Ҷӯра Латифов — доктори илмҳои таърих (1997), профессор (2001). Академики АПФР (1998), Ходими хизматнишондодаи илми ҶТ (1998).

Ҷӯра Латифов
Ҷӯра Латифов
Таърихи таваллуд: 7 март 1938(1938-03-07) (85 сол)
Зодгоҳ: Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар:  Тоҷикистон
Фазои илмӣ: таърих
Ҷойҳои кор: Кумитаи Марказии ИЛКҶ Тоҷикистон, КМ Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Вазорати шуғли аҳолии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ: профессор
Алма-матер: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осими
Ҷоизаҳо: Ордени "Дӯстии халқҳо", медалҳо "Барои меҳнати шоиста", "Барои меҳнати шоҷоатнок", "Аз халқи миннатдори Афғонистон", Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон

ЗиндагиномаВироиш

Ҷӯра Латифов 7 марти 1938 дар шаҳри Сталинобод ба ҷаҳон омадааст. Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимиро (1961) хатм намудааст.

  • 1961-1964 - муовини директори Омӯзишгоҳи касбӣ-техники №30 шаҳри Душанбе,
  • 1964-1969 - котиби якуми ташкилоти комсомолии ноҳияи Октябр ва шаҳри Душанбе,
  • 1969-1972 - котиби Кумитаи Марказии комсомоли Тоҷикистон,
  • 1972-1986 - мудир ва котиби якуми ҳизби коммунистии ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе,
  • 1986-1992 - мудири шуъбаи КМ ҲКТ, муҳаррири маҷаллаи "Коммунисти Тоҷикистон", котиби ВКХ Тоҷикистон ва корманди сафорати Афғонистон,
  • 1992-1998 - сардори раёсати Вазорати шуғли аҳолии Тоҷикистон,
  • 1999-2001 - мутахассиси Вазорати маорифи Тоҷикистон,

Аз соли 2001 — то ҳоло профессори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон

Фаъолияти илмӣВироиш

Муаллифи зиёда аз 100 асару мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва корҳои илмӣ-методӣ дар бораи масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистон, ҷаҳонишавии давлатҳои Авруосиё, иҷтимоиёт, ислоҳоти маорифи ҶТ аст. Мақолаҳои илмии ӯ дар Русия, ИМА, Эрон, Финляндия ва диг. мамолик нашр шудаанд. Ҷӯра Латифов иштирокчии якчанд ҳамоишҳои байналмилалии илмӣ дар (Анкара, 1993), (Москва, 1994), (Хелсинки, 1994), ([[Ашқобод, 1997), (Турин, 1998), (Будапешт, 1999), (Теҳрон, 2003) мебошад.

Намунаи осорВироиш

  • Влияние внутренних и внешних сил на безопасность Южного Кавказа. - Тегеран, 2005;
  • Янки гоухом, отменяется. - Нью-Йорк, 2005;
  • Афганистан: семена надежды. (Урегулирование политической ситуации, укрепление государственных основ и проблемы постконфликтного восстановления Афганистана). - Душанбе, 2007 ва диг.[1]

ҶоизаҳоВироиш

Ордени "Дӯстии халқҳо" ва якчанд медалҳо "Барои меҳнати шоиста", "Барои меҳнати шоҷоатнок", "Аз халқи минатдори Афғонистон", Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон ва диг. сарфароз гардонида шудааст.

ЭзоҳВироиш

ПайвандҳоВироиш