Деҳоти Даҳана

(Тағйири масир аз Ҷамоати Даҳана)

Деҳоти Даҳана — (форс. دهانه تاجیکستان) ҷамоати деҳот дар ноҳияи Кӯлоби вилояти Хатлони Тоҷикистон.

ҷамоат
Деҳоти Даҳана
Кишвар  Тоҷикистон
Тобеъи ноҳияи Кӯлоб
Шомили 23 деҳа
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 28 июли 1954
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 28 701 нафар (2017)
Миллият тоҷикон
Мазҳаб мусулмонон
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Коди телефон +992 3322
Нишонаи почта 735140
Домени интернет .tj
Коди мошинҳо TJ03
Деҳоти Даҳана дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор
Даромадгоҳи Ҷамоати деҳоти Даҳана, н. Кӯлоб

Сохтори маъмурию ҳудудии ҷамоат

вироиш

Ҷамоати деҳоти Даҳана (собиқ хоҷагии ба номи Сафар Амиршоев) 23 – деҳаро дар бар мегирад. Маркази маъмуриаш деҳаи Даҳана мебошад.

Ҷамоати Даҳана [1]
Ҷамоат Деҳаҳо
Ҷамоати Даҳана Анваробод, Бешкаппа, Гулзор, Гулобод, Гултеппа, Дамариқ, Даҳана, Ёхсучиён, Калот, Камар, Карбостанак, Кул, Лавова, Мирапоқ, Навобод, Гулрез, Сари ҷар, Таниёл, Тоқакаппа, Файзобод, Хонобод, Хучархӣ, Чинор.

Шароитҳои табиию иқлимӣ ва захираҳо

вироиш
 
Идораи ҷамоати деҳоти Даҳана

Иқлимаш хушкӣ, соҳаи асосии хоҷигидории ҷамоат пахтакорӣ, меваю сабзавоткорӣ, чорвопарварӣ ва ғаллакорӣ ба ҳисоб меравад. Заминҳои ҷамоат аз дарёи Яхсу ва сойи Даҳана обёрӣ мешаванд. Ҷамоати деҳот дорои китобхонаҳо, хонаи фарҳанг, масҷидҳо, бозорҳои фурӯши молҳои ниёзи мардум, иншоотҳои зиёди хидматрасонӣ, литсейи касбӣ - техникии саноати кишоварзӣ, боғчаҳои бачагона, марказҳои саломатӣ, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, филиали бонкҳо, нуқтаҳои таъмири техникӣ, корхонаҳои хурди оҳангарӣ, осёбҳои обӣ, ҷувозҳои равғанкашӣ мебошад.

Мардум

вироиш

Ин ҷо асосан тоҷикон зиндагӣ мекунанд ва бештар ба кишоварзӣ машғуланд. Шумораи аҳолии Деҳоти Даҳана дар соли 2011 аз 26460 нафар тан ва дар солҳои 2009-2010 ба чунин нишондод баробар буд:

Номи ҳозираи деҳа Номи пештараи деҳа[2] Шумораи аҳолӣ
дар соли 2009
Шумораи аҳолӣ
дар соли 2010
Анваробод Анваробод 712 721
Баҳористон Дамариқ 297 299
Гулзор Гулзор 687 693
Гулобод Девона Хуҷа 1351 1371
Гулрез Олтовул 2439 2486
Гултеппа Гултеппа 857 852
Даҳана Даҳана 1471 1493
Саидмуъмин Шамсов Калот 1106 1119
Сафар Амиршоев Мирапоқ 1902 1912
Ёхсучиён Ёхсучиён 1925 1936
Камар Камар 206 212
Карбостанак Карбостанак 116 116
Кӯл Кул 579 585
Лабоба Лавова 1118 1145
Навобод Навобод 749 763
Сари ҷар Сари ҷар 799 807
Тоқакаппа Тоқакаппа 1626 1648
Таниёл Таниёл 866 876
Файзобод Файзобод 964 974
Хонобод Хонобод 2756 2785
Хӯҷаи Чархӣ Хучархӣ 447 453
Чинор Чинор 1421 1432
Яккачинор Бешкаппа 927 921
  1. Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — с. 88-89 ISBN 978-99947-33-54-5
  2. http://maps.vlasenko.net/smtm200/j-42-16.jpg

Адабиёт

вироиш

Пайвандҳо

вироиш

Сарчашма

вироиш