Ин вожа дигар маъноҳо низ дорад,
Газ-ро бубинед.
Газ (лот. Támarix), газм — ҷинси рустанӣ мансуби оилаи газиҳо (Tamaricaceae), дарахт ва буттаи начандон калон.
Баландиаш 4—8 м. Навдаи дарози борик, барги сабз ё хокистарранг, гули дуҷинсаи сафед, гулобӣ, бунафш ва ғӯзамеваи сертухм дорад. Дар ҷангалҳои соҳили дарё, заминҳои шӯрхоку санглох, регзор ва боғҳо мерӯяд.
Дар Авпрупо, Осиё ва Африқо 90 намудаш паҳн шудааст. Дар Тоҷикистон 9 намуди Газ. (Tamarix arcenthoides, Tamarix elongata, Tamarix florida, Tamarix hispida, Tamarix hohenackeri, Tamarix kotschy, Tamarix meyeri, Tamarix ramosissima) вомехӯрад. Газ аз тухм, бехҷаст ва қаламча нумӯ мекунад.
Газро дар сабзкорӣ, регбандӣ, пешгирии обшӯйи хок ва ғайра истифода мебаранд. Аз шохчаву навдаҳояш чиғ, сабаду бозичаҳо мебофанд. Баргу пӯстлохаш барои даббоғии пӯст истифода мешавад (дар таркиби пӯстлохи он 0,6–10,8% таннид мавҷуд аст). Шоху навдаи тару тозаашро чорво мехӯрад. Газ рустании рангдеҳ ва асаловар аст.
Табибони тибатӣ аз навдаҳои газ чой дам карда, онро барои муолиҷаи тарбод истифода мебаранд.
- Качалов А. А. Деревья и кустарники. М., 1970;
- Попова Т. Н. Жизнь растений. Т. 5. М., 1981;
- Флора Таджикской ССР. Т. 6. Л., 1981;
- Грин Н., Стаут У., Тейлор Д. Биология. Т. 2. М., 2009.
- Комаров Б. М.. Определитель растений Северного Таджикистана, Душанбе., 1967;