Қаноатшо Холиқ Лоиқзода — омӯзгор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Қаноатшо Лоиқзода
Лоиқзода Қаноатшо Холиқ
Таърихи таваллуд: 1 феврал 1971(1971-02-01) (53 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Рашт , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишкадаи омӯзгории шаҳри Қурғонтеппа Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиндагинома вироиш

Қаноатшо Холиқ Лоиқзода 1 феврали соли 1971 дар ноҳияи Рашт таваллуд шудааст. Миллат: тоҷик. Соли 1992 Донишкадаи омӯзгории шаҳри Қурғонтеппа ва соли 2006 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Ихтисос: омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик ва ҳуқуқшинос

  • Солҳои 1988-1992-донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Қурғонтеппа;
  • Солҳои 1992-1994-омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 43 -и ноҳияи Ғарм;
  • Солҳои 1994-1996-директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 43-и ноҳияи Ғарм;
  • Солҳои 1996-2000-раиси Ҷамоати деҳоти Тагобаи ноҳияи Ғарм;
  • Солҳои 2000-2005-директори омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Рашт;
  • Солҳои 2005-2007-ҳамоҳангсози Маркази идораи лоиҳаи ислоҳоти системаи маорифи Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт;
  • Солҳои 2007-2010-муовини раиси ноҳияи Рашт;
  • Солҳои 2010-2012-сармутахассис, мудири бахши Раёсати хидмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо тобеи ҷумҳурӣ;
  • Солҳои 2012-2015-машваратчии шуъбаи амнияти иттилоотӣ, пешгӯӣ ва робитаҳои байналмилалии Дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Аз моҳи январ то моҳи марти соли 2015-иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт;
  • Аз моҳи марти соли 2015- то инҷониб Раиси ноҳияи Рашт мебошад.

Аз 30 марти соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.[1]

Мукофот ва ҷойизаҳо вироиш

Сарчашма вироиш

  1. Лоиқзода Қаноатшо Холиқ(тоҷ.). www. majmilli.tj. 15 апрели 2020 санҷида шуд.