Нематодаи гандум
(Тағйири масир аз Anguina tritici)
Нематодаи гандум (лот. Anguina tritici) — кирмчаест, ки касалии ангуллюлинози гандумро ба вуҷуд меорад. Ба ҷав, ҷавдор, сулӣ ва ғайра низ зарар мерасонад.
Нематодаи гандум | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||
ХАТО: Параметрҳои parent ва rangро бояд пур кунед.
|
||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||
Anguina tritici, (J.G.Steinbuch, 1799) Chitwood, 1935 | ||||||||||
|
Густариш
вироишНематодаи гандум дар Доғистон, Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистони Шарқӣ, кишвари Краснодар, инчунин дар Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Тоҷикҷистон вомехӯрад. Рустанӣ ҳангоми аз нематодаи гандум осеб дидан тамоман аз сабзиш мемонад ва ба ҷои дон дар хӯшаҳо бузғунҷ (ғалла) ҳосил мешавад.
Дар дохили ҳар як бузғунҷ аз 5 то 15 ҳазор кирмчаҳо мавҷуданд. Бузғунҷҳо ба замин рехта, аз намӣ мекафанд, кирмчаҳои онҳо аввал ба поя, баъд ба барг ва аз он ба ҷанини гул гузашта, рустаниро касал мекунанд. Нематодаи гандум бо дон, пахол ва инчунин олоти хоҷагии қишлоқ паҳн мешавад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Кирьянова Е. С., Кралль Э. Л., Паразитические нематоды растений и меры борьбы с ними, том 1—2, Ленинград, 1969—71.
Сарчашма
вироиш- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.