Аҳолии Тоҷикистон
Шумораи аҳолии Тоҷикистон то 1 январи соли 2022 9 млн 886 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз рӯи афзоиш дар 30 соли охир Тоҷикистон дар байни кишварҳои пасошӯравӣ ҷои аввалро ишғол кард.
Афзоиши миёнаи солонаи аҳолӣ дар Тоҷикистон аз соли 1991 то аввали соли 2022 2,7% ташкил дод, дар ҳоле ки шумораи аҳолии сайёраи мо дар маҷмӯъ ба ҳисоби миёна 1,5 % афзуд.
Дар маҷмӯаи раёсати омори Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд шудааст, ки дар ин давра шумораи аҳолии шаҳри Душанбе ду баробар (аз 584 ҳазор ба 1 миллиону 202 ҳазор), вилояти Хатлон – 94,3 % (аз 1 миллиону 817 ҳазор ба 3 миллиону 530 ҳазор), вилояти Суғд — 73 % (аз 1 миллиону 634 ҳазор то 2 миллиону 824 ҳазор), НТҶ — 81 % (аз 1 миллиону 158 ҳазор то 2 миллиону 101 ҳазор), ВМКБ — 36 % (аз 169 ҳазор то 230 ҳазор) афзоиш ёфтааст.
Зимнан, шумораи аҳолии ВМКБ дар солҳои 2004—2008 аз 209,5 ҳазор то 203,1 ҳазор нафар коҳиш ёфт[1].
Сукунат
вироишТаносуби аҳолии шаҳру деҳот дар натиҷаи тағйири ҳиссаи рушди саноат ва шаҳрнишинӣ баҳо дода мешавад. То соли 1990 аҳолии шаҳрнишин 32% аҳолии кишварро ташкил медод. Баъди соли 1990 ин шумора коҳиш ёфта, соли 2020 он ба 26,2% расид. Ин падида пеш аз ҳама аз фаъолият мондани корхонаҳои бузурги саноатӣ ва муҳоҷирати сершумори аҳолии таҳҷоӣ, инчунин сатҳи ками таваллуд вобастагӣ дошт. Ҳоло роҳбарияти кишвар барномаи рушди саноат ва шарҳнишин кардани аҳолиро ба роҳ мондааст, ки дар оянда зиёдшавии аҳолии шаҳрро дар ҳиссаи аҳолии кишвар дар назар дорад. аҳолии деҳот мувофиқи барӯйхатгирии соли 2020 73,8% аҳолии кишварро ташкил медод. Ба ҳисоби миёна, аҳолии деҳот дар давоми сол 2–2,6% ва аҳолии шаҳр 1,8% зиёд шудааст[2]. Ахиран, дар соли 2022 ҳиссаи аҳолии шаҳр 29 % ва аҳолии деҳот 71 % буд[3].
Воҳидҳои маъмурӣ | 1989 | 1995 | 2000 | 2005 | 2010 | 2015 | 2020 (фарқият) |
---|---|---|---|---|---|---|---|
Душанбе | 592,2 | ↘511,9 | ↗564,0 | ↗630,0 | ↗711,2 | ↗788,7 | ↗863,4 (+74,7) |
Вилояти Суғд | 1554,2 | ↗1740,8 | ↗1871,9 | ↗2015,8 | ↗2197,9 | ↗2455,5 | ↗2707,3 (+251,8) |
Вилояти Хатлон | 1697,4 | ↗1956,0 | ↗2145,2 | ↗2368,4 | ↗2618,3 | ↗2971,5 | ↗3348,3 (+376,8) |
ВМКБ | 160,9 | ↗188,0 | ↗206,2 | ↗206,8 | ↘204,8 | ↗214,3 | ↗228,9 (+14,6) |
Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ | 1087,9 | ↗1237,1 | ↗1341,2 | ↗1497,9 | ↗1685,2 | ↗1922,0 | ↗2165,9 (+243.9) |
Ҳамагӣ | 5092,6 | ↗5633,8 | ↗6128,5 | ↗6718,9 | ↗7417,4 | ↗8352,0 | ↗9313,8 (+961,8) |
Таркиби синнусолӣ ва ҷинсият
вироишТаносуби шумораи мардону занон нишондиҳандаи муҳимми иқтидори афзоиши такрории аҳолӣ мебошад. Шумораи занон нисбат ба 100 мард дар давоми солҳои 1990 то 2020 аз 101,1 то 97,2 зан коҳиш ёфт. Бо боварии қатъӣ метавон гуфт, ки коҳиши шумораи занон дар таносуб бо мардон ба муҳоҷирати берунии занон вобаста аст. Дар деҳот ба 100 зан 97,6 мард рост меояд. Ин метавонад ба афзоиши такрории аҳолӣ таъсири манфӣ расонад. Таносуб миёни шумораи умумии мардону занон соли 1990 – 50,7 мард ва 49,3 зан буд. Чунин тамоюл дар минтақаҳои алоҳидаи кишвар низ ба назар мерасад[2].
Таносуби аҳолӣ аз ҷиҳати синну сол дар ҷумҳурӣ чунин аст: солҳои 1990 синни ҷавонони қобили меҳнат – 43,4 %; аҳолии қобили меҳнат – 49,0%; аҳолии синни калони қобили меҳнат – 7,6%. Ин нишондод дар соли 2020 мутаносибан чунин 34,3%; 59,8% ва 5,9% аст[2].
Омор ва дурнамо
вироишТаркиб ва шумораи аҳолӣ аз шароити таърихӣ ва фаъолияти табиӣ инсонҳо сахт вобастагӣ дорад. То пошхӯрии ИҶШС шароити ташаккули аҳолӣ дар Тоҷикистон бо вижагиҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ, сиёсӣ, анъанавӣ, фарҳангӣ-маишӣ ва ғайра фарқ мекард. Баъди аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ ва таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, ташаккули муносибатҳои нави бозаргонӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва сиёсӣ, афзоиши шумораи аҳолӣ низ тағйир ёфт. Агар дар давоми солҳои 1939–1959 суръати афзоиши солонаи аҳолии ҷумҳурӣ 1,5 % ва солҳои 1959–1989 ин шумора 3–4%-ро ташкил медод, ин нишондод дар давоми солҳои 1990–2020 дар сатҳи 2–2,4% коҳиш ёфт. Ба сабаби баланд будани захираҳои демографӣ (бештар будани аҳолии синнашон ҷавон), шумораи аҳолии Тоҷикистон то соли 2030 зиёд шуда, минбаъд суръати он сол то сол паст меравад. Мувофиқи омори мутахассисони Институти демография ва иқтисодиёти АМИ Тоҷикистон, аҳолии мамлакат соли 2026 тақрибан ба 10,2 млн ва соли 2056 ба 13,1 млн нафар мерасад[2].
Барӯйхатгирии аҳолӣ
вироишДар Тоҷикистон баъди ба даст даровардани истиқлол се дафъа барӯйхатгирии аҳолӣ баргузор шудааст. Бори якум мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи 1998 «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ» 20–27 январи 2000 доир шуда буд. Дар он давра мувофиқи маълумоти оморӣ шумораи аҳолии доимии шаҳрҳо нисбат ба соли 1989 (тибқи Барӯйхатгирии аҳоли пешина) аз 1 млн 668 ҳазор то 1623 ҳазор нафар кам шуда, шумораи аҳолии доимии деҳот баръакс аз 3441 ҳазор то 4504 ҳазор нафар зиёд шудааст. Ҳамин тарз, дар давоми 11 сол (1989—2000) ҳиссаи аҳолии доимии шаҳрҳои Тоҷикистон аз 32,5 дарсад то 26,5 дарсад кам шуда, аҳолии доимии деҳот, баръакс, аз 67,5 дарсад то 73,5 дарсад афзудааст.
Бори дуюм мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи 2009, № 685 «Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ» аз 21 то 30 сентябри 2010 дар қаламрави ҷумҳурӣ Барӯйхатгирии аҳоли ва фонди манзил баргузор шуд. Аз рӯйи маълумоти пешакии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Барӯйхатгирии аҳоли ва фонди манзил, шумораи аҳолии доимии мамлакат ба ҳолати 21 сентиябри 2010-ум 7 565 ҳазор нафарро ташкил кард. Шумораи аҳолии ҷумҳурӣ (дар январи 2010) нисбат ба соли 2000-ум 1 438 ҳазор нафар ё 23 дарсад, дар муқоиса бо ҳисобу китоби маълумоти аввали соли 2010, 35,4 ҳазор нафар ё 0,5 дарсад зиёд шудааст. Ин зиёдшавии шумораи аҳолӣ дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби афзоиши табиӣ ва пеш аз ҳама, аз ҳисоби нишондиҳандаҳои баланди таваллуд ва болоравии шумораи таваллуд нисбат ба фавт ба вуҷуд меояд.
Сарфи назар аз муҳоҷирати аҳолӣ ба хориҷи ҷумҳурӣ, дар соли 2010 нисбат ба соли 2000 шумораи аҳолии шаҳрҳо 379 ҳазор нафар ё 23,3 дарсад, аҳолии деҳот 1 059 ҳазор нафар ё 23,5 дарсад афзудааст.
Ҷараёни шаҳришавӣ (урбанизатсия), ки то соли 2000 дар сатҳи ҷумҳурӣ дар авҷ буд, мувофиқи ҷамъбасти пешакии Барӯйхатгирии аҳоли ва фонди манзили соли 2010 муътадил гашта, таносуби аҳолии шаҳру деҳот 27 дарсади аҳолии шаҳр ва 73 дарсади аҳолии деҳотро ташкил кард.
26 майи соли 2018 шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 9 миллион нафар расид[4].
Аҳолии Тоҷикистон дар соли 2020
вироишДар соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори севум барӯйхатгирии аҳолӣ сурат гирифт. Дар соли 2020 шумораи умумии аҳолии Тоҷикистон то 9 678 613 нафар афзудааст.
аз он ҷумла:
- 9 678 613 — аҳолии умумӣ (2020), ки аз онҳо:
- 4 757 443 — мардон (49,2%)
- 4 921 170 — занон (50,8%)
Дар охири соли 2021 9.857.502 нафар шуд. Афзоиши табиии аҳолӣ мусбат буда, 244 312 нафарро ташкил дод. Дар тӯли тамоми сол тақрибан 299,267 кӯдак таваллуд шуд ва 54 956 нафар фавтиданд. Муҳоҷирати хориҷӣ дар сатҳи соли гузашта боқӣ монда, аҳолӣ бо сабабҳои муҳоҷират 28153 нафар кам шуд. Яъне, шумораи умумии одамоне, ки аз кишвар хориҷ мешаванд (эмигрантҳо) нисбат ба шумораи одамоне, ки бо мақсади будубоши дарозмуддат ба кишвар ворид мешаванд (иммигрантҳо) бартарӣ дошт.
Динамикаи тағирёбии аҳолӣ дар соли 2021
вироишДар зер коэффитсиенти тағирёбии аҳолии Тоҷикистон оварда шудааст, ки он барои соли 2021 ҳисоб карда шудааст:
Афзоиш: ба ҳисоби миёна дар як рӯз 820 кӯдак (34,16 дар як соат) таваллуд шудааст
Марг: ба ҳисоби миёна дар як рӯз 151 нафар (6,27 дар як соат) фавтиданд
Афзоиши аҳолии муҳоҷират: ба ҳисоби миёна -77 нафар дар як рӯз (-3,21 дар як соат)
Суръати афзоиши аҳолии Тоҷикистон дар соли 2021 дар як рӯз 592 нафар буд.[5]
Зичии аҳолӣ
вироишҲудуди Тоҷикистон 141,4 ҳазор км² буда, 93% онро минтақаҳои кӯҳӣ ташкил медиҳанд. Соли 2020 зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км² 65,9 нафар, аз ҷумла, дар ВМКБ дар 1 км² 3,6 нафар, дар вилояти Суғд 107,4 нафар, дар вилояти Хатлон 135,6 нафар, дар шаҳри Душанбе 8464 нафар, дар ноҳияҳои тобеи марказ 76 нафарро ташкил медод. Тағйири зичии аҳолӣ ба таваллуд ва муҳоҷирати берунии аҳолӣ вобаста аст[2].
Ҳайати миллӣ
вироишҶумҳурии Тоҷикистон кишвари гуногунқавм аст. Тоҷикон асосан дар ноҳия ва шаҳрҳои саноатӣ зиндагӣ мекунанд[2].
Тағйироти назаррас дар таркиби қавмии аҳолии Тоҷикистон пас аз бозсозиҳои горбачёвӣ (ба туфайли муҳоҷирати озоди аҳолӣ ба кишварҳои аслии худ) ва пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба амал омад, ки натиҷаи он оғози ҷанги шаҳрвандӣ ва гузариш ба муносибатҳои бозорӣ дар Тоҷикистон гашт. Дар натиҷаи ин ҳодисаи иҷтимоӣ-сиёсӣ таркиби қавмии аҳолӣ сахт тағйир ёфт[2].
Тибқи барӯйхатгирии соли 2010 дар кишвар тоҷикон — 90.4 фоиз ё 6173,8 ҳазор нафар[6], узбакҳо — 8% ё 645,3 ҳазор нафар[6] (бо халқҳои туркҳои маҳаллии ба онҳо наздик — 12.4% ё 926344 ҳазор нафар) қирғизҳо — 08 % ё 60, 7 ҳазор нафар[6], русҳо — 0,5 % ё 34,8 ҳазор нафар, туркманҳо — 0,2 % ё 15,1 ҳазор нафар буданд[7].
Мардум | 1926 | % | 1959 | % | 1989 | % | 2000 | % | 2010 | % |
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
дар умум | 827083 | 100,00 % | 1979897 | 100,00 % | 5092603 | 100,00 % | 6127493 | 100,00 % | 7564502 | 100,00 % |
тоҷикон[17] | 618954 | 74,84 % | 1051164 | 53,09 % | 3273420 | 64,27 % | 5033382 | 82,14 % | 6373834 | 90.4 % |
*ӯзбекҳо | 936703 | 13 % | 645344 | 8 % | ||||||
*лақайҳо | 51001 | 0,83 % | 65555 | 0,87 % | ||||||
*қунғротҳо | 15102 | 0,25 % | 38078 | 0,50 % | ||||||
*дурманҳо | 3502 | 0,06 % | 7608 | 0,10 % | ||||||
*қатағанҳо | 4888 | 0,08 % | 7601 | 0,10 % | ||||||
*барлосҳо | 3743 | 0,06 % | 5271 | 0,07 % | ||||||
*юзҳо | 1053 | 0,02 % | 3798 | 0,05 % | ||||||
*мингҳо | 243 | 0,00 % | 268 | 0,00 % | ||||||
*кесамирҳо[18] | 13 | 0,00 % | 156 | 0,00 % | ||||||
*семизҳо[18] | 1 | 0,00 % | 47 | 0,00 % | ||||||
қирғизҳо | 11410 | 1,38 % | 25635 | 1,29 % | 63832 | 1,25 % | 65515 | 1,07 % | 60715 | 0,80 % |
русҳо | 5638 | 0,68 % | 262610 | 13,26 % | 388481 | 7,63 % | 68171 | 1,11 % | 34838 | 0,46 % |
туркманҳо | 4148 | 0,50 % | 7115 | 0,36 % | 20487 | 0,40 % | 20270 | 0,33 % | 15171 | 0,20 % |
тоторҳо[19] | 950 | 0,11 % | 55046 | 2,78 % | 72228 | 1,42 % | 18949 | 0,31 % | 6512 | 0,09 % |
арабҳо | 3260 | 0,39 % | 1297 | 0,07 % | 276 | 0,01 % | 14450 | 0,24 % | 4184 | 0,06 % |
паштунҳо (афғонҳо) | 666 | 0,08 % | 532 | 0,03 % | 2088 | 0,04 % | 4702 | 0,08 % | 3675 | 0,05 % |
лӯлиҳо | 186 | 0,02 % | 1556 | 0,08 % | 1791 | 0,04 % | 4249 | 0,07 % | 2334 | 0,03 % |
туркҳо[20] | 4 | 0,00 % | 53 | 0,00 % | 768 | 0,02 % | 672 | 0,01 % | 1360 | 0,02 % |
укроинҳо | 1090 | 0,13 % | 26921 | 1,36 % | 41375 | 0,81 % | 3787 | 0,06 % | 1090 | 0,01 % |
чиниҳо | 3 | 0,00 % | 38 | 0,00 % | 58 | 0,00 % | 24 | 0,00 % | 801 | 0,01 % |
кореягиҳо | 2365 | 0,12 % | 13431 | 0,26 % | 1696 | 0,03 % | 634 | 0,01 % | ||
қазоқҳо | 1636 | 0,20 % | 12551 | 0,63 % | 11376 | 0,22 % | 936 | 0,02 % | 595 | 0,01 % |
эрониҳо | 98 | 0,01 % | 331 | 0,02 % | 388 | 0,01 % | 306 | 0,00 % | 473 | 0,01 % |
олмониҳо | 60 | 0,01 % | 32588 | 1,65 % | 32671 | 0,64 % | 1136 | 0,02 % | 446 | 0,01 % |
арманиҳо | 171 | 0,02 % | 2878 | 0,15 % | 5651 | 0,11 % | 995 | 0,02 % | 434 | 0,01 % |
осетинҳо | 150 | 0,02 % | 4514 | 0,23 % | 7861 | 0,15 % | 960 | 0,02 % | 396 | 0,01 % |
озарбойҷониҳо[21] | 801 | 0,10 % | 1182 | 0,06 % | 3556 | 0,07 % | 798 | 0,01 % | 371 | 0,00 % |
уйғурҳо | 2 | 0,00 % | 402 | 0,02 % | 566 | 0,01 % | 379 | 0,01 % | 276 | 0,00 % |
ҳинду-покистониҳо | 13 | 0,00 % | 245 | 0,00 % | 262 | 0,00 % | ||||
карелиҳо | 23 | 0,00 % | 29 | 0,00 % | 7 | 0,00 % | 166 | 0,00 % | ||
молдовиҳо | 3 | 0,00 % | 345 | 0,02 % | 879 | 0,02 % | 341 | 0,01 % | 157 | 0,00 % |
бошқирдиҳо | 170 | 0,02 % | 3872 | 0,20 % | 6821 | 0,13 % | 872 | 0,01 % | 143 | 0,00 % |
белорусҳо | 56 | 0,01 % | 2793 | 0,14 % | 7247 | 0,14 % | 464 | 0,01 % | 104 | 0,00 % |
англисҳо | 1 | 0,00 % | 43 | 0,00 % | 104 | 0,00 % | ||||
гурҷиҳо | 28 | 0,00 % | 620 | 0,03 % | 976 | 0,02 % | 161 | 0,00 % | 92 | 0,00 % |
амрикоиҳо | 3 | 0,00 % | 24 | 0,00 % | 62 | 0,00 % | ||||
чувашҳо | 21 | 0,00 % | 1661 | 0,08 % | 2512 | 0,05 % | 195 | 0,00 % | 47 | 0,00 % |
мордваҳо | 178 | 0,02 % | 6746 | 0,34 % | 5519 | 0,11 % | 300 | 0,00 % | 42 | 0,00 % |
яҳудиён[22] | 275 | 0,03 % | 12415 | 0,63 % | 14580 | 0,29 % | 197 | 0,00 % | 36 | 0,00 % |
*яҳудиён | 9701 | 0,19 % | 182 | 0,00 % | 34 | 0,00 % | ||||
*яҳудиёни Осиёи Миёна | 77 | 0,01 % | 807 | 0,04 % | 4879 | 0,10 % | 15 | 0,00 % | 2 | 0,00 % |
лаҳистониҳо | 65 | 0,01 % | 681 | 0,03 % | 716 | 0,01 % | 74 | 0,00 % | 23 | 0,00 % |
булғорҳо | 1274 | 0,06 % | 1072 | 0,02 % | 64 | 0,00 % | 19 | 0,00 % | ||
қрим-тоторҳо | 1847 | 0,09 % | 7214 | 0,14 % | 138 | 0,00 % | 18 | 0,00 % | ||
дигарон | 1433 | 0,19 % | 4409 | 0,26 % | 7876 | 0,15 % | 1742 | 0,03 % | 362 | 0,00 % |
халқият | Вилояти
мухтори Кӯҳистони Бадахшон |
Вилояти
Суғд |
Вилояти
Хатлон |
ш. Душанбе | ноҳияҳои
тобеи ҷумҳурӣ | |||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
шумора | % | шумора | % | шумора | % | шумора | % | шумора | % | |
тоҷикон | 194423 | 94,40 | 1876218 | 84,00 | 2189196 | 81,77 | 648760 | 89,50 | 1465237 | 90,04 |
узбекҳо[23] | 410 | 0,20 | 329614 | 8 | 346303 | 9 | 48661 | 6,71 | 201356 | 8 |
қирғизҳо | 10949 | 5,32 | 12896 | 0,58 | 691 | 0,03 | 552 | 0,08 | 35627 | 2,07 |
русҳо | 81 | 0,04 | 8890 | 0,40 | 3960 | 0,15 | 19061 | 2,63 | 2846 | 0,17 |
туркманҳо | 3 | 0,00 | 157 | 0,01 | 14003 | 0,52 | 690 | 0,10 | 318 | 0,02 |
тоторҳо | 8 | 0,00 | 2600 | 0,12 | 1123 | 0,04 | 1866 | 0,26 | 898 | 0,05 |
қазоқҳо | 3 | 0,00 | 155 | 0,01 | 174 | 0,01 | 189 | 0,03 | 74 | 0,00 |
дигарон | 72 | 0,03 | 3020 | 0,14 | 121801 | 4,55 | 5065 | 0,70 | 16552 | 0,96 |
ДАР УМУМ | 205949 | 100,00 | 2233550 | 100,00 | 2677251 | 100,00 | 724844 | 100,00 | 1722908 | 100,00 |
Ақаллиятҳои миллӣ
вироишТо соли 1990 Тоҷикистон ҷумҳурии семиллат (тоҷикон-узбакҳо-русҳо) буд.
Ҳиссаи узбакҳо дар байни аҳолӣ аз 12 % то 8 % кам шуд; ҳиссаи қирғизҳо бетағйир монд — каме бештар аз 1 %. Дар баробари ин дар давраи байнисаршуморӣ шумора ва ҳиссаи тоҷикон хеле афзуд: соли 1989 — 3172,4 ҳазор нафар (62,3 %), соли 2010-ум — 4898,4 ҳазор нафар (90.4 %).
Моҳи апрели соли 2020 палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» тағйироту иловаҳоро қабул кард, ки истифодаи пасвандҳои славяниро дар насаб ва номи падар манъ мекунад; танхо барои акаллиятҳои миллие, ки дар худуди ҷумҳурият зиндагӣ мекунанд, истисно карда мешавад, ки онҳо ҳангоми ба қайд гирифтани фарзандони навзоди худ кадом суффикси насаб ва номи падарро интихоб карда метавонанд.[24]
Динамикаи аҳолӣ
вироиш1950 | 1951 | 1952 | 1953 | 1954 | 1955 | 1956 | 1957 | 1958 |
---|---|---|---|---|---|---|---|---|
1 532 000 | ↗1 577 000 | ↗1 626 000 | ↗1 678 000 | ↗1 730 000 | ↗1 783 000 | ↗1 836 000 | ↗1 891 000 | ↗1 949 000 |
1959 | 1960 | 1961 | 1962 | 1963 | 1964 | 1965 | 1966 | 1967 |
↗1 981 000 | ↗2 045 000 | ↗2 120 000 | ↗2 211 000 | ↗2 300 000 | ↗2 383 000 | ↗2 469 000 | ↗2 556 000 | ↗2 633 000 |
1968 | 1969 | 1970 | 1971 | 1972 | 1973 | 1974 | 1975 | 1976 |
↗2 715 000 | ↗2 807 000 | ↗2 900 000 | ↗2 983 000 | ↗3 096 000 | ↗3 191 000 | ↗3 288 000 | ↗3 392 000 | ↗3 492 000 |
1977 | 1978 | 1979 | 1980 | 1981 | 1982 | 1983 | 1984 | 1985 |
↗3 598 000 | ↗3 699 000 | ↗3 801 000 | ↗3 901 000 | ↗4 007 000 | ↗4 119 000 | ↗4 239 000 | ↗4 365 000 | ↗4 499 000 |
1986 | 1987 | 1988 | 1989 | 1990 | 1991 | 1992 | 1993 | 1994 |
↗4 648 000 | ↗4 807 000 | ↗4 952 000 | ↗5 109 000 | ↗5 248 000 | ↗5 358 000 | ↗5 570 000 | ↗5 571 000 | ↗5 704 000 |
1995 | 1996 | 1997 | 1998 | 1999 | 2000 | 2001 | 2002 | 2003 |
↗5 786 000 | ↗5 884 000 | ↗5 970 000 | ↗6 067 000 | ↗6 188 000 | ↘6 100 000 | ↗6 200 000 | ↗6 375 500 | ↗6 506 500 |
2004 | 2005 | 2006 | 2007 | 2008 | 2009 | 2010 | 2011 | 2012 |
↗6 640 000 | ↗6 780 400 | ↗6 920 300 | ↗7 063 800 | ↗7 215 700 | ↗7 373 800 | ↗7 529 600 | ↗7 616 000 | ↗7 697 500 |
2013 | 2014 | 2015 | 2016 | 2017 | 2018 | 2019 | 2020 | 2021 |
↗7 839 000 | ↗8 161 100 | ↗8 576 926 | ↗8 769 221 | ↘8 742 800 | ↗8 931 200 | ↗9 126 600 | ↗9 313 800 | ↗9 716 800 |
2022 | ||||||||
↗9 886 800 |
Аҳолии Тоҷикистон хеле вақт аст, ки бо суръати гуногун меафзояд: соли 1959 дар инҷо 1981 ҳаз. одам буд, дар солҳои 1989 — 5109 ҳаз. ва, бо фарқ аз кишварҳои аврупоии ИДМ, рушдро дар солҳои 1989-1999 давом дод, новобаста ба муҳоҷирати зиёди аҳолӣ аз ҷумҳурӣ (437 ҳазор нафар дар 11 сол). Сабаби асосии зиёдшавии аҳолӣ — афзоишии табии босуръат.
Дар байни солҳои 1989-2000, аҳолии танҳо шаҳрҳои калон, аз қабили пойтахт – Душанбе, дар натиҷаи ҳиҷрати аҳолии аввал русзабон ва баъдан тоҷику-ӯзбек кам шуданд. Аз вақти азбайнравии Иттиҳоди Шӯравӣ таркиби миллӣ ба тағйироти зиёд дучор шуд. Барои миллатҳои бумӣ афзоиши баланди табии хос аст, гарчанде ки нишондиҳандаҳои он дар давраи пасошӯравӣ поён рафт.
Пиртарин афрод аз Тоҷикистон
вироиш- Зулҳиҷҷа Ёфтуллоева Дар шиносномаи Зулҳиҷҷа Ёфтуллоева таърихи таваллуди ӯ 5 январи соли 1897-ум қайд шудааст[26]
- Тоҷигул Қурбонова Дар шиносномаи Тоҷигул Қурбонова навишта шудааст, ки ӯ 8 марти соли 1900 таваллуд шудааст.[27]
Харитаҳо
вироиш-
Тоҷикон дар Тоҷикистон
-
Ӯзбекҳо дар Тоҷикистон
-
Қирғизҳо дар Тоҷикистон
-
Русҳо дар Тоҷикистон
-
Туркменҳо дар Тоҷикистон
-
Татарҳо дар Тоҷикистон
-
Қазоқҳо дар Тоҷикистон
-
Арабҳо дар Тоҷикистон
-
Тоҷикони бадахшизабон дар Тоҷикистон
-
Тоҷикони яғнобизабон ва мардуми водии Яғноб
-
Лӯлиҳо дар Тоҷикистон
-
Тоҷикони кӯҳистонӣ (галча) дар Тоҷикистон
-
Аҳолии Тоҷикистон аз рӯи вилоятҳо
-
Аҳолии Тоҷикистон аз рӯи ноҳияҳо
-
Зичии аҳолии Тоҷикистон аз рӯи ноҳияҳо
-
Зичии аҳолии Тоҷикистон аз рӯи вилоятҳо
-
Зичии аҳолии Тоҷикистон барои соли 2020 аз рӯи ноҳияҳо
-
Зичии аҳолии Тоҷикистон аз рӯи ноҳияҳо барои соли 2020
-
Аҳолии шаҳр ва деҳот барои соли 2020
-
Дида мешавад, ки бисёре аз маҳалҳои аҳолишини Ӯзбекистон дар наздики сарҳади Тоҷикистон ҷойгиранд
Эзоҳ
вироиш- ↑ Пайрав Чоршанбиев. Прирост населения Таджикистана опережает общемировой почти в два раза. www.asiaplustj.info. ASIA-Plus (30 Декабри 2022). 29 феврали 2024 санҷида шуд.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 2.4 2.5 2.6 Аҳолӣ / С. Исломов // Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома. — Д.: СИЭМТ, 2021. — С. 14—15. — 696 с. — ISBN 978-99985-0-005-1.
- ↑ Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2022 года(пайванди дастнорас — таърих).
- ↑ Имрӯз сокини 9-миллионаи Тоҷикистон ба дунё омад!(тоҷ.). khovar.tj. АМИТ "Ховар" (26 май 2018). 9 июли 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 май 2021.
- ↑ Население Таджикистана. countrymeters.info. 4 марти 2021 санҷида шуд.
- ↑ 6.0 6.1 6.2 Численность и национальный состав населения
- ↑ Том 3. Национальный состав и владение языками, гражданство населения Республики Таджикистан (2010) Бойгонӣ шудааст 14 октябри 2013 сол. // Агентство по статистике при Президенте Республики Таджикистан
- ↑ Демоскоп. Национальный состав населения Таджикистана по Всесоюзной переписи 1926 года
- ↑ Демоскоп. Национальный состав населения Таджикистана по Всесоюзной переписи 1959 года
- ↑ Демоскоп. Национальный состав населения Таджикистана по Всесоюзной переписи 1989 года
- ↑ Памирские народы и ягнобцы, включаемые переписью в составе таджиков, в таблице за 1989 год выделены по родному языку по переписи 1989 года
- ↑ 12.0 12.1 Демоскоп. Национальный состав населения Таджикистана по переписи 2000 года
- ↑ 13.0 13.1 13.2 Том 3. Национальный состав и владение языками, гражданство населения Республики Таджикистан (2010) Бойгонӣ шудааст 14 октябри 2013 сол. // Агентство по статистике при Президенте Республики Таджикистан
- ↑ По переписи 2000 года (и ранее) в составе таджиков включались памирские народы и ягнобцы (дана оценочная их численность на 2000 год), а некоторые тюркские народы (лакайцы, конграты, дурмены, катаганы, барлосы, юзы, минги, кесамиры, семизы), напротив, выделены отдельно (переписью 1989 года и ранее они включались в состав узбеков).
- ↑ Национальный состав населения Таджикистана по оценкам Joshuaproject
- ↑ По переписи 2010 года (и ранее) в составе таджиков включались бадахшанские народы и ягнобцы, а некоторые тюркские народы (лакайцы, конграты, дурмены, катаганы, барлосы, юзы, минги, кесамиры, семизы), напротив, выделены отдельно (переписью 1989 года и ранее они включались в состав узбеков).
- ↑ ҳамроҳ бо бадахшӣ- ва яғнобизабонҳо
- ↑ 18.0 18.1 Семизы и кесамиры. Восточная библиотека. 29 ноябри 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 ноябри 2013.
- ↑ ҳамчунон сибиртоторҳо (дар соли 2000 — 10 наф., соли 2010 — 17 наф.)
- ↑ дар соли 1926 чун «туркҳои усмонӣ» ба қайд гирифта шудаанд
- ↑ дар соли 1926 чун «туркҳо» ба қайд гирифта шудаанд
- ↑ ҳамч. Яҳудиёни Осиёи Миёнагӣ
- ↑ Миқдори узюекҳо бидуни лақайҳо, қунғратҳо, дурманҳ, қатаганҳо, барлосҳо, юзҳо, мингҳо, кесамирҳо,семизҳо
- ↑ Таджикистан запретил русифицировать имена, отчества и фамилии // 29 апреля 2020
- ↑ 15 новых независимых государств. Численность населения на начало года, 1950-2019, тысяч человек
- ↑ Сокини 115-солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ даргузашт - Радиои Озодӣ http://www.ozodi.org/content/zulhijja-yoftulloeva-/24795283.html
- ↑ Зани кӯҳансолтарин дар Кӯлоб 112-сола шуд - Радиои Озодӣ http://www.ozodi.org/content/article/24508182.html