Ҳисомуддавлаи Тош (форсӣ: حسام الدوله تاش[1]), Абулаббоси Тош (? — 987) — сипаҳсолор ва волии Хуросон дар давраи Сомониён.

Абулаббоси Тош
Даргузашт 987(0987)
Сулола Сомониён

Зиндагинома

вироиш

Пас аз азли Абулҳасани Симҷур бо раҳнамоӣ ва ҳимояти Абулҳусайни Утбӣ, бар маснади сипаҳсолории Хуросон расид ва лақаби «Ҳисомуддавла»-ро мушарраф гардид. Дар замони ҳукумати Фахруддавлаи Дайламӣ Абулаббоси Тош муддате волии Омул ва баъдан ҳокими Астарободу Гургон ва Деҳистону Обаскун буд. Фахруддавла пас аз ҳазимати Абулаббоси Тош дар набард бо Абулҳасани Симҷур Гургонро ба Абулаббоси Тош супурд ва худ ба Рай рафт. Талоши Абулаббоси Тош барои бозпас гирифтани ҳукумати Хуросон ба шикаст анҷомид ва ӯ баъд аз се соли истиқрор дар Гургон аз вабои сахте даргузашт.

  1. حسام الدوله تاش. دایرة المعارف اسلامی.

Адабиёт

вироиш