Ғаниҷон Абдусамадов
Ғаниҷон Абдусамадов — иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисод (1996), профессор (1997), Аълочии маорифи Тоҷикистон
Ғаниҷон Самадович Абдусамадов | |
Таърихи таваллуд | 5 июн 1947 (77 сол) |
Зодгоҳ | Ленинобод |
Ҷойҳои кор | Донишкадаи давлатии педагогии Ленинобод ба номи Киров, Комитети вилоятии Ҳизби коммунистӣ вилояти Суғд, Муовини Раиси вакилони халқии вилояти Суғд, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои иқтисод |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Институти савдои советии Ленинград ба номи Ф. Энгелс |
Ҷоизаҳо | Аълочии маорифи Тоҷикистон, Аълочии кооператсияи матлуботи ҶТ, Корманди шоистаи кооператсияи матлуботи ҶТ, Ҷоизаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Институти савдои советии Ленинград ба номи Ф. Энгелс (1971). Солҳои 1971 – 1973 сармуҳандис-технологи калони Раёсати савдои вилояти Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд), 1974 – 1977 ассистенти кафедраи иқтисоди сиёсии Донишкадаи давлатии педагогии Ленинобод ба номи Киров, 1977 – 1981 аспиранти кафедраи иқтисоди сиёсии факултети иқтисодии УДТ, 1981 – 1982 - муаллими кафедраи иқтисоди сиёсии Донишкадаи давлатии педагогии Ленинобод ба номи Киров, 1982 – 1990 - лектор, мудири шуъбаҳои илм ва муассисаҳои таълимӣ, иҷтимоӣ-иқтисодии Комитети вилоятии Ҳизби коммунистӣ вилояти Суғд, 1990 – 1992 - муовини Раиси вакилони халқии вилояти Суғд, 1992 – 1996 - дотсент ва ходими калони илмии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, 1966 – 2000 мудири кафедраи «Иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ»-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ), 2000 – 2001 - профессори кафедраи «Иқтисодиёт ва менеҷмент», 2001 –2008 - мудири кафедраи «Назарияи иқтисодӣ ва иқтисодиёти ҷаҳонӣ» ва 2008 – 2009 - муовини проректор оид ба таълими Комплекси ягонаи таълимии дар шаҳри Хуҷанд будаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон. Аз сентябри 2009 - декани факултети Технологияи компютерӣ ва ҳисобгирии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон буд.
Фаъолияти илмӣ
вироишОид ба масъалаҳои барқароршавӣ ва рушди муносибатҳои бозорӣ дар Тоҷикистон беш аз сад асару мақола навиштааст. Ҳамаи тадқиқоти илмиаш ба ташаккул ва тараққии муносибатҳои бозорӣ дар Тоҷикистон бахшида шудаанд.
Осор
вироиш- Таджикистан и рынок. - Душанбе, 1994;
- Закономерности становления и развития рыночных отношений в Республике Таджикистан. - Душанбе, 1995;
- Развитие предпринимательства за рубежом. - Худжанд, 1999;
- Переход к рынку. - Душанбе, 1999;
- Асосҳои иқтисодиёт. - Хуҷанд, 2006.[1]
Ҷоизаҳо
вироиш- Аълочии маорифи Тоҷикистон,
- Аълочии кооператсияи матлуботи ҶТ,
- Корманди шоистаи кооператсияи матлуботи ҶТ,
- дорандаи Ҷоизаи ба номи акад. Бобоҷон Ғафуров (1999)
Сарчашма
вироиш- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 1. А-АСОС – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2012- с. ?
Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.