Мартин Карпан

ҳунарпешаи аргентинӣ
(Тағйири масир аз Martin Karpan)

Мартин Карпан (исп. Martin Karpan, тав. 3 июн 1974) — ҳунарпешаи аргентинӣ, ки дар теленовелаҳои Амрикои Лотинӣ ҳунарнамоӣ мекунад. Мартинро иҷрои нақши асосӣ дар сериоли «Ниқоби Онолиё» (исп. El Rostro de Analía, 2008–2009) муаррифӣ намуд.

Мартин Карпан
исп. Martín Karpan
Ном ба ҳангоми таваллуд: Carlos Martín Karpan
Таърихи таваллуд: 3 июн 1974(1974-06-03) (50 сол)
Зодгоҳ: Буэнос Айрес, Аргентина
Шаҳрвандӣ:  Аргентина
Касб: ҳунарпеша
IMDb: ID 0439953
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Мартин Карпан дар шаҳри Буэнос-Айреси Аргентина таваллуд шудааст. Падараш ҳунарпеша ва модараш соҳибхоназан буданд. Кӯдаки Мартин душвор гузаштааст. Дар ҳоле, ки кӯдакони дигар дар кӯча бозӣ мекарданд, Мартин Карпан дар ҳуҷраи худ нишаста, дар ҷаҳони афсонавияш зиндагӣ мекард. Дӯстони ӯ ҳамсолони воқеии ӯ на, балки қаҳрамонони афсонавӣ буданд. Вай кӯдаки дамдузд ва пӯшада калон шудааст. Ӯ ба таҳсил дар мактаб ва дар донишгоҳ таваҷҷуҳ надошт ва калон шуда, қарор дод, ки худро ба олами синамо ва театр бахшад.

Фаъолият

вироиш
 
Мартин Карпан соли 2016

Мартин Карпан оҳиста-оҳиста ба синамо ворид гаштааст ва соли 1996 дар филми Flores amarillas en la ventana бо ҳунарпешаи маъруфи аргентинӣ Артуро Бонин рӯи навор омадааст.  Худи ҳамон сол ӯ дар аввалин теленовела бо номи Sueltos ширкат варзидааст.  Байни солҳои 1997 ва 2002 ӯ дар якчанд теленовелҳои истеҳсоли Аргентина нақш бозидааст: Como vos y yo (бо Ҷерардо Романо ва Родолфо Раннӣ), Primicias, Amor Latino, Máximo corazón ва De corazón (дар ин силсилафилм ӯ ҳамроҳи ҳунарпеша Флоренсия Пена вохӯрдааст, ки зиёда аз чор сол бо ӯ робита дошт).  Мартин инчунин дар филмҳои ба мисли Momentos robados, Signos ва ¿Y dónde está el bebé? ҳунарнамоӣ намудааст.

Дар мамлакатҳои хориҷа ӯ пас аз ҳунарнамоии бомуваффақият дар теленовелаи колумбии El autentico Rodrigo Leal машҳур гаштааст, ки ӯ нақши мардеро тасвир намудаас, ки худро "ҳамҷинсгаро" вонамуд намудааст,то вориди як барномаи телевизионӣ шуда маблағ бурд намояд ва мехоҳад  маблағро барои харидани хона ва издивоҷ бо духтари дӯстдоштааш сарф намояд. Бояд қайд кард, ки ин теленовела  инчунин ба ӯ имкон дод, ки бо ҳунарпеша, собиқ Мисс Колумбия (хонуми Колумбия), зебосанами ҷаҳон ва муҳаббати бузургаш Каролина Гомес во хӯрад.

Соли 2004 Мартин барои Телемундо ва Телевизиони Caracol дар теленовели Te voy a enseñar a querer (Ман ба ту дӯстдоштанро меомӯзам), нақши маъшуқа ва шарики асосии золимро, ки Катрин Сиачоке мебозад бозидааст. Инчунин ҳунарпешагон Мигел Варонӣ, Данна Гарсия, Мишел Браун ва Адриана Кампос ситораҳои ин силсилафилм мебошанд. Соли 2005 ӯ нақши рақиби асосиро дар теленовелаи Сафари дигар (El cuerpo del deseo) бо Марио Симарро, Лорена Рохас ва  Ванесса Вилйела бозидааст, ки ин силсилафилм бо забони форсӣ тарҷума шудааст.  Дар La viuda de Blanco, ӯ золим Амадор Бланкоро тасвир кардааст, ки дар он ҳунарпешаҳои маъруф Жарик Леон (бо ӯ робитаи румонтикӣ дошт), Итатӣ Канторал, Сулӣ Монтеро ва дигарон низ ҳунарнамоӣ кардаанд.  Мартин инчунин дар комедияи колумбӣ  Nuevo rico, nuevo pobre нақши Андрес Феррейра, як тоҷири сарватманд аз оилаи хубро тасвир кардааст, вақте ӯ дарк мекунад, ки оилааш оилаи биологии ӯ нест ва дар кӯдакӣ  бо Брайан Галиндо итибоҳан иваз карда шудааст. Соли 2008, ӯ ба Телемундо бо нақши Дониел Монтиел дар теленовелаи машҳури Ниқоби Онолиё (El cara de Analía) бо ҳамроҳи ситораи машҳур Элизабет Гутйеррес баргашт,ки дар он инчунин Морисо Родригес, Габриэл Поррас, Химена Дуке, Хосе Гилйермо Кортинес, Педро Морено ва Даниэл Луго ҳунарнамоӣ кардаанд.

Пас аз иштирок дар якчанд лоиҳаҳои байналмилалӣ, соли 2010 Мартин ба Колумбия бармегардад, ва дар силсилафилми хурди Clase ejecutiva нақши Ҷулиан Коронадо бо Ҷон Алекс Тородар нақш бозидааст. Мартин соли 2011 ӯ ҳамчун Феликс Сегура, дар нақши асосӣ дар комедияи ошиқонаи El secretario бо Хуан Пабло Эспиноза ва Стефанӣ Кайо ҳамроҳ кор кардааст. Соли 2018, Карпан дар мавсими 4-юми теленовелаи эквадории 3 familias нақш бозидааст, ки дар он саҳнаро бо ҳунарпешаи эквадорӣ Эрика Велес бозидааст.

Соли 2020, Мартин дар мавсими дуввуми La Nocturna барои Caracol Television ҳамроҳ бо Хорхе Энрике Абелло, Марсела Карважал, Лилиана Гонсалес, Ҷон Алекс Торо, Сезар Мора, Ангела Педрахита, Росмерӣ Марвал, Брайан Морено, Эилин Морено, Луана , Марианна Шаллер, Ҷайсон Ҷек, Мишел Орозко ва Виктор Ҳюго Морант ҳунарнамоӣ кардааст.

Ҳаёти шахсӣ

вироиш

Мартин бори аввал бо ҳунарпеша ва модели колумбӣ Каролина Гомес якчанд сол робитаи ошиқона дошт.

Баъдан Мартин бо яке аз зеботарин ҳунарпешаи колумбӣ Жарик Леон аз соли 2007 дар никоҳи шаҳрвандӣ буданд. Соли 2008 онҳо соҳиби писарбачае Лусиано гардиданд. Мутаассифона онҳо соли 2009 барҳам хӯрданд.

Филмнома

вироиш

Силсилафилмҳо

вироиш
Сол Номгӯй Нақш
1992 !Grande, pa! Ховиер
1994 Aprender a volar Эмилио
1996 Sueltos Марино Моралес
1997-1998 De corazón Николас Салгадо
1998 Gasoleros Рубен
1998-1999 Como vos y yo Мануал Андраде
2000 Calientes Рей
Amor latino Леонал Диаз
2002 Máximo corazón Роберто Гомез
2003 El auténtico Rodrigo Leal Родриго Леал
2004-2005 Te voy a enseñar a querer Луиз Карлос
2005 Сафари дигар Ондрес Короно
2006-2007 La viuda de blanco Амадор Бланко
2007-2008 Nuevo rico, nuevo pobre Ондрес
2008 Ниқоби Онолиё Дониел Монтиел
2009-2011 Kdabra Дониел Трехо
2010 Clase ejecutiva Хулиан Коронадо
2011-2012 El secretario Феликс Сегура
2014 Rosa mi corazón es tuyo Эрик Кабрал
2015 Anónima Меъмор Фернандо Осорио
2016 La viuda negra Бриан Фергюсон
2018 3 familias Окилес Пинто
2019 El final del paraiso Салваторе Миранда
2020 La Nocturna Хосе Мария Колланте

Ҷоизаҳо

вироиш
Сол Категория Теленовела Натиҷа
1996 Нахустнамоиши (деюбт) мардона Flores amarillas en la ventana Баранда
Сол Категория Теленовела Натиҷа
2012 Беҳтарин ҳунарпешаи рақиб дар силсилафилм El secretario Номзад
2007 Беҳтарин ҳунарпеша дар нақши мусбат Nuevo rico, nuevo pobre Номзад
Сол Категория Теленовела Натиҷа
2012 Беҳтарин ҳунарпешаи рақиб дар силсилафилм El secretario Номзад

Ҷоизаи Talento Caracol

вироиш
Сол Категория Теленовела Натиҷа
2012 Беҳтарин золим El secretario Баранда

Иқтибос

вироиш

Пайвандҳо

вироиш