Эшонхон Нӯъмонов
Эшонхон Нӯъмонов — омӯзгор, доктори илмҳои химия (1970), профессор (1971), академики Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1985), Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1978).
Эшонхон Усмонович Нӯъмонов | |
Таърихи таваллуд | 12 март 1918 |
Зодгоҳ | Самарқанд |
Таърихи даргузашт | 29 ноябр 1992 (74 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | petrochemical industry[d] |
Ҷойҳои кор | Институти химияи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои химия |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи А. Навоӣ,Донишкадаи давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М.Киров |
Роҳбари илмӣ | Aleksei Balandin[d] |
Ҷоизаҳо | медалҳои “Барои ғалаба бар Германия”, “Барои фатҳи Берлин”, “Барои озод кардани Прага”; Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон, Ифтихорномаҳои фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишЭшонхон Нӯъмонов 12 марти соли 1918 дар гузари Даҳбеди шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Дар мактаби куҳна, мактаби усули нави Абдулқодир Шакурӣ таълим гирифтааст (1924-1931). Дар факултети кимиёи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи А. Навоӣ таҳсил намудааст (1936-1941).Солҳои 1939-1940 рухсатии академӣ гирифта, дар мактаби миёнаи № 1 ноҳияи Сталинобод (ҳоло – мавзеи Яккачинор) ба талабагон аз фанни кимиё, физика ва риёзиёт, муаллимони ғоибхони курсҳои тайёрӣ аз риёзиёт дарс гуфтааст. Баробари оғози Ҷанги Бузурги Ватании 1941-1945 ихтиёран ба фронт рафта, бар зидди ӯрдуи фашистони Олмон мардонавор ҷангидааст (1942-1945). Баъд аз баргаштан ба Ватан факултети табииёти Донишкадаи давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М.Кировро ғоибона хатм кардааст (1947). Фаъолияти мещнатиашро аз вазифаи лаборанти калони Институти химияи АИ Тоҷикистон (1947-1949) сар кардааст. Аспиранти Институти химияи органикии Москва ба номи Н.Д. Зелинскийи АИ СССР (1948-1952). Рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Таъсири фишори фавқулбаланд ба хосиятҳои катализаторҳои сахт” бомуваффақият дифоъ кардааст (1952). Мудири Лабораторияи кимиёи нафти Институти химияи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1952-1971) ва дар айни замон мудири кафедраи кимиёи умумии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино) (1952-1959), асосгузор ва роҳбари кафедраи кимиёи органикии ДДТ ба номи В.И.Ленин (1959-1992), директори Институти кимиёи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1971-1988).
Фаъолияти илмӣ
вироишЭ. Нӯъмонов соли 1972 дар мавзӯи “Унсурҳои гетероатомии нафти депрессияи Тоҷикистон” рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст, ки он аҳамияти ҷаҳонӣ дошт. Чун узви фаъоли Шӯрои умумииттифокӣ оид ба нафтохимия ва Раиси раёсати Тоҷикистонии Ҷамъияти умумиит. химияшиносон ба номи Д.И. Менделеев (Москва) дар бисёр симпозиуму маҷлисҳои мамлакатҳои Олмон, Венгрия, собиқ Чехословакия ва Москва, Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург), Ригаю Таллин, Тифлису Ботуми, Грозний, Уфа, Гуреву Новосибирск ва ғ. иштирок кардааст. Муаллифи беш аз 250 асару мақолаҳои илмӣ ва илмии оммавӣ, аз он ҷумла монографияи “Компонентҳои гетероатомии нафтҳои депрессияи Тоҷикистон” (1974) аст. Ба ҳайати узви Шӯрои илмии кимиё ва технологияи пайвастагиҳои органикии сулфури назди Комитети давлатии илму техникаи Шӯрои Вазирони СССР, Шӯрои илмӣ оид ба кимиёи нафти назди шуъбаи умумӣ ва кимиёи техникии АИ СССР, Шӯрои илмии минтақавии химияи нафти Қазоқистон ва Осиёи Миёна, раиси бахши кимиёи Комитети истилоҳи назди Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, раиси Шӯрои минтақавии махсуси дифои рисолаҳои номзадӣ корҳои ҷамъиятиро фаъолона баҷо овардааст.
Ҷоизаҳо
вироишПайвандҳои беруна
вироиш- Аъзои пайвасти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. Бойгонӣ шудааст 18 сентябри 2017 сол.
- Сомонаи ant.tj Направления всеоблеющей химии Бойгонӣ шудааст 17 августи 2014 сол.
Сарчашма
вироиш- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216с.
- ↑ Аслҳо ва наслҳо. – Душанбе, 2013, — Душанбе,2013, — С. 98. — 184 с. — ISBN 978-99947-958-2-6