Қурбонмурод Неъматзода

Неъматзода Қурбонмурод Ҳақризо - муҳандис, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурбонмурод Неъматзода
Неъматзода Қурбонмурод Ҳақризо
Таърихи таваллуд: 10 феврал 1969(1969-02-10) (55 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Неъматзода Қурбонмурод Ҳақризо 10 феврали соли 1969 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст.Миллат: тоҷик. Соли 2008 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимиро хатм намудааст. Ихтисос: муҳандиси роҳҳои алоқаи нақлиётӣ

  • Солҳои 1984-1986-коргари Комбинати нонбарории ноҳияи Ҳисор;
  • Солҳои 1986-1990-донишҷӯи Политехникуми ордени Байрақи Сурхи меҳнатдори шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 1986-1990-устои заводи «Тоҷикгидроагрегат»-и шаҳри Душенбе; Солҳои 1990-1992-устои ДОСААФ–и ноҳияи Ҳисор;
  • Солҳои 1992-1993-сардори стансияи хидматрасонии техникии Корхонаи воҳиди фаръии «Москвич»;
  • Солҳои 1994-2000-директори ширкати «Ҳисор-Толятти»;
  • Солҳои 2000-2002-менеҷери Корхонаи масъулияташ маҳдуди «Хиродӯст»-и ноҳияи Ҳисор;
  • Солҳои 2002-2006-директори Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ҳоҷӣ–Роҳсоз»;
  • Солҳои 2003-2008-донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ;
  • Солҳои 2007-2012-сардори Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ҳисор;
  • Аз соли 2012-то инҷониб директори техникӣ – истеҳсолии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Роҳи-Тоҷик» мебошад.

Аз 30 марти соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.[1]

Ҷоизаҳо

вироиш

Соли 2013 бо Ордени «Шараф» дараҷаи 2 сарфароз гардонида шудааст.

Сарчашма

вироиш
  1. Неъматзода Қурбонмурод Ҳақризо(тоҷ.). www. majmilli.tj. 15 апрели 2020 санҷида шуд.