Ҷорҷ Гершвин
Ҷорҷ Ге́ршвин (англ. George Gershwin, ном ҳангоми таваллуд Jacob Gershwine — Я́ков, ё Ҷе́йкоб Гершвин; 26 сентябри 1898, Бруклин — 11 июли 1937, Ҳолливуд) — оҳангсози амрикоӣ.
Ҷорҷ Гершвин | |
---|---|
англ. George Gershwin | |
![]() | |
Иттилооти асосӣ | |
Ном ба ҳангоми таваллуд | англ. Jacob Bruskin Gershowitz |
Таърихи таваллуд | 26 сентябр 1898[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 11 июл 1937[4][2][3][…] (38 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Солҳои фаъолият | 1914 — 1937 |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | оҳангсоз, пиёнунавоз, таронасаро, ҷознавоз, оҳангсози филм, рассом, раҳбари мусиқӣ |
Соз | фортепиано |
Сабк | опера, ҷоз[d] ва мусиқии килоссик[d] |
Ношир(он) | Victor Talking Machine Company[d] |
Ҷоизаҳо | |
Соядаст | |
gershwin.com | |
![]() |
ЗиндагиномаВироиш
Дар Ню-Йорк дар хонаводаи муҳоҷирони яҳудитабор аз Руссия таваллуд шудааст. Маълумоти расмии умумию касбии мусиқӣ надорад. Дар наврасӣ ҳамчун ҷӯрнавоз (аккомпаниатор) кор карда, сурудҳое дар рӯҳияи мусиқии маъмул менавишт, ки дар Бродво мунтазам садо медоданд; дар аввали солҳои 1920 мазҳакаҳои мусиқии эҷодкардаашро театрҳои ин шаҳр ба саҳна мегузоштанд. Соли 1924 асари худ «Рапсодия дар сабки блуз» барои фортепиано бо оркестрро (ҳамчун пианинонавоз) хеле муваффақона иҷро кард. Бо ин асар равияи нав дар мусиқӣ – ҷази симфонӣ оғоз шуд. Пас аз «Рапсодия» асарҳои дигари Ҷорҷ Гершвин – Консерт барои фортепиано бо оркестр (1925), сюитаи «Амрикоӣ дар Порис» (1928) ва «Увертюраи кубавӣ» (1932) барои оркестри симфонӣ низ дар ҳамин сабк эҷод шуданд. Асари бузурги Ҷорҷ Гершвин операи «Порги ва Бесс» (1935) мебошад, ки аз лиҳози драматургия ба веризм наздик аст. Оҳангҳои сурудҳо ва пйесаҳои барои фортепиано эҷодкардаи Ҷорҷ Ге́ршвин манбаи бепоёни мавзӯъҳо барои бадеҳаҳои ҷазӣ мебошанд.
ЭзоҳВироиш
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 3.0 3.1 Internet Broadway Database (ингл.) — 2000.
- ↑ Гершвин Джордж // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ German National Library, Berlin State Library, Bavarian State Library, Austrian National Library Record #118639226 // Общий нормативный контроль (GND) — 2012—2016.
- ↑ 6.0 6.1 https://www.digitalarchivioricordi.com/it/people/display/13214 — 1808.
СарчашмаВироиш
- Гершвин Ҷорҷ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.