Ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон
Тибқи Қонуни асосӣ дар Тоҷикистон зиндагии умумӣ бар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкураӣ дар ҳоли рушд буда, «мафкураи ҳеч як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад»[1].
Таъсису фаъолияти ҳизбҳо
вироишДар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ҳизбҳои сиёсии ҷумҳуриявӣ таъсис дода мешавад[2]. Ҳизби сиёсӣ барои сабтиноми давлатӣ, феҳристи ҳаддиақал ҳазор нафар аз тарафдорони худро, ки сокинони аксари шаҳрҳову ноҳияҳои Тоҷикистон ҳастанд, пешниҳод мекунад[2].
Дар Тоҷикистон ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд. Таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст[1]. Ҳамчунин фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст.
Феҳристи ҳизбҳои фаъол
вироишДар Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ расман сабтином шудааст:
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Моддаи 8. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. mmk.tj. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 12 марти 2024 санҷида шуд.
- ↑ 2.0 2.1 Моддаи 3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ. Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (13 апрели 2017). 13 марти 2024 санҷида шуд.