Юрий Бондарев
Бондарев Юрий Василевич (15 март 1924[1][2][3][…], Орск[d], губернияи Оренбург[d][1] — 29 март 2020[4][5], Маскав[4]) — нависандаи рус. Ширкаткунандаи ҶБВ (1941—1945) аз августи 1942. Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1984).
русӣ: Юрий Васильевич Бондарев | |
Таърихи таваллуд: | 15 март 1924[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 29 март 2020[4][5] (96 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | нависанда, филмноманавис, насрнавис, филмноманависи синамо, қиссанавис |
Жанр: | румон, повест[d], қисса[d] ва ҷустор |
Забони осор: | русӣ[6][7][5] |
Ҷоизаҳо: | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Институти адабиёти ба номи М. Горкий (1951). Ҳикояҳои нахустинаш соли 1949 дар матбуот чоп шудаанд. Маҷмӯаи нахустинаш — «Дар дарёи калон» (1953), повести нахустинаш — «Командирони ҷавон» (1956). Мавзӯи асосии эҷодиёти Юрий Бондарев дар ҳикояҳо, повестҳо ва романҳояш ҶБВ (1941-45) мебошад. Дар повестҳои «Баталйонҳо ба ҳуҷум кардан даъват мекунанд» (1957), «Тирборони охирин» (1959), романи «Барфи гарм» (1969) ва ғ. Юрий Бондарев қаҳрамониҳои аскарон, афсарон, генералҳои шӯравӣ, инчунин авзои рӯҳии онҳоро бо маҳорати баланд тасвир намудааст. Дар романҳои «Хомӯшӣ» (1962) ва идомаи он — романи «Ду нафар» (1964) воқеаву ҳодисаҳои давраи баъд аз ҷанг, саргузашти қаҳрамонони ба давраи осоиш расида ва мавқеи худро дар зиндагӣ ҷустани онҳо инъикос ёфтааст. Дар ҳикояҳои маҷм. «Шомгоҳ» (1962), повести «Хешовандон» (1969) Юрий Бондарев аз зиндагию омоли ҷавонони шӯравӣ ҳикоя кардааст. Юрий Бондарев яке аз муаллифони сенарияи филми «Озодӣ» (1970, дорандаи Мукофоти ленинӣ, 1972) мебошад. Дар романи тетралогия (чоргона)-и «Соҳил» (1975, Мукофоти давлатии ИҶШС, 1977), «Интихоб» (1980; Мукофоти давлатии ИҶШС, 1983), «Бозӣ» (1985), «Санҷиш» (1991) масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавии давр (солҳои 70-80 замони шӯравӣ) матраҳ гардидаанд. Дар ин асарҳо инчунин мавзӯи ҶБВ (1941-45) яке аз мавзӯъҳои асосӣ мебошад. Умуман дар тамоми осори Юрий Бондарев низоъҳои драмавии тезу тунди маънавӣ, иҷтимоӣ ба миён гузошта шудаанд. Аз рӯйи асарҳои Юрий Бондарев «Тирборони охирин» (1961), «Хомӯшӣ» (1964), «Соҳил» (1984), «Барфи гарм» (1972) филмҳо офарида шуда, пешкаши тамошобинони собиқ ИҶШС гардида буданд.
Юрий Бондарев дар анвои дигари адабӣ — эссеҳои импрессионистӣ «Лаҳзаҳо» (1977-82), романи публитсистӣ дар мавзӯи рӯз «Салоҳиятҷӯӣ» (1994-96), китоби андешаҳо оид ба мавқеи адабиёт дар раванди таърих «Ҷустуҷӯи ҳақиқат» (1976) ва ғ. низ асарҳо офаридааст.
Ордену ҷоизаҳо
вироишБо ду ордени Ленин, орденҳои Револютсияи Октябр, Байрақи Сурхи Меҳнат, Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи II), «Нишони Фахрӣ» сарфароз гадидааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Бондарев Юрий Васильевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ 2.0 2.1 filmportal.de — 2005.
- ↑ 3.0 3.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ 4.0 4.1 4.2 4.3 https://iz.ru/992997/vladislav-krylov/nepokorennyi-umer-iurii-bondarev
- ↑ 5.0 5.1 5.2 ПроДетЛит (рус.) — 2019.
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Чешская национальная авторитетная база данных
Адабиёт
вироиш- Бондарев Юрий Василевич // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.