Юрий Поносов
Юрий Поносов (русӣ: Юрий Филимонович Поносов; 24 март 1941 — 20 апрел 2024, Маскав) — арбоби давлатӣ ва ҳизбии шӯравию ва Тоҷикистон. Депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон. Раиси шаҳри Душанбе (1994–1996).
русӣ: Юрий Филимонович Поносов | |
27-умин Раиси шаҳри Душанбе
|
|
декабри соли 1994 — марти соли 1996 | |
Пешгузашта | Ҷамолиддин Мансуров |
Ҷонишин | Маҳмадсаид Убайдуллоев |
Ҷонишини вазири сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
|
соли 1993 — соли 1994 | |
соли 1990 — соли 1993 | |
Таваллуд | 24 март 1941 |
Даргузашт |
20 апрел 2024 (83 сол) |
Дудмон | мард |
Ҷоизаҳо |
Зиндагинома
вироишЮрий Поносов соли 1961 Техникуми ҷангали Читаро аз рӯи ихтисоси «техник», соли 1974 Донишкадаи инженери нақлиёти роҳи оҳани Тошкандро ғоибона ва Мактаби олии ҳизбии Тошкандро дар соли 1982 хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатӣ
вироишФаъолияти корияшро соли 1961 ба ҳайси коргари дастгоҳи Раёсати сохтмони «Саноатшаҳрвандсоз»-и ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло Ваҳдат) оғоз кард. Хидмат дар Артиши Шӯравӣ (1963–66). Сартехнолог (1966–72), ҷонишини директори Комбинати хонасозии ноҳияи Орҷоникидзеобод (1972–73), ҷонишини раиси комиҷроияи Шӯрои депутатҳои меҳнаткашони ноҳияи Орҷоникидзеобод, котиби дуюми кумитаи ҲК шаҳри Орҷоникидзеобод (1975–80), мудири шуъбаи кори ташкилии ҳизб (1982–83), котиби якуми кумитаи ҲК шаҳри Кӯлоб (1983–85), котиби дуюми ҲК ВМКБ (1985–88), ҷонишини якуми раиси комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Душанбе (1988–90), Вазири сохтмон, раиси ширкати холдингии давлатии «Тоҷиксоз» (1990–93), ҷонишини вазири сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993–94). Раиси шаҳри Душанбе (декабри 1994 – марти 1996).
Аз соли 2000 сардори Раёсати корҳои Кумитаи давлатии сохтмони Русия (Госстрой) мебошад.
Ҷоизаву медалҳо
вироишБо 2 ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо сарфароз гардидааст.
Даргузашт
вироишЮрий Поносов 20 апрели соли 2024 дар Маскав бар асари сактаи дил дар роҳ ба беморхона дар мошини ёрии таъҷилӣ дар 83-солагӣ даргузашт[1][2].
Эзоҳ
вироиш- ↑ В Москве умер бывший вице-премьер Таджикистана Поносов(рус.). В Москве умер бывший вице-премьер Таджикистана Поносов. 29 апрели 2024 санҷида шуд.
- ↑ Рао/Ро. Даргузашти Юрий Поносов, собиқ раиси шаҳри Душанбе - расонаҳо(тоҷ.), Радиои Озодӣ (26 апрели 2024). Проверено 29 апрели 2024.
Сарчашма
вироиш- Душанбе. Энциклопедия. / Главный научный редактор Диноршоев М. Д.. — Д.: Главная научная редакция Таджикской Национальной Энциклопедии, 2004. — 592 с. — ISBN 5-89870-071-4.