидорӣ низ, вақте мақсади тиҷорат ва таъмини талаботи бозорро бо гӯшт ё тухм (ховёр)-и моҳӣ дошта бошанд, пас аз фароҳам гардидани шартҳои вуҷуби закот аз онҳо закоти молҳои тиҷоратиро медиҳанд. Дар ғайри он чизе бар онҳо воҷиб нест. Дар бозёфтҳои баҳрӣ, ба монанди анбар ва ғ., агар дар онҳо мақсади тиҷорат надошта бошад, закот воҷиб нест.
Ширкатҳо ва корхонаҳои хусусӣ шахсони ҳуқуқӣ мебошанд ва моликияти онҳо ба соҳибонашон тааллуқ дорад, хоҳ соҳиби он як нафар бошад, хоҳ маҷмӯаи афрод. Пас онҳо низ ба монанди шахсони воқеӣ закоти молу дороиҳои худро пас аз таҳаққуқи шартҳои вуҷуби закот ва гузашти сол баровард ва пардохт менамоянд. Ба ин тариқ молу дороиҳое, ки дар онҳо закот воҷиб мегардад, хоҳ соҳиби онҳо шахси воқеӣ бошад, хоҳ шахси ҳуқуқӣ, ба монанди ширкатҳо, корхонаҳо ва навъҳои дигари соҳибкорӣ, умуман, аз ҳолатҳои зерин холӣ нестанд:
1. Молу бизоати тиҷоратӣ, хоҳ дар анборҳо бошад ё дар намоишгоҳҳо ва ҷои фурӯш ё дар роҳ ё дар назди намояндагони шахс ва ширкат дар нуқтаҳои дигари тақсими он.
2. Молҳо ва маводи хоме, ки бо мақсади коркард ва истифода дар истеҳсолот харидорӣ шуда ва дар корхонаҳои саноатӣ ва марказҳои истеҳсолӣ захира гардидаанд ва ё дар ҳоли коркард қарор доранд.
3. Тиловор ва дигар ҷавоҳироте, ки дар корхонаҳои коркарди ҷавоҳирот ё дар назди фурӯшандагони он бо мақсади тиҷорат омода сохта шудаанд.
4. Саҳмияҳои ширкатҳо, ки бо мақсади тиҷорат харидорӣ шуда бошанд.
5. Заминҳо ва дигар дороиҳои ғайри манқуле, ки бо мақсади тиҷорат харидорӣ шуда бошанд.
6. Чаҳорпоёне, ки бо мақсади тиҷорат харидорӣ шуда бошанд ва дар онҳо шутур, гов, гӯсфанд, буз ва ҳар ҳайвони дигаре, ки хариду фурӯши он шаръан ҷоиз мебошад, шомил мешаванд. Дар ин ҳолат дар онҳо закоти молҳои тиҷоратӣ воҷиб мешавад, на закот-и саршуморӣ.
Мавридҳои закот
вироишМавридҳое, ки закот дар онҳо фарз аст, аз инҳо иборатанд:
- Чизҳои қиматбаҳо, монанди тило, нуқра, пул ва ғайра.
- Чаҳорпоёни хонагӣ, мисли шутур, гов, гӯсфанд, асп ва ғайра.
- Колоҳои (матоъҳои) тиҷоратӣ.
- Зироъат ва меваҷот.
Закоти ин чизҳо дар сурате фарз мешавад, ки ба як миқдори муайяне, ки онро «нисоби том» мегӯянд, бирасанд. Пас агар миқдори чизҳои зикршуда аз ҳадди нисоби том камтар бошад, закот надоранд. Пас агар миқдори чизҳои зикршуда аз ҳадди нисоби том камтар бошад, закот надоранд. Тамоми чизҳое, ки инсон ва хонаводааш дар зиндагии худ ба онҳо ниёз дорад, аз ҳисоби нисоби том ҷудо мебошанд, магар вақте, ки дар онҳо мақсади тиҷорат дошта бошад. Намунае аз лавозими мавриди ниёз:
- Хӯрок ва пӯшоки зарурӣ.
- Заруриёти хона, монанди косаю табақ, қолин ва ғайра.
- Василаҳои нақлия дар ҳадди зарурат.
- Хонаҳои истиқоматӣ.
- Китобҳои мавриди ниёз ва ғайра.
Шахсе дорои нисоб буда, вале қарздор ҳам бошад, агар миқдори қарзаш ба андозаи тамоми молаш бошад, закот бар ӯ фарз нест. Вале, агар молаш бештар аз миқдори қарзаш бошад ва ин моли зиёд ба ҳадди нисоби том бирасад, он гоҳ закот бар он таъаллуқ мегирад. Закот бар моли гумшуда низ тааллуқ намегирад.[38]
Закот бар кӣ фарз аст
вироишПардохти закот бар ҳар мусалмоне, ки шароити зеринро доро бошад, фарз аст:[39]
- Озод бошад.
- Болиғ бошад.
- Оқил бошад.
- Молики комилул ихтиёри нисоби том бошад.
- Як соли қамарӣ бар молаш бигзарад, яъне як сол молики он шуда бошад.
- Нумӯъкунанда, яъне қобили афзоиш ва зиёдшавӣ бошад. Бинобар ин шарт моли гумшуда аз тааллуқи закот хориҷ аст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Сураи Тавба, ояти 103.
- ↑ Сураи Ҳашр, ояти 7.
- ↑ Сураи Моида, ояти 12.
- ↑ Сураи Аъроф, ояти 156.
- ↑ Сураи Бақара, ояти 110,277.
- ↑ Сураи Анбиё, ояти 73.
- ↑ Сураи Марям, ояти 13, 31, 55.
- ↑ Сунани Абӯдовуд, 1573
- ↑ Муснади имом Аҳмад, 1264)
- ↑ Сураи Анъом, ояти 141.
- ↑ Сураи Тавба, ояти 34.
- ↑ Сураи Бақара, ояти 267.
- ↑ Сураи Тавба, ояти 60.
- ↑ Сунани Абӯдовуд 1650.
- ↑ Сунани Тирмизӣ, 657.
- ↑ Сунани Насоӣ, 2611.
- ↑ Саҳеҳи Муслим (1072)-167.
- ↑ Сунани Абӯдовуд, 2985.
- ↑ Сунани Насоӣ, 3608.
- ↑ Саҳеҳи Бухорӣ, 1395.
- ↑ Саҳеҳи Муслим, 121 (19)-29, 122 (…)-30, 123 (…)-31.
- ↑ Саҳеҳи Бухорӣ 1466.
- ↑ Саҳеҳи Муслим (1000)-45).
- ↑ Шарҳи маъони-л-осор, ҷ. 2. – С. 23.
- ↑ Сунани Куброи Байҳақӣ, 7549, ҷ. 4. – С. 178.
- ↑ Нисо,ояти 5.
- ↑ Муваттаъ – Ҷ. 1. – С. 248
- ↑ Китобу-л-амвол – С. 426
- ↑ ал-Хироҷ – С. 127
- ↑ ал-Хироҷ – С. 80
- ↑ Мусаннафи Абдурраззоқ, 6889
- ↑ Сунани Куброи Байҳақӣ, 7513, ҷ. 5. – С. 553
- ↑ Насбу-р-роя, ҷ. 1. – С. 359
- ↑ Сунани Абӯдовуд, 1564
- ↑ Мустадраки Ҳоким, 1478, ҷ. 2. – С. 8
- ↑ Сунани Абӯдовуд, 1565
- ↑ Мустадраки Ҳоким, 1477. – Ҷ. 2. – С. 7
- ↑ Абдушарифи Боқизода. Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби Ҳанафӣ. Душанбе, 2008. саҳ 389-390.
- ↑ Абдушарифи Боқизода. Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби Ҳанафӣ. Душанбе, 2008. саҳ 390.
Сарчашма
вироиш- Абдушарифи Боқизода. Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби Ҳанафӣ. Душанбе, 2008. 672 саҳ.
- Фарҳанги забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ.1 А–О./Дар зери таҳрири М.Ш.Шукуров, В.А.Капранов, Р.Ҳошим, Н.А. Маъсумӣ. – Москва 1969, - c.431
- Боқизода Абдушариф. Закот ва ҷойгоҳи он дар низоми ислом. – Д., 2008
- Ислам: Энциклопедический словар. – М., 1991
- Религиоведекния/Энциклопедический словарь. – М., 2006
- يوسف القرضاوي. فقه الزكاة. الجزء الاول. – بيروت، 1973
- موطأ الامام مالك (تحقيق محمد مصطفي الاعظمي). – ابوظبي، 2004
- ابويسف يعقوب بن ابراهيم. الخراج. – القاهرة، 1999
- موجز دائرة المعارف الاسلامية. الجزء الرابع العشر. – الشارقة، 1998
- الموسوعة الاسلامية العامة. – القاهرة، 2001
- المسوعة الفقهية. الجزء الثالث والعشرون. – الكويت، 2002
- ابوعبيد القاسم بن سلام. كتاب الاموال. – المنصورة (مصر)، 2007
- محمد امين بن عمر المعروف بابن عابدين. رد المحتار علي الدر المختار. الجزء الثالث. – بيروت، 2007
- .دائرة المعارف فارسی. ج. 1. – تهران، 1387 ش
- دائرة المعارف جهان نوین اسلام. ج. 2. – تهران، 2009