Раиси шаҳри Душанбе

Раиси шаҳри Душанбе — намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳокимияти иҷроияро дар шаҳри Душанбе амалӣ сохта[2], аз рӯи усули яккасарварӣ фаъолият менамояд, вазифаи роҳбарии давлатиро дар қаламрави пойтахт анҷом медиҳад ва ҳамзамон ҳокимияти намояндагиро дар қаламрави шаҳр сарварӣ мекунад; бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин ва аз кор озод карда шуда, фармони мазкур дар иҷлосияи Маҷлиси шаҳрӣ ба тасвиб мерасад.

Раиси шаҳри Душанбе
Дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон[1].
Сайт dushanbe.tj

Дар ҳоли ҳозир (аз 12 январи соли 2017) иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мебошад.

Таърих

вироиш

То 6 ноябри 1994 мақомоти ҳокимияти давлатии пойтахт Шӯрои депутатҳои халқии шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияву амрдиҳандаи он Кумитаи иҷроия (Комиҷроия)-и шаҳри Душанбе буд. Раисони Комиҷроия (Кумитаи инқилобӣ)-и шаҳри Душанбе:

  1. Мирзошариф Раҳимов (1925–1926)
  2. Ҷумъа Зиёев (1926–1928)
  3. Бобоназар Мирзоев (1928–1929)
  4. С. Вазиров (1929–1930)
  5. Ҷ. Яъқубов (1930–1931)
  6. Л. Ризоев (1931–1932)
  7. Бобо Ҳамдамов (1932–1933)
  8. А. Ёрмуҳаммадов (1933)
  9. Абдукарим Розиқов (1933–1937)
  10. Ҷ. Шанбезода (1937–1938)
  11. М. В. Калитин (1938–1940)
  12. Т. Е. Сараев (1940–1943)
  13. Ш. Юсуфов (1943–1947)
  14. Г. М. Яъқубов (1947–1950)
  15. К. Р. Иброҳимов (1950–1953)
  16. А. Асроров (1953–1956)
  17. Х. Х. Солеҳбоев (1956–1957)
  18. Н. З. Бобоҷонов (1957–1960)
  19. М. Нарзибеков (1960–1967)
  20. М. Наимов (1967–1969)
  21. Х. Мамадназаров (1969–1976)
  22. К. М. Назиров (1976–1982)
  23. Н. Шораҳмонов (1982–1986)
  24. М. М. Икромов (1986–1992)

Раисони шаҳри Душанбе аз соли 1991

вироиш
  1. Тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе // PRESIDENT.TJ — Д., 12 январи 2016
  2. Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ». Д., 17 майи соли 2004, №28

Сарчашма

вироиш
  • Душанбе. Энциклопедия. / Главный научный редактор Диноршоев М. Д.. — Д.: Главная научная редакция Таджикской Национальной Энциклопедии, 2004. — 592 с. — ISBN 5-89870-071-4.