Ҳиндустониҳо (ҳиндавӣ) — мардуми ҳинду ориёии Ҳиндустон [1] буда, бо лаҳҷаҳои забони ҳиндӣ (ҳарӣ-болӣ, ҳаронӣ, броҷӣ, каначҷӣ, бунделӣ, авадҳӣ, багҳелӣ, чҳаттисгарҳӣ) ҳарф мезананд, ки шумораи умумии онҳо тақрибан 500 миллион нафар (2016, тахмин) аст. Мансубиятҳои динии имондорон: ҳиндуия. Ин шумораи зиёди одамон дар Ҳиндустон зиндагӣ мекунанд. Вилоятҳои Уттар Прадеш, Мадҳа Прадеш, шимоли Роҷистон, Биҳар, қаламрави Деҳлӣ, ки аз марказ ва як қисми иёлати Панҷоб идора мешаванд, минтақаҳои асосии аҳолинишини он мебошанд. Шуғли асосии ҳиндустониҳо кишоварзӣ (гандум, шолӣ, пахта, найшакар) мебошад. Дар солхои охир саноат бо суръати тез таоаққӣ кард, синфи коргар меафзояд (иёлати Биҳар, Мадҳа-Прадеш).

Ҳиндустониҳо

Забони ҳиндустонӣ ба таври ҷиддӣ ба лаҳҷаҳо тақсим шуда, ду шакли адабӣ — ҳиндӣ ва урду дорад. Грамматика ва луғати асосӣ як аст, аммо ҳиндӣ хатти деванагарӣ ва урду хати арабиро истифода мебаранд. Дар ин забон адабиёти бой вуҷуд дорад. Марказҳои кадимтарини маданияти онхо шаҳрҳои Деҳлӣ, Лакҳнау, Агра, Аллоҳобод, Варанаси мебошанд. Ҳиндустониҳо дар ҳаракати миллии озодихоҳии Хиндустон фаъолона иштирок карда, аз байни онҳо як қатор ходимони намоёни Ҳиндустон баромаданд.

Кишварҳои асосии сукунат

вироиш

Халқҳои алоқаманд

вироиш
  • Дравидиҳо [2].
  • Лӯлиҳо – маъмулан эътироф шудааст, ки лӯлтҳо дорои миллати омехта мебошанд, аммо баъзе аз олимон ба далели хешутаборӣ, шабоҳати берунӣ ва забонии онҳо бо ҳиндустониён аҳамият медиҳанд [3] .

Аскетҳои Ҳиндустон

вироиш

Амалҳои аскетикӣ дар байни брахминҳо ва буддистҳо дар Ҳиндустон маъмуланд. Бо вуҷуди ин, ба даст овардани чунин маърифат ва рушди рӯҳонӣ на танҳо ба шарофати тарзи ҳаёти аскетӣ, балки ба туфайли як қатор расму оинҳо, инчунин шаш мактаби фалсафаи аз ҷониби ҳиндуҳо эътирофшуда (мимамса, веданта, йога, санкҳя, няя, вайшешика) имконпазир аст [4] .

  1. ХИНДУСТАНЦЫ • Большая российская энциклопедия - электронная версия. bigenc.ru. 3 Декабри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 Январ 2021.
  2. John Crawfurd On the Origin of the Gypsies//Transactions of the Ethnological Society of London, Vol. 3 (1865), p. 27.
  3. John Crawfurd On the Origin of the Gypsies//Transactions of the Ethnological Society of London, Vol. 3 (1865), pp. 25-36.
  4. Charles Rockwell Lanman Hindu Ascetics and Their Powers//Transactions and Proceedings of the American Philological Association, Vol. 48(1917), pp. 133—134.

Адабиёт

вироиш
  • Хиндустанцы // Большая российская энциклопедия. Том 34. — М., 2017. — С. 81.
  • Crawfurd Jh. On the Origin of the Gypsies//Transactions of the Ethnological Society of London, Vol. 3 (1865), pp. 25-36.(англ.)
  • Rockwell Lanman C. Hindu Ascetics and Their Powers//Transactions and Proceedings of the American Philological Association, Vol. 48(1917), pp. 133—151.(англ.)

Пайвандҳо

вироиш