Қорӣ Наҷм (Қорӣ Наҷмуддини Хонанда, 1854, ноҳияи Рометан, Бухоро — 1926/27, Бухоро) — хонанда, навозанда, таронасаро ва оҳангсози тоҷик.

Қорӣ Наҷм
Қорӣ Наҷм
Таърихи таваллуд 1854(1854)
Зодгоҳ Бухоро
Таърихи даргузашт 1926(1926)
Пеша(ҳо) навозанда, сароянда

Зиндагинома

вироиш

Ибтидо созу овозро дар зодгоҳаш омӯхта, барои такмили маҳорат ба Бухоро омада, ба доираи устодони мусиқӣ ворид шуда, аз Қорӣ Каромати Дилкаш (1851—1906), Бобо Ҷалол (1845—1928), Бобо Ғиёс (1859—1927) ва дигарон дарси овозхонӣ (мақомхонӣ), сознавозӣ, марвихониро фаро мегирад. Қорӣ Наҷм дар ҳунари иҷроӣ бештар ба сабки Қорӣ Каромати Дилкаш дилбастагӣ дошт ва дар пайравии ӯ корҳои зиёди эҷодию ҳунариро анҷом медиҳад. Барои дониши хуб андӯхтан дар мадрасаи Мири Араб таҳсил намуда, муддате дар дарбори Амир Музаффар (1860—1885) ҳамчун мутриб хидмат карда, амир Абдулаҳад (1885—1910) ба ҳунари иҷроияш эътимод дошт.

Баёзи «Шашмақом»-ро тартиб дода, Домулло Ҳалим (1878—1940), Устод Шодӣ (1878—1942) ва дигарон аз ӯ ҳунари мақомхонӣ омӯхтаанд. Қорӣ Наҷм «савт», «талқин», «муғулча»-ро бо камоли тозаҳунарӣ иҷро мекард, табъи баланди шеърдонӣ дошт ва дар баёзҳои «Шашмақом» чанд ғазалворааш дохил шудааст.

Адабиёт

вироиш
  • Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Д., 2009. — С. 111. — ISBN 978-99947-49-13-3</ref>