Ҷуғрофиёи Тоҷикистон
Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ҷойгир аст. Роҳи баромадан ба баҳр надорад.
Кишвар | |
---|---|
Гурӯҳи вобаста | Category:Tajikistan geography-related lists[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Дар шимолу ғарб бо Ӯзбекистон (1161 км), дар шимолу шарқ бо Қирғизистон (870 км), дар шарқ бо Чин (414 км) ва дар ҷануб бо Афғонистон (1206 км) марз дорад. Марзҳои Тоҷикистон бисёр печдор буда дар тӯли чандин аср ташаккул ёфтаанд. Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон соли 1885 таъйин шудааст ва он аз рӯдҳои Панҷ ва Омударё мегузарад.
Релйеф
вироишТоҷикистон аз рӯи хусусияти сатҳи замин кишвари кӯҳсор бо баландиҳои мутлақи аз 300 то 7 495 м мебошад[1].
Кӯҳҳо
вироишКӯҳҳо 93%-и ҳудуди Тоҷикистонро ишғол менамоянд, ки ба системаи кӯҳҳои баландтарини Осиёи Марказӣ – Тиёншон ва Помир мансубанд. Тақрибан нисфи ҳудуди Тоҷикистон дар баландии зиёда аз 3 000 м ҷойгир шудааст[1].
Кӯҳҳои Тоҷикистон дар давраҳои гуногун ташаккулу пайдо шудаанд. Баъзе аз онҳо чандин маротиба дучори ҳаракатҳои тектоникӣ гардидаанд. Масалан, силсилакӯҳҳои Қурама ва Ҳисору Олой дар давраи палеозой, дар натиҷаи пайдоиши чинҳои давраҳои каледонию ҳерсинӣ ташаккул ёфтаанд. Ин кӯҳҳо аз варақсангҳои палеозойи поин, ҷинсҳои карбонатию терригении девони миёна – карбони поин, ҷинсҳои вулкании палеозойи боло ва ҷинсҳои гранитии то девону палеозойи боло иборатанд. Кӯҳҳои давраи палеозой, ки садҳо миллион сол вуҷуд доштанд, тадриҷан шуста шуда, ба ҳамвориҳои теппадор табдил ёфтанд. Дар эраҳои мезозой, кайнозой дар ҳудуди минтақаҳо таҳшинҳои платформаӣ ҷамъ омадаанд, ки онҳо аз ҳаракатҳои тектоникии алпӣ чиндор шуда, боиси пайдоиши релйефи ҳозираи Ҳисору Олой гардидаанд. Дар давраи кайнозой силсилакӯҳҳое, ки Помирро аз тарафи шимол иҳота кардаанд, сар афрохтаанд. Ҷунбиш (ҳаракат)-ҳои нави орогенӣ боиси пайдоиши тарқишҳо дар сохтҳои нисбатан қадими кӯҳӣ ва баландшавии нобаробари харсангҳо, дар баъзе маҳалҳо боиси пастшавии онҳо гардидаанд. Бахусус, силсилакӯҳҳои Қурама, Ҳисору Олой ва Помир баландшавии бошиддатро аз сар гузаронидаанд. Релйефи ҳозираи Тоҷикистон натиҷаи ҷунбишҳои якҷои тектоникии алпии қишри замин ва равандҳои денудатсионӣ (суфта шудани сатҳи замин) мебошад. Дар кӯҳҳои Тоҷикистон ҳодисаҳои вулканӣ ба мушоҳида намерасанд, аммо зилзилаҳои қувваашон гуногуни дар натиҷаи ҳаракатҳои тектоникии зуд-зуд баамалоянда ба қайд гирифта мешаванд[1].
Унсурҳои асосии кӯҳнигории Тоҷикистон:
- риштагӯҳи Қурама ва кӯҳҳои Муғултой;
- ҳавза (пастхами)-и Фарғона;
- низоми кӯҳҳои Ҳисору Олой (Тиёншони Ҷанубӣ);
- пастхамии Тоҷикистон (қисми нишебии ҷанубу ғарби Тоҷикистон);
- Помир.
Дарёҳо
вироишЯк қисмати мамлакатро қаторкӯҳҳои Помир ташкил намуда, дар натиҷа пайдо гаштани дарёҳои тезоб ва кӯлҳои васеъро ба вуҷуд меорад. Калонтарин дарёҳои мамлакат Амударё, Сирдарё, Зарафшон, Вахш ва Панҷ ба шумор меравад.
Кӯлҳо
вироишҚарокӯл дар байни кӯлҳо калонтарин аст. Он дар қисмати шарқии Помир воқеъ аст. Масоҳати ин кӯли шӯри пӯшида 380 км мураббаъ аст. Кӯли Сарез дар қисмати ғарбии Помир ҷойгир шуда, амиқтарин кӯли Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Масоҳати умумии кӯли мазкур 86,5 км мураббаъ буда, чуқуриаш 490 м аст. Афзун бар ин, оби кӯли номбурда дар Осиё муҳимтарин аст.
Пиряхҳо
вироишКалонтарин пиряхи Тоҷикистон – Федченко ном дошта, дарозиаш 77 км ва бараш аз 1700 то 3100 м мебошад. Иқлими Тоҷикистон аз рӯи тафовути минтақаҳо ва баландиҳои мухталиф тағйирёбанда аст. Дар фасли зимистон ҳарорати мӯътадили водӣ аз сифр то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар минтақаҳои баланд ҳарорат паст буда, аз сифр то 27 дараҷа хунук хоҳад шуд
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 Табиат / Х. Муҳаббатов // Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома. — Д.: СИЭМТ, 2021. — С. 46—51. — 696 с. — ISBN 978-99985-0-005-1.