Эътилофи Шимол
Фронти Муттаҳидаи Исломии наҷоти Афғонистон, кирилликгардонии дарӣ: Ҷабҳаи муттаҳиди Исломии миллӣ барои наҷоти Афғонистон (форсӣ: جبهه متحد اسلامی ملی برای نجات افغانستان Jabha-yi Muttahid-i Islāmi-yi Millī barā-yi Nijāt-Afgānistān), инчунин бо номи Иттиҳоди Шимолӣ, ё Алянси Шимолӣ (Эътилофи Шимолӣ) машҳур аст — иттиҳоди як қатор ҷанговарони Афғонистон мебошад, ки дар соли 1996 ташкил ёфтааст.
форсӣ: جبهه متحد اسلامی ملی برای نجات افغانستان | |
| |
Идеология | исломгароии мӯътадил, Антикоммунизм |
Дин | Ислом |
Раҳбарон |
Аҳмадшоҳи Масъуд (†), Бурҳонуддин Раббанӣ, Абдул-Рашид Дустум, Ҳоҷӣ Абдулқодир, Асиф Мӯҳсинӣ, Карим Халили, Муҳақиқ Муҳаммад |
Ҷойгиршавӣ (штаб-квартира) | Афғонистон, Кабул |
Таърихи ташкилёбӣ | соли 1996 |
Ҷудошавӣ аз | Муҷоҳидони афғон |
Ҳамммаслакон |
1) Ҷамъияти исломии Афғонистон; 2) Ҳизби ваҳдати исломии халқи афғон; 3) Ҳаракати миллии исломии Афғонистон; 4) Ҳизби ваҳдат |
Душманон | Толибон, Ал-Қоида |
Шумораи аъзо | номаълум |
Иштирок дар даргириҳо | Ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон (1996—2001) |
Таърихи офариниш
вироишПас аз забти Кобул дар соли 1996 Толибон дар Афғонистон ҳукумати нав таъсис доданд. Яке аз раҳбарони афғонҳои ҷанговар, фармондеҳ Аҳмадшоҳи Масъуд, пас аз шикасти дар наздикии Кобул дар соли 1996, роҳбари кишвари (де-факто) мустақил бо аҳолии 5,5 миллионнафарии минтақаи марказии-шимолии Афғонистон (вилоятҳои Панҷшер, Парвон, Каписа, Бағлон, Бадахшон, Тахор, Балх, Ҷузҷон, Форёб, Қундуз) бо пойтахташ дар ш. Бозорак (номи «Масъудистон»-ро гирифт) шуд, он ки соҳиби ҳукумати худ, пул ва лашкари мусаллаҳ (аз ҷумла танкҳои истеҳсоли Шӯравӣ), ки шумораи онҳо то ба 60 ҳазор нафарро мерасид, буд2]. Иттиҳодияи Шимолиро Аҳмадшоҳи Масъуд пас аз тарси ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Толибон эҳё кард.
Аҳмадшоҳи Масъуд тавонист дастгирии Русия ва инчунин бисёр кишварҳои ғарбӣ ва қудратҳои минтақавиро ҷалб кунад, пас аз он, ки силоҳҳои нисбатан нав ба даст овард, тавонист тақрибан 25% қаламрави кишварро дар шимоли Афғонистон, асосан дар қаламрав бо аҳолии тоҷикона, ба зери идораи худ дарорад.
Аз ҳадди аққал соли 1999, Эътилофи Шимолӣ бо CIA робитаҳои зич барқарор кардааст, зеро директори CIA Ҷорҷ Теннетт дар китоби худ «Дар мобайни тӯфон» навиштааст: «Дар ду соли пеш аз 11 сентябр гурӯҳҳои CIA дар дараи Панҷшер дар шимоли Афғонистон ҷойгир шуданд, панҷ маротиба бо фармондеҳони гуногуни саҳроӣ, пеш аз ҳама Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Эътилофи Шимолӣ мулоқот карданд."
Эътилофи Шимолӣ пас аз марги Аҳмадшоҳи Масъуд
вироиш9 сентябри соли 2001, ду маргталаб худро пинҳон карда, бо номи рӯзноманигорони телевизион, ки бо раҳбари Эътилофи Шимолӣ мусоҳиба мекарданд, як маводи таркандаро, ки дар камераи телевизионӣ насб шуда буд, тарконданд. Дар тӯли як ҳафта вазъи корҳо аз ҷомеа бодиққат пинҳон карда шуд, ҳатто хешовандони наздики Масъуд, ашхоси атрофаш, дипломатҳои баландпоя якдилона итминон доданд, ки фармондеҳи афғон ҷароҳат бардоштааст, аммо ҳаёти ӯ дар хатар набуд. Ин маълумот тасдиқ нашуд: Масъуд аз захмҳои бардоштааш фавтид. 16 сентябри соли 2001 дар дараи Панҷшер дафн карда шуд.
Генерал Муҳаммад Фаҳимхони 44-сола ба ҷои Масъуд омад. 13 сентябр генерал дар Душанбе ба мақомоти расмии Эрон, Русия, Ҳиндустон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, ки фавран барои мулоқот оид ба вазъи Афғонистон ҷамъ омада буданд, муаррифӣ шуд. Муҳаммад Фаҳимхонро ҳама мешиносанд. Вай факултаи теологии Донишгоҳи Кобулро хатм карда, бар зидди артиши Шӯравӣ ҷангид, соли 1992 вазири амният таъйин шуд, чанде пеш мушовири Аҳмадшоҳи Масъуд буд.
Дере нагузашта, дар натиҷаи ҳамлаи Эътилофи Шимолӣ ва амалиёти зиддитеррористии Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳо, ҳукмронии Толибон дар Афғонистон хотима ёфт ва Масъудистон аз байн рафт.
Эзоҳ
вироишПайвандҳо
вироиш- Northern Alliance FAS
- Who are the Northern Alliance? BBC 13 November, 2001
- Afghanistan’s Northern Alliance BBC 19 September, 2001,
- [https://web.archive.org/web/20220522230840/https://www.hrw.org/reports/2001/afghan2/Afghan0701-01.htm#P195_43109 Бойгонӣ шудааст 22 май 2022 сол. Human Rights Watch on the UIF]
- Справка: Северный альянс — антиталибская коалиция(пайванди дастнорас)
- Что такое Северный альянс