Юсуф Акрамов (1 сентиябри 1925, деҳаи Қалъачаи Бакавули ноҳияи Истаравшан1 августи 2009, Душанбе) — хокшинос, доктори илмҳои кишоварзӣ (1979).

Юсуф Акрамов
Таърихи таваллуд 1 сентябр 1925(1925-09-01)
Зодгоҳ Истаравшан
Таърихи даргузашт 1 август 2009(2009-08-01) (83 сол)
Маҳалли даргузашт шаҳри Душанбе
Фазои илмӣ олим

Солҳои фаъолият вироиш

Иштирокчии ҶБВ (1941 – 1945). Хатмкардаи факултети агрономии Академияи кишоварзии ба номи К. А. Тимирязеви шаҳри Москва (1956). Ходими хурди илмӣ (1956 – 1959) ва аспиранти Институти хокшиносӣ, ирригатсия ва мелиоратсияи АИ ҶШС Тоҷикистон (1959 – 1962), корманд (1962 – 1976) ва мудири шуъбаи биологияи хоки Институти тадқиқоти илмии хокшиносии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон (1976 – 2001). Аз соли 2001 профессор факлутаи биологияи ДАТ буд. Акрамов муаллифи зиёда аз 40 асару мақолаҳои илмист, ки ба масъалаҳои омӯзиши моддаҳои органикии таркиби хок ва хусусиятҳои биологии он оиданд. Бо орденҳои «Нишони Фахрӣ», Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи I), Шараф (дараҷаи 3), медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Осор вироиш

  • Русско-таджикский терминологический словарь по почвоведению, Д., 1981;
  • Действие органических веществ и минеральных удобрений на плодородие и производительность почв, Д., 1983;
  • Органические вещества почв в вертикальных поясов Таджикистана, его роль в почвообразовании и земледелии, Д., 1987;
  • Моддаҳои органикии хоки минтақаҳои амудии Тоҷикистон ва аҳамияти он дар пайдоиши хок ва зироат, Д., 1991.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш