Ҷалолиддини Ҳумоӣ
Ҷалолиддини Ҳумоӣ (форсӣ: جلالالدین همایی; 2 январ 1900, Исфаҳон — 18 июл 1980, Теҳрон) — нависанда, адиб, шоир, риёзидон ва таърихнигори муосири эронӣ[1].
форсӣ: جلالالدین همائی | |
Таърихи таваллуд | 2 январ 1900 |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 18 июл 1980 (80 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишҲумоӣ дар хонаводаи аҳли адаб ва санъат дар Исфаҳон ва маҳаллаи қадимии Поқалъа (аз маҳаллоти ҷануби шарқии қадими Исфаҳон) мутаваллид шуд. Падараш мирзо Абулқосим Муҳаммаднасир фарзанди Ҳумои Шерозӣ буд. Нахустин муаллимони Ҳумоӣ падару модараш буданд. Вай муқаддамоти форсӣ ва арабиро назди падар ва амуи худ омӯхт. Бино ба гуфтаи худи Ҳумоӣ, дар шарҳи ҳоле аз худ саҳеҳи хондани оёти Қуръон ва абёти Ҳофизу Саъдиро аз модару падар худ дар даврони кӯдакӣ фаро гирифта буд[2][3].
Вай ба мадрасаи ҳақоиқ дар маҳаллаи Мушири Яхчол ва сипас ба мадрасаи Қудсия дар маҳаллаи Дарби имоми Исфаҳон роҳ меёбад ва муқаддамоти риёзиёту улуми сарфу наҳви арабиро фаро мегирад. Сипас ба иқомати бистсола дар мадрасаи Нимовард дар ҷиҳати талабагӣ дар ҳузури афроде чун Оқо шайх Алии Яздӣ, оқо Сайидмуҳаммадкозим Карунии Исфаҳонӣ ва оқо Сайидмаҳадӣ Дарчаӣ даст мезанад ва ба фақеҳи соҳибиҷоза бадал мешавад. Дар ин давраи бистсола, илова бар афзоиши сатҳи илмӣ, ба воситаи сахтии зиндагӣ, муҳаззаб ва соддазисту мутавозеъ мешавад. Сипас муддати 12 сол ба тадриси дарси фиқҳ дар давраҳои лисонс ва фавқулисонси Донишкадаи ҳуқуқи донишгоҳи Теҳрон мепардозад. Низ асарот ҳамин давраи марорат аст, ки баъдҳо мунҷар ба таълифи «Ғаззолинома» дар шарҳу тавсифи аҳволи Имом Муҳаммади Ғаззолӣ аз забони Ҳумоӣ мешавад.
Чанде баъд Ҳумоӣ барои тадриси фалсафа ва адабиёт ба Табрез меравад ва ҳамзамон китоби «Таърихи адабиёт» худро менависад. Дар соли 1931 ба Теҳрон мунтақил шуд ва ба тадрис дар дабиристонҳои Дорулфунун ва Шараф пардохт. Дар ин давра шогирдоне чун Забеҳуллоҳ Сафо, Ҳусайни Хатибӣ ва Алиакбари Шиҳобиро мепарваранд. Дар соли 1940 ба тадрис дар класи шашуми адабӣ, ки зери назари донишсарои олии он вақт буда ва мухтасси шогирдони аввалу дувуми Донишсарои муқаддамотии кулли кишвар мешуда, мансуб мешавад. Сипас роҳии Донишгоҳи Теҳрон мегардад ва 12 сол ба тадриси дарси фиқҳ дар Донишкадаи ҳуқуқ мепардозад ва сипас ба Донишкадаи адабиёти Донишгоҳи Теҳрон мунтақил ва ба тадриси саноеъи адабӣ дар ҳар се мақтаъи коршиносӣ, коршиноси аршад ва докторӣ машғул мешавад. Дар соли 19665 дархости бознишастагӣ мекунад ва бо вуҷуди мувофиқат бо он, кори тадрис дар донишгоҳ ҳамчунон идома меёбад. Дар соли 1973 ҷузъи аъзои Анҷумани шоҳаншоҳии фалсафаи Эрон ба раёсати ифтихории фараҳи паҳлавӣ мешавад. Аз ҷумла, шогирдони барҷастае, ки дар маҳзари устод Ҳумоӣ парвариш ёфтаанд, метавон ба Муҳаммадризо Шафеъии Кадканӣ, Муҳаммад Муъин, Қадамъалии Саромӣ, Муҳаммад Хонсорӣ ва Ҷамоли Ризоӣ ишора кард.
Осор
вироиш- Таърихи адабиёти Эрон, ба кӯшиши Моҳдухтбону Ҳумоӣ. Ширкати нашри «Ҳумо», 1375;
- Ғаззолинома, китоби фурӯшии Фурӯғӣ ва интишороти «Заввор», 1397;
- Рисола дар шарҳи аҳволи Сурӯши Исфаҳонӣ, муқаддимае бар девони шоир бо тасҳеҳи Муҳаммадҷаъфари Маҳҷуб;
- Хайёминома. Ширкати нашри «Ҳумо», 1394;
- Тафсири «Маснавӣ»-и Мавлавӣ. Достони қалъаи Зотуссурайё ё дизҳушрабо;
- Фунуни балоғат ва синооти адабӣ. Интишороти «Аҳуро», 1389;
- Мавлавинома ё Мавлавӣ. Дуҷилдӣ, ширкати нашри «Ҳумо», чопи даҳум, 1385;
- Мухторинома ё Муқаддимаи девони Усмон Мухторӣ. Интишорот илмӣ ва фарҳангӣ, 1361;
- Тасаввуф дар ислом, нигоҳе ба ирфони Шайх Абусаъиди Абулхайр. Чопи севум, интишороти «Ҳумозар», 1376;
- Таърихи улуми исломӣ. Тақрироти Ҷалолуддини Ҳумоӣ. давраи доктории адабиёти форсии Донишгоҳи Теҳрон;
- Таърихи Исфаҳон, дар ҳафт ҷилд, ба кӯшиши Моҳдухтбону Ҳумоӣ. Пажӯҳишгоҳи улуми инсонӣ ва мутолиоти фарҳангӣ, 1396;
- Девони Сано. Ба эҳтимоми Моҳдхутбону Ҳумоӣ. Чопи севум, ширкати нашри «Ҳумо», 1377.
Эзоҳ
вироиш- ↑ جلالالدین همایی(форсӣ). دانشگاه تهران. 29 октябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ استاد همایی؛ سنای ایران(форсӣ). ایمنا (9 май 2022). 29 октябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ جلال الدین همایی - دانشنامهی اسلامی(форсӣ). wiki.ahlolbait.com. 29 октябри 2024 санҷида шуд.