Ҳоҷиумар Қосимов
Ҳоҷиумар Қосимов (6 декабри 1901, Андиҷон — 19 августи 1990, Хуҷанд) — навозанда, рақсанда ва устоди ҳунар, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1963)[1].
Таърихи таваллуд: | 6 декабр 1901 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 19 август 1990 (88 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Касб: | рақсанда, мусиқидон |
Ҷоизаҳо: |
Зиндагинома
вироишҲоҷиумар Қосимов соли 1901 дар деҳаи Хакони шаҳри Андиҷон дар оилаи аҳли илм ба дунё омадааст[2]. Аз овони хурдсолӣ ба санъат меҳр баст, ҳамчун сароянда, раққос дар дастаҳои ҳаваскори зодгоҳ ҳунар меомӯзад, дар Қӯқанд, Фарғона ва Тошканд аз устодон нозукиҳои санъатро меомӯхт. Соли 1934 ба шаҳри Хуҷанд омад ва яке аз поягузорони Театри мусиқӣ — мазҳакаи ин ҷо гардид. Давоми фаъолияти қариб чилсола дасти шогирдони зиёдро дар ҷодаи сарояндагӣ, рақс, актёрӣ рост кардааст. Аз ҷумла устоди барҷастаи рақс Ғаффор Валаматзода аз шогирдони ӯст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Артисти хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон // А — Гавҳар. — Д. : СИЭСТ, 1978. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 1).
- ↑ Хонаи маданияти № 2 номи ҳунарманди номиро гирифт.. khujand.tj. 5 май 2021 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.