Ғунда
Ғунда, Karadul, Қарақұрт (аз лот. Latrodectus tredecimguttatus), як навъ тортанаки заҳрнок. Рангаш сиёҳ буда, шикамаш холҳои сурхи гирдашон сафед дорад. Дарозиаш то 2 см; наринааш хурдтар (4 – 7 мм) аст. Ғунда дар Африқои Шимолӣ, Осиёи Ғарбӣ, Аврупои Ҷанубӣ дида мешавад; дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ маскун аст. Ғунда бештар дар заминҳои партов, соҳили ҷӯй, ҷарӣ ва ғ. зиндагӣ карда, асосан ҳашарот мехӯрад.
Ғунда аз ҷарангмор 15 маротиба заҳрноктар мебошад. Ҷои газидаи Ғунда сурхча шуда, баъди 10 – 15 дақ. шикам, миён, қафаси сина ва пойҳо ба дард медароянд; аксар вақт сар низ дард карда, чарх мезанад; одам безобита гашта қай мекунад, нафастанг ва пӯст кабуд мешавад. Баъди 3 – 5 рӯз дар пӯст доначаҳо медаманд ва ҳоли бемор беҳ мегардад. Бемор, одатан, пас аз 2 – 3 ҳафта шифо ёбад ҳам, беш аз як моҳ худро бемадор ҳис мекунад. Ҳангоми ёрии тиббӣ надодан, баъди 1 – 2 рӯзи газидани Ғунда мурдан мумкин аст.
Бо мақсади муолиҷа ба вена ё зери пӯст фиристодани 30 – 70 мл зардоби зидди ғунда, 10 мл маҳлули 10 фоизаи сулфати магний (ба вена), инчунин истифодаи доруҳои дил ва рафъи дард (новокаин, промедол, строфантин ва ғайра) тавсия мешавад. П. И. Мариковский бо гӯгирдчӯб сӯзонидани (то 1 – 2 дақ. баъди газидан) ҷои Ғунда газидаро тавсия кардааст (аз таъсири гармӣ заҳр таҷзия мешавад). Аз заҳри Ғунда шутур, гов ва асп бештар зарар мебинанд. Бинобар ин дар ҷойҳое, ки Ғунда ҳаст, аввал чарондани гӯсфандон мувофиқи мақсад мебошад, зеро онҳо аз заҳр кам зарар дида, Ғундаҳоро поймол мекунанд. Воситаи беҳтарини муолиҷа истифодаи зардоби махсуси зидди заҳри Ғунда аст. Онро дар шароити лаборатория бо роҳи ба организми ҳайвонот, хусусан асп, фиристодани вояи ками заҳри Ғунда тайёр мекунанд. Вале чунин зардоб сафедаҳои ғайр низ дорад, бинобар ин онро беҳтараш якҷоя бо вояи табобатии преднизолон ё доруи гормонии дигар истифода бурдан лозим аст.
Ғундагазида бояд ба худтабобат машғул нашавад, машруботи спиртӣ истеъмол накунад. Машруботи спиртӣ ҳаракати хунро зиёд карда, бо ин роҳ заҳрро зуд ба тамоми организм паҳн менамояд. Ҷои ғундагазидаро бо жгут бастан ҳам мумкин нест. Заҳр хоҳ нохоҳ дар ҷои захм боқӣ мемонад ва дар вақти кушодани жгут зуд ба маҷрои хун ворид мешавад. Дигар ин ки ҳангоми бо жгут бастани узв ҳуҷайраи девораи рагҳо дар ҷои осебёфта медиатор ҳосил мекунанд, ки он нафақат ба организм таъсири номатлуб мерасонад, балки таъсири худи заҳрро низ афзун мегардонад. Кӯшиш кардан лозим, ки заҳр ба организм ҳарчи дертар кора намояд. Барои ин ҷабрдида бояд аз ҳаракатҳои ҷисмонӣ худдорӣ кунад, дар зери офтоб нагардад[1].
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Ғунда аз Энсиклопедияи Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон http://tajmedun.tj/publ/unda/6-1-0-799(пайванди дастнорас)