Ҷамшед Муртазозода
Ҷамшед Саидалӣ Муртазозода — ҳуқуқшинос, олим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI [1]
Муртазозода Ҷамшед Саидалӣ | |
Таърихи таваллуд: | 4 май 1972 (52 сол) |
Зодгоҳ: | Ваҳдат, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Ҳизб: | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишҶамшед Муртазозода 4 майи соли 1972 дар шаҳри Ордҷоникидзеобод (ҳозира Ваҳдат) дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Миллатам тоҷик.
- Соли 1989 мактаби миёнаи №2 ба номи В.И.Ленини ноҳияи Ордҷоникидзеободро (ҳоло Ваҳдат) бо баҳои аъло хатм намудааст.
- Солҳои 1989 — 1990 дар филиали заводи авиатсионии Иркутск дар шаҳри Ордҷоникидзеобод вокеъ буда, порагар шуда кор кардааст.
- Соли 1990 ба шуъбаи рӯзонаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1995 онро бо баҳои аъло хатм намудааст.
- Соли 1995 бо қарори Комисияи давлатии тақсимоту ҷобаҷокунии мутахасисони ҷавон дар кафедраи ҳуқуқи граждании Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) дар вазифаи ассистенти кафедра ба кор қабул гардидаст.
- Соли 1997 бо тавсияи кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳи Милии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2000 ум дар мавзӯи «Мақоми гражданию-ҳуқуқии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, ба унвонии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ мушараф гардидааст.
- Соли 2012 дар Академияи хоҷагии халқ ва хидмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия дар мавзӯи: «Проблемаҳои ташкили ва фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи докторӣ дифоъ намудаст.
Дар кафедраи ҳуқуқи граждании факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Инчунин аъзои Шӯрои илмию машваратии Суди Олии Иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003), дорандаи ҷоизаи Исмоили Сомонӣ байни олимони ҷавон (2004), аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (2004), раиси Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005), аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005), аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009) буд. Бо медали 20-солагии Истиклолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Муаллифи 4 монография ва зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ мебошад. 1 марти соли 2020 Раиси комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.[1]
Сарчашма
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Муртазозода Ҷамшед Саидалӣ(тоҷ.). www.parlament.tj. 20 марти 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 марти 2020.