Юлдош Ҳоҷибоев
Юлдош Ҳоҷибоев (06.08.1945, деҳаи Қалъаи Дӯсти н. Деваштич) — доктори илмҳои химия (1999), профессор (2002).
Юлдош Ҳоҷибоев | |
Таърихи таваллуд | 6 август 1945 (79 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Деваштич, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | кимиё |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои химия |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин |
Зиндагинома
вироишЮлдош Ҳоҷибоев факултаи химияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро соли 1967 хатм карда, баъди адои хидмат дар сафи Артиши Шӯравӣ (1967-1968) ҳамчун ассистенти кафедраи биохимияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино фаъолият доштааст. Солҳои 1970-1972 ходими хурди илмии Институти эпидемиология ва гигиенаи Тоҷикистон, 1972-1975 аспиранти Институти химияю дорусозии шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург), 1975-1994 ассистент, муаллими калон ва дотсенти кафедраи химияи органикӣ ва биологӣ, 1994-1997 муовини декани факултаи биохимияи ДДО ба номи Т.Г. Шевченко, 1997-1999 ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи химияи АИ Тоҷикистон буд. Аз соли 2000 вазифаи мудири кафедраи химияи биоорганикӣ ва физколлоидии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро адо намудааст. Бобати синтез, омӯзиши сохт ва хосиятҳои пайвастҳои гетеросиклии тиазол, 1, 3, 4-тиадиазол ва ҳосилаҳои онҳо ковиши илмӣ анҷом дода, беш аз сад таълифот ба хидмат овардааст.
Осор
вироиш- Самоконтроль на практикуме по органической химии. Часть I, II. – Д., 2001, 2002;
- Курс лекции по биоорганической химии. Учебное пособие. – Д., 2004;
- Пурсишҳо барои озмуни тестӣ. – Д., 2007;
- Синтез, превращения и свойства функциональных производных тиазола и 1, 2, 4-тиадиазола. – Д., 2009;
- Курси лексияҳо аз химияи биоорганикӣ. Китоби дарсӣ. – Д., 2009.[1]
Пайвандҳо
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – 728 с.