Ҷамолиддин Мансуров
Ҷамолиддин Мансуров (тав. 16 октябри 1951, ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон) — арбоби давлатии тоҷик. Раиси комиҷроияи шаҳри Душанбе (1993–1994). Ҷонишини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994–2001), ҷонишини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001).
Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
|
---|---|
— 2001 | |
Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
|
соли 1994 — соли 2001 | |
соли 1993 — декабри соли 1994 | |
Пешгузашта | Мирзотемур Мирзоев |
Ҷонишин | Юрий Поносов |
Таваллуд | 16 октябр 1951 (73 сол) |
Дудмон | мард |
Ҷоизаҳо |
Зиндагинома
вироишҶамолиддин Мансуров соли 1951 дар деҳаи Қипчоқи ноҳияи Ҳисор зода шудааст[1]. Хатмкардаи факултаи иқтисодии Университети давлатии Тоҷикистон (1973).
Фаъолияти меҳнатӣ
вироишФаъолияти меҳнатиро соли 1973 ба ҳайси иқтисодчии калони комиҷроияи ноҳияи Ҳисор оғоз карда, сипас сардори стансияи иттилооту ҳисоббарории ноҳияи Ҳисор буд. Хидмат дар Артиши Шӯравӣ (1978–79). Нозири шуъбаи ташкилии кумитаи ҲК ноҳияи Ҳисор, директори совхози ниҳолпарварии «Дӯстӣ», мудири шуъбаи кишоварзӣ, нозири шуъбаи ташкилии кумитаи ҲК ноҳияи Ҳисор (1979–89), раиси Шӯрои депутатҳои халқии ноҳияи Ҳисор (1989–93). Раиси комиҷроияи шаҳри Душанбе (1993–94). Ҷонишини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994–2001), ҷонишини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001). Вакили мардумӣ, узви Раёсати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст.
Ҷамолиддин Мансуров аз соли 2005 бознишаста шуд[1].
Ҷоизаву медалҳо
вироишБо ордени «Дӯстӣ» (1999) ва медалҳо сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Sputnik. Шаҳрдори пешини Душанбе муттаҳам ба қатли имом-хатиб мешавад(тоҷ.). sputnik-tj.com. 13 октябри 2017 санҷида шуд.
Сарчашма
вироиш- Душанбе. Энциклопедия. / Главный научный редактор Диноршоев М. Д.. — Д.: Главная научная редакция Таджикской Национальной Энциклопедии, 2004. — 592 с. — ISBN 5-89870-071-4.