Ғулом Исҳоқ Хон
Ғулом Исҳоқ Хон (20 январ 1915, Bannu District[d], Роҷи Бритониё — 27 октябр 2006[1], Пешовар) — арбоби давлатии Покистон Президенти Покистон (1988—1993).
урду: غلام اسحاق خان | |
17 август 1988 — 18 июл 1993 | |
Пешгузашта | Муҳаммад Зиёулҳақ |
Ҷонишин | Васим Саҷод |
21 март 1985 — 12 декабр 1988 | |
Пешгузашта | Khan Habibullah Khan[d] |
Ҷонишин | Васим Саҷод |
5 июл 1977 — 21 март 1985 | |
Пешгузашта | Abdul Hafiz Pirzada[d] |
Ҷонишин | Mahbub ul Haq[d] |
12 октябр 1975 — 5 июл 1977 | |
Ҷонишин | Ghulam Jilani Khan[d] |
22 декабр 1971 — 30 ноябр 1975 | |
Пешгузашта | Shahkur Ullah Durrani[d] |
Ҷонишин | Asaf Jah VII of Hyderabad[d] |
Таваллуд |
20 январ 1915 |
Даргузашт |
27 октябр 2006[1] (91 сол) |
Таҳсилот | |
Эътиқод | суннӣ |
Ҷойҳои кор |
Зиндагинома
вироишДар оилаи паштунҳо ба дунё омадааст. Донишгохи Пешоварро хатм карда, ихтисоси химия ва ботаникаро гирифтааст. Аз соли 1940 дар хидмати давлатй.
Аз соли 1947 — дар Покистони тозаистиқлол дар хидмат:
- 1947—1955 — котиби Сарвазири вилояти сархадии Шимолу Ғарбӣ, котиби департаменти ирригатсия;
- 1956—1958 — вазири корхои дохилӣ, баъд вазири обёрй ва обёрии иёлати Синд .
- 1958—1961 — сардори котиботи Вазорати хоҷагии деҳот, аъзои Шурои директорони Управленияи давлатӣ оид ба рушди захираҳои об ва энергетикаи Покистон;
- 1961—1966 — директори Идораи давлатии рушди захираҳои об ва энергетикии Покистон,
- 1966—1970 — котиби давлатии Вазорати молия,
- 1970—1971 — котиби Девони Вазирон,
- 1971—1975 — раиси бонки давлатии Покистон . Дар ин мансаб вай ба сиёсати иқтисодии сарвазир Зулфиқор Алӣ Бҳутто мухолифат кард .
- 1975—1977 — Котиби давлатии вазорати мудофиа дар ин вазифа бо ҳарбиён, аз ҷумла бо сарвари ояндаи давлат Муҳаммад Зиёулҳақ наздик шуд. Дар инкишофи барномаи миллии ҳастаӣ нақши муҳим бозид.
- 1977—1985 — вазири молияи Покистон. Вай дар ин вазифа хатти маъмурияти Зиёулхақро дар бобати исломикунонии иктисодиёт, навсозии системаҳои молия ва бонкии кишвар фаъолона пеш гирифт.
- 1985—1988 — Раиси Сенат.
Моҳи августи соли 1988, пас аз марги Муҳаммад Зиёулҳақ дар суқути ҳавопаймо, ӯ иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳур шуд ва аз 13 декабри соли 1988 Президенти Покистон интихоб шуд (дар коллегияи интихоботӣ аз 446 овоз 348 овоз гирифта, аз се номзадҳои дигар пештар гузашт, ки бо дастгирии бевоситаи Ҳизби халқии Покистон ва иттифоқи демократии исломӣ, инчунин артиш, ба мал омад).
Дар моҳи августи соли 1990 ӯ Беназир Бҳутторо аз мақоми нахуствазир барканор кард ва ҳукуматро дар фасод ва сӯиистифода аз қудрат муттаҳам кард. Аммо бо вориси ӯ Навоз Шариф забони муштарак наёфта, 18 апрели соли 1993 дар бораи истеъфои ӯ аз мақоми раиси ҳукумат фармон имзо кард. Додгоҳи олии Покистон ин тасмимро хилофи қонуни асосӣ хонд ва Шариф рӯзи 26 май ба курсии худ баргашт. Пас аз ин ихтилофхо боз хам тезу тунд шуд, зеро Шариф карор дод, ки аз матни Конститутсия нуқтаҳоеро, ки ба президент ҳуқуқи пароканда кардани мақомҳои олии ҳокимияти давлатиро медоданд, хориҷ кунад. Муноқиша ғайричашмдошт ҳал шуд: рӯзи 17 июл ҳарду сиёсатмадор аз мақомҳои худ аз ҷониби низомиён барканор шуданд.
Дар нафақа ӯ зиндагии хилват дошт ва аз тамос бо расонаҳо худдорӣ мекард.