Эшони Маҳмудҷон (Қаҳоров Маҳмудҷон Тӯраевич; 15 сентябри 1960, деҳаи Туркобод, ноҳияи Кофарниҳон) — рӯҳонӣ, яке саршиностарин уламои исломии Тоҷикистон.

Эшони Маҳмудҷон
Қаҳоров Маҳмудҷон Тӯраевич
Тахаллусҳо: Эшони Маҳмудҷон, Мавлавӣ Маҳмудҷон, Домулло Маҳмудҷон
Дин: ислом
Таърихи таваллуд: 15 сентябр 1960(1960-09-15) (64 сол)
Зодгоҳ: деҳаи Туркобод, ноҳияи Кофарниҳон
Мамлакат:  Тоҷикистон
Падар: Эшони Тураҷон

Зиндагинома

вироиш

Эшони Маҳмудҷон 15 сентябри 1960 дар деҳаи Туркободи ноҳияи Кофарниҳон хонадони ҳазрати Эшони Тураҷон (раҳимаҳуллоҳ) ба дунё омада аст. Бародари Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода Ӯ аз овони кудаки завқу шавқи зиёде ба таҳсили илм дошт, ки падари бузургвораш ҳазрати Эшони Тураҷон (раҳимаҳулло) уро ба назди бобояш домулло Абдуссамад гузошт. Дар назди эшон 14 ҷузъ қурьонро ҳифз намуд ва улуми аввалиро низ аз ӯ гирифт. Сипас улуми тафсиру ҳадис, таъриху адаб, сарфу наҳв, фиқҳу усули он ва миросро аз бародари бузургашон Эшони Нуриддинҷон омӯхт. Баъд аз он барои омӯхтани илми мантиқ ба назди Ҳоҷи домулло Муҳаммадҷони Ҳиндустони рафт ва дар муддати кутоҳ он илмро низ аз худ кард. Эшон ҳанӯз дар синни 17-солаги тамоми улуми тақлидии диниро фаро гирифта, ба худомузи шурӯъ карданд ва аз ҷумлаи донишмандони ангуштшумори кишвар гардиданд. Ӯ соли 1977 мактаби миёнаи № 9 ноҳияро бо баҳои аъло хатм карда, дар муассиса ва корхонаҷои гуногун ба ҳайси коргар ифои вазифа кардааст. Шуғли варзидаи эшон таълиму тадрис ва ваъзу иршоди мардуми азизи кишвар ба шумор меравад. Аз ин ҷост, ки садҳо шогирди лоиқу сазовор барои пешбурди дини Худо ба ҷомиъа тақдим кардаанд. Эшон дорои ахлоқи ҳамида ва бузурги инсонианд. Ниҳоят ҳалиму бурдбор ва сабуру хоксоранд.

Ҳанӯз аз охирҳои садаи ҳаштодум бо навиштани силсила мақолоти илмии худ пиромуни фалсафаи «мабдаъ ва маъод» дар доираи донишмандон мақоми худро муайян сохта буд. Дар эҳёи осори Мавлавӣ Ҷунунӣ — «Маъдану-л-ҳол» (1996), «Девони Ҷунунӣ» (2002), «Ганҷ-ул-ошиқин» (2004), саҳим аст. Инчунин Эшон дар тарҷума ва шарҳу эзоҳи рисолаи «Тазйин-ул-ибора ли таҳсинил-ишора»-и Мулло Алӣ Қорӣ хидмати шоёне анҷом додаанд. Ӯ аз ҷумлаи донишмандонест, ки мудом дар масоили доғи рӯз аз ибрози фикр ва муъолиҷаи он бетафовут набудааст. Соли 1984 оиладор шуда, ҳоло соҳиби 6 фарзанд аст. Аз соли 1992 то соли 1998 дар кишвари Қазоқистон муҳоҷир буданд. Дар семинар ва конфронсҳои илми дар хориҷи кишвар-(ИМА, Ирон, Либиё) ширкати фаъол намудааст.

Пайвандҳо

вироиш