Вирусҳо

(Тағйири масир аз Viruses)

Вирус (лот. virus — заҳр) — як навъ мавҷудоти зинда, ангезандаҳои хурдтарини бисёр бемориҳои сироятии одам, ҳайвонот, рустанӣ ва бактерияҳо.

Вирусҳо
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Viruses
Таксонҳои хоҳар

Вирусҳо фақат дар дохили ҳуҷайраҳои зинда сукунат доранд. Бемориҳои вирусӣ гузаранда буда, зуд густариш меёбанд. Солҳои зиёд ақидае вуҷуд дошт, ки вирусҳо ангезандаи бемориҳои шадид мебошанд. Вале имрӯз далелҳое мавҷуданд, ки онҳо мӯҷиби сар задани бемориҳои гуногуни музмин шудани вирусро низ исбот мекунанд.

Вирусҳо аз рӯйи сохту хусусият дар байни маводди мураккаби кимиёӣ (полимерҳо, макромолекулаҳо) ва содатаринҳо (бактерияҳо, риккетсияҳо, хламидияҳо) мавқеи мобайниро ишғол менамоянд. Вирусҳо бо роҳи сироятнок кардани ҳайвоноти озмоишӣ, ҷанини мурғ ва бофтаҳои махсус зиёд карда мешаванд. Дар ибтидои пайдоиши вирусшиносӣ таҳқиқот бо ҳайвоноти озмоишӣ (муши сафед, хукчаи обӣ, харгӯш) доир карда мешуданд. Ба организми онҳо «моддаи шубҳанок»-ро фиристода, аз рӯйи ҷараёни беморӣ кадом вирус будани ангезандаи онро маълум мекарданд. Аз ибтидои солҳои 50 асри 20 усули пайванди бофтаҳо ба роҳ монда шуд. Ҳуҷайраи бофтаи зиндаро бо ёрии ферментҳо ҷудо карда, ба зарфи махсус мегузоранд. Сипас ба он моддаи ғизоӣ илова карда, барои сабзиш дар термостат ҷой медиҳанд. Дар натиҷа ҳуҷайраҳо тақсим шуда, тадриҷан рӯйи шишаро фаро мегиранд. Агар чунин ҳуҷайраҳо бо вирусҳо сироятнок карда шаванд, таъсири харобиовари онҳоро бевосита мушоҳида кардан мумкин аст. Усули пайванди бофтаҳо имкон дод, ки вируси нав кашф ва таъсири мутақобилаи онҳо бо ҳуҷайраҳо ошкор гарданд.

Вирусҳои калонтарин (вируси нағзак) ҳаҷман ба бактерияҳои майда, вируси хурдтарин (ангезандаи энсефалит, полиомелит, оқсил) ба молекулаҳои калони сафедаҳо (ба молекулаҳои гемоглобини хун) наздиканд. Вирусҳо бо нанометр (нм) чен карда мешаванд. Як нанометр мил ҳиссаи як миллиметр аст. Андозаи вирусҳо аз 20 то ба садҳо нанометр мерасад. Барои қиёс бузургии ҳуҷайраҳои майдатарини хун – эритроситро меорем, ки он ба 7000–8000 нм баробар аст, яъне вирусҳо нисбат ба эритроситҳо даҳҳо ва садҳо баробар хурд мебошанд. Вирусҳо кубшакл, чӯбчашакл, курашакл, серқирра ва ришташакл мешаванд. Таркиби вирусҳо аз сафеда ва кислотаи нуклеат иборат аст. Кислотаи нуклеат ноқили ахбори генетикист. Агар ҳуҷайраҳои одам, ҳайвон, рустанӣ ва бактерияҳо ҳамеша ду навъи кислотаи нуклеат – дезоксирибонуклеат (КДН) ва рибонуклеат (КРН) дошта бошанд, пас дар вирусҳо фақат як навъи онҳо – КДН ё КРН ба мушоҳида мерасад. Миқдори сафедаҳо дар вирусҳо фарқ мекунад. Вируси нисбатан мураккаб дорои карбогидриду липидҳо низ мебошанд. Дар таркиби баъзе вирусҳо фермент низ мавҷуд аст. Ҷойгоҳи асосии вирусҳо ҳуҷайра аст. Вирусҳо гарчанде аз ҳуҷайра даҳҳо ва садҳо баробар хурд бошанд ҳам, онро моҳирона идора мекунанд. Барои ба вуҷуд овардани насли худ вирусҳо аз моддаҳо ва неруи ҳуҷайра истифода мебаранд. Вирусҳо аз ҳисоби ҳуҷайра афзоиш ёфта, захираҳои онро кам мекунанд, боиси ихтилоли мубодилаи моддаҳо ва ҳалокати ҳуҷайра мегарданд. Зиёда аз 1000 навъ вируси одам ва ҳайвонот мавҷуд аст (қариб нисфи онҳо бемориоваранд). Одатан, вирусҳо интихобан таъсир карда, узвҳои муайян ва бофтаҳои рӯда, бодомаки гулӯ, ҷигар, ҳуҷайраҳои асаби ҳароммағз ё мағзи сарро иллатнок месозанд. Бемориҳое, ки вирусҳо ба вуҷуд меоранд, ниҳоят зиёданд. Ба онҳо ҳам сирояти вогир (мас., грипп, сурхча, ҳорӣ, ханозир, нағзак ва ғ.), ҳам иллати ҷузъии пӯсту луобпардаҳо (табхол, озах), ҳам осеби узву бофтаҳои алоҳида (миокардит, гепатит, лейкозҳо) ва ҳам омосҳои бадфарҷом (саратон, реши равони ҳайвонот) мансубанд. Дар табиат вируси фақат мансуби одам кам дучор меоянд (ҳамаи онҳо ба вируси ҳайвонот наздик ё монанд мебошанд). Бо вируси ангезандаи грипп, сурхча, ханозир, табхол, ситомегалия, гастроэнтерит ва назла, одам хоҳ-нохоҳ дучор мешавад; аз вируси ангезандаи гепатит, сурхакон, ҳорӣ, полиомиелит ва миокардит канораҷӯӣ кардан мумкин аст. Дар батни модар ба кӯдак мумкин аст ду вируси хавфнок – вируси сурхакон ва ситомегалия таъсир расонанд. Ба кӯдакони навзод ва ширмак вируси табхоли навъи I ва II, гепатити В, грипп, назла, полиомиелит, гастроэнтеритҳо таҳдид менамоянд. Вирусҳо ба одамони калонсол камтар, вале ба пирсолон бештар таъсир мерасонанд. Ҳамин тариқ, вирусҳо аз лаҳзаи таваллуд (дурусташ пеш аз таваллуд) то пирсолӣ ҳамсафари одамонанд. Агар давомоти умри инсон 70 сол бошад, 7 соли он бо бемориҳои вирусӣ мегузарад. Аз ин ҷо маълум аст, ки вирусҳо зарари калони иқтисодӣ мерасонанд. Агар ба он зиёни аз дигар амрози вирусӣ ба чорво ва рустанӣ расандаро илова намоем, ададҳои беохир ҳосил мешаванд.

Сирояти вирусҳо мураккаб ва гуногун аст. Дар баъзе мавридҳо беморӣ зуд инкишоф ёфта, бо ҳалокати ҳуҷайра анҷом мепазирад. Дар мавриди дигар вирусҳо ба дохили ҳуҷайра даромада, нопадид мешаванд ва муддати дароз осеб намерасонанд. Шакли якум сирояти ошкор (шадид), шакли дуюм сирояти ниҳонӣ (латентӣ) ном дорад. Дар табиат сирояти ниҳонӣ нисбат ба сирояти ошкор бештар дучор меояд. Дар асл ҳамаи амрози вирусии маълум метавонанд ҳам дар шакли ошкор ва ҳам дар шакли ниҳонӣ ҷараён гиранд. Сирояти вирусии ниҳонӣ мумкин аст ҳангоми табхол, полиомиелит, энсефаломиелит, гепатит, ҳамчунин омосҳо ба мушоҳида расад. Вируси ангезандаи ин бемориҳо дуру дароз (баъзан тамоми умр) дар организм монда, мумкин аст аз худ хабар надиҳанд. Ҳангоми заиф шудани организм (бинобар таъсири дуру дарози сармо, офтоб, нурҳои рентгенӣ, стресс) вирусҳо фаъол мегарданд. Дар натиҷа сирояти вирусии ноаён ба бемории ошкоро мегузарад. Вируси омосовар (омосзо) чандон фаъол нестанд. Аз ин сабаб онҳо ҳуҷайраро табоҳ намесозанд, аммо боиси тағйироти ирсии он мешаванд. Агар дар ҳуҷайра вируси омосовар вуҷуд дошта бошанд, пас онҳо беист афзоиш мекунанд. Ин гуна хусусияти ҳуҷайраҳо аломати аввалини рушди омоси бадасл аст.

Вирусҳо манфиат ҳам доранд, масалан, вируси бактерияхӯр (бактериофагҳо), ки авлоди наздиктарини худро зуд маҳв мекунанд. Онҳоро барои пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ (исҳоли хунин, вабо, домана) истифода мебаранд. Солҳои 50 асри 20 дар Австралия масъалаи мубориза бар зидди харгӯшҳои ваҳшӣ, ки ба кишоварзӣ зарари калон меоварданд, ба миён омад. Дар мубориза бар зидди онҳо вируси миксоматозро ба кор бурданд. Дар давоми 10–12 рӯз ин вирусҳо тамоми ҳайвоноти сироятёфтаро нобуд сохтанд. Вирусро дар оянда дар муборизаи зидди кирми карам, лаблабу ва митта ба кор бурдан мумкин аст.

Нигаред низ

вироиш

Адабиёт

вироиш