Ҷон Кеннет Гэлбрейт

Ҷон Ке́ннет Гэ́лбрейт (англ. John Kenneth Galbraith; 15 октябри 1908, Айон-Стейшн, Канада — 29 апрели 2006, Кембриҷ, Масачуссетс, ИМА) — иқтисоддон ва ҷомеашиноси амрикоӣ, яке аз машҳуртарин иқтисоддонҳои ҷаҳони муосир. Намояндаи институтсионализм.

Ҷон Кеннет Гэлбрейт
англ. John Kenneth Galbraith
Таърихи таваллуд 15 октябр 1908(1908-10-15)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 29 апрел 2006(2006-04-29)[4][1][2][…] (97 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ илми иқтисод[6], creative and professional writing[d][6], адабиёти ҳуҷҷатӣ[6] ва диплумосӣ[6]
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори ифтихорӣ[d][5]
Алма-матер
Роҳбари илмӣ George M. Peterson[d][7]
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи Донишгоҳи Торонто. Фаъолияти илмӣ ва тадрисии вай дар донишгоҳҳои Калифорния, Гарвард ва Принстони ИМА гузаштааст. Дар ҳаёти сиёсии ИМА нақши фаъол дошта, мушовири Президент Ҷ. Кеннеди ва номзадҳо аз Ҳизби демократӣ Э. Стивенсон, Ю. Маккартни ва Ҷ. Макговерн буд. Соли 1937 шаҳрванди ИМА гардид. Дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон (1939-45) сардори Раёсати назорати нархҳо буд. Дар коркарди сиёсати «ҳудудҳои нав»-и Президент Ҷ. Кеннеди саҳм дошт. Сафири ИМА дар Ҳиндустон (1961-63) буд. Дар баробари таҳқиқоти иқтисодӣ, ба фаъолияти эҷодӣ машғул буд. Ҷон Кеннет Гелбрейт яке аз асосгузорони назарияи «ҷамъияти истеъмолӣ», «ҷамъияти нави индустриалӣ», «конвергенсияи ду низом» ба ҳисоб меравад. Консепсияи илмии Ҷон Кеннет Гелбрейт дар асарҳои сегонаи вай — «Ҷамъияти фаровон» (The Afsment Soctery, 1958) «Ҷамъияти нави индустриалӣ» (The new industrial State, 1967) ва «Назарияҳои иқтисодӣ ва ҳадафҳои ҷамъият» (Economics and the Public Puzpose, 1973) инъикос ёфтаааст. Асоси консепсияи Ҷон Кеннет Гелбрейт-ро ақида дар бораи раванди навсозии ҷамъияти муосири Ғарб зери таъсири заруратҳои истеҳсолоти саноатии калон ташкил медиҳад. Ҷон Кеннет Гелбрейт илм ва техникаро ҳамчун қувваҳои ҳаракатдиҳандаи ҷомеа муайян кардааст, ки хусусиятҳои рушди иқтисодиро ташаккул медиҳанд. Воридкунандаи асосии дастовардҳои тараққиёти илмӣ-техникӣ дар ҳаёт, аз рӯйи ақидаи Ҷон Кеннет Гелбрейт, корпоратсияи калон ба ҳисоб меравад, ки он на танҳо ҳамчун субъекти хоҷагидории асосии иқтисодиёти саноатии ба дараҷаи олӣ тараққикарда, балки ҳамчун ниҳоди нави иҷтимоӣ, ки метавонад зиддиятҳои иҷтимоиро ҳал намояд, амал мекунад. Ҷон Кеннет Гелбрейт яке аз аввалинҳо шуда таҷрибаи танзим намудани иқтисодиёти давлатии ИМА-ро дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон ба таври назариявӣ санҷида буд. Ҷон Кеннет Гелбрейт ба хулоса омад, ки бозор аз рӯйи табиати ғайриинҳисории худ нисбат ба низоми бозори рақобати озод иқтисодиётро беҳтар танзим менамояд. Дар таҳқиқоти минбаъдааш Ҷон Кеннет Гелбрейт иқтисодиёти Амрикоро ба ду низоми сифатан гуногун: «банақшагиранда» ва «бозоргонӣ» тақсим мекунад. Ҷон Кеннет Гелбрейт аз 27 декабри 1988 узви хориҷии Академияи илмҳои Русия дар Шуъбаи масъалаҳои иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва робитаҳои байналмилалӣ буд. Барои хидматҳои шоиста дар соҳаи илмҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бо медали тилои ба номи М. В. Ломоносов сарфароз гардидааст (1993).

Сарчашма

вироиш