Робита бо ҷомеъа
«Робита бо ҷомеа» (англ. Public Relations , Паблик рилейшнз, дар шакли кӯтоҳшуда PR (Пи-Ар)) — ташаккули афкори ҷамъиятӣ оид ба маҳсулот, одам, ширкат, воқеа ва хидматрасонӣ мебошад.
PR — вазифаи идоракунанда аст, ки ҷиҳати ба роҳ мондан ва нигоҳ доштани муносибатҳои судманд миѐни корхона ва ҷомеа мусоидат намуда, вобаста аз истифодаи он муваффақият ѐ нобарории фаъолияти ширкат маънидод карда мешавад.
Таърих
вироишАввалин маротиба аз ҷониби президенти ИМА Томас Ҷефферсон соли 1807 зимни ироаи паѐм ба конгресс (мақомоти олии қонунбарори Амрико) истифода шудааст, вале таърифи мушаххас оид ба мафҳуми PR то ҳанӯз вуҷуд надорад. Танҳо дар зарфи 60 соли охир тафсирҳои гуногуне перомуни ин истилоҳ ба миѐн омадаанд. Таърифи классикӣ далолат мекунад: Имрӯз PR маънои зиѐд дорад. Ҳанӯз соли 1975 хазинаи амрикоии «Foundation for Public Relations Research and Education» таҳқиқоти мукаммал гузаронд, ки дар он аз саросари дунѐ 65 олим ширкат варзида, 600 мафҳуми PR-ро ҳосил намуданд. Пажӯҳишгоҳи муносибатҳои ҷамъиятии Британияи Кабир (IPR) зери мафҳуми PR тадбирҳои нақшавӣ ва давомдорро мефаҳмад, ки ба бунѐд ва дастгирии муносибати хайрхоҳона нисбат ба ҷомеа равона гардидааст. Мутахассиси машҳури англис Сэм Блэк зери ин мафҳум «санъат ва илми бамувофиқатрасӣ тавассути ҳамдигарфаҳмии дар пояи ҳақиқат ва иттилоотонӣ бунѐдѐфтан»-ро мефаҳмад. Шарҳи ин мафҳум дар луғати Уэбстер (Webster. New International Dictionary) чунин омадааст:
«PR — ин мусоидат ҷиҳати ба роҳ мондани ҳусни тафоҳум ва хайрхоҳӣ миѐни шахсият, ширкат ва одамони дигар, гурӯҳи одамон ва ѐ дар маҷмӯъ ҷамъият тавассути пахши маводи тавзеҳотӣ, инкишофи табодули ахбор ва баҳодиҳии аксуламали ҷамъиятӣ аст»
. Соли 1978 дар Мехико аввалин ҷаласаи ҷаҳонии ассотсиатсияи PR баргузор гардид, ки дар он намояндагони беш аз 30 миллат ширкат дошта, чунин тавсифи истилоҳро пешниҳод намуданд:
«Таҷрибаи паблик рилейшнз — ин санъат ва илми иҷтимоиест, ки ғояро бунѐд ва баҳо медиҳад, оқибати амалишавии онҳоро пешгӯӣ мекунад, ба роҳбарони ширкатҳо машварат дода, барои дар амал татбиқ намудани ин афкори созанда, ки ҳам ба манфиати ҷамъият ва ширкат аст, кӯшиш менамояд»
. Яке аз куҳансолтарин мутахассисони PR-и ҷаҳонӣ, асосгузор ва раиси Шӯрои директорони оҷонсии «Burson Marsteller X.» М.Берсон робита бо ҷомеаро ҳамчун методологияи таъсир ба афкор ва рафтори ҷамъиятӣ мепиндорад. Ба андешаи мо, PR — ин идоракунии тафаккур, андешаронии бомақсад, тарҳи лоиҳаҳои нав ба воситаи мухобироти иттилоотӣ аст.[1]
Таърихи PR дар ИМА
вироишМавриди зикр аст, ки таҷрибаи PR дар ибтидои асри ХХ дар ИМА пайдо шуда, бо журналистика иртиботи бевосита дорад. Маҳз ҳамон вақт, дар соли 1902, Ида Тарбелл силсилаи мақолаҳои худро бо номи умумии "Таърихи «Стандарт-Ойл Компани» ба нашр расонд, ки дар онҳо перомуни истифода аз усулҳои ғайрисолими рақобатпазирии роҳбари ин ширкат Ҷон Рокфеллер сухан мерафт. Ҷ. Рокфеллер яке магнатҳои хеле бузурги нафтии Амрико буд ва ин силсиламавод ба нуфуз ва тиҷорати ӯ таъсири манфӣ расонданд: бо шарикон мушкил эҷод шуд ва дар дохили корхона муносибат сард гардид. Дар оилааш ҳам пайваста нофаҳмӣ ба амал меомад. Конгресси ИМА (мақомоти олии қонунбарор) қонунҳое қабул кард, ки дар натиҷа як қатор ширкат ҷаримабандӣ шуданд. Асосгузори PR-и муосир бошад, Айви Ли эътироф шудааст. Ӯ соҳибкор ва рӯзноманигор буд, ки ба таҷрибаи PR соли 1903 рӯ овард. Бо ҳамроҳии дӯсти худ Дж. Паркер онҳо оҷонсии бунѐд ва ташкили имиҷ (нуфуз) барои лидерони сиѐсӣ, ширкатҳо ва муассисаҳои давлатӣ ифтитоҳ намуданд. Ҳадафи онҳо пахшу нашри иттилооти бештар дар воситаҳои ахбори омма ва гузаронидани чорабиниҳои ба ин монанд оид ба чеҳраи худ буд. Бо истифода аз ин усул, Айви Ли мехост ба соҳибкорон исбот намояд, ки ахбори дақиқ, дуруст ва саривақтӣ — маҳаки асосии рушди на танҳо фаъолият, балки ҳаѐти онҳо низ метавонад бошад ва ҳам дар ҷамъият ва ҳам дар доираҳои муайяни сиѐсӣ ғоя, афкор, мол ва хидматрасонии ин соҳибкорон ҳатман дастгирӣ хоҳад ѐфт. Дар натиҷа, Айви Ли хеле шуҳратманд ва сарватманд шуд. Ин ҳама дар сурате даст дод, ки ӯ ба манфиати тиҷорат кор мекард ва аз як ҷониб робитаро бо ширкатҳои бузургу институтҳои давлатӣ ба роҳ мемонд ва аз ҷониби дигар — бо ҷомеа. Соли 1914 ӯро ба хотири аз нав машҳур ва боз ҳам бонуфузтар намудани чеҳраи Ҷ. Рокфеллер ба сифати мушовири шахсиаш ба кор пазируфтанд. Бо кумаки ӯ имкон даст дод, ки масъалаи корпартоиҳо дар вилояти Колорадо бо сабаби марги чанд корманд роҳҳи ҳалли худро ѐбанд. Бо тавсияи Айви Ли, Ҷ. Рокфеллер шахсан ба кони ангишт мефаромад, ба шикоятҳои конканҳо гӯш медод, бо завҷаи онҳо дар яке аз идҳои бошукӯҳ рақс мекард… Дар силсилаи мақолаҳои матбуотӣ Айви Ли роҳбари худро бобои меҳрубон, падари мушфиқ, шавҳари дӯстдор, дӯсти вафодор, роҳбари меҳмондӯст ва барнодил, раиси беғараз ва шахси баобрӯ муаррифӣ намуд. Баъд аз чунин мавод дар матбуот Ҷ. Рокфеллер барои конканҳо «одами худӣ» шуд. Имиҷи ӯ дар чашми кулли амрикоиҳо тағйир ѐфт. Бо гузашти даҳсолаҳо Ҷ. Рокфеллер эътироф мекунад, ки ҳалли масъалаи корпартоӣ дар вилояти Колорадо бо истифода аз матбуот яке аз рӯйдодҳои муҳими ҳаѐти ӯ маҳсуб мешавад. Журналист Айви Ли бо ҳавонаварди машҳури амрикоӣ Чарлз Линдберг, ки мехост ба ҷомеа бехавфии парвоз тавассути ҳавопайморо фаҳмонад, кор мекунад. Вай ҳамчунин бо номзад ба вазифаи раиси шаҳри Ню-Йорк, хадамоти матбуотии ҳизби демократ ҳангоми баргузории маъракаи интихоботи президентӣ ва дигарон ҳамкор будааст. Хизматҳои ӯ дар ташаккули PR- журналистикаи муосир хеле бузург арзѐбӣ мегардад. Ибораи «Паблик рилейшнз» қариб дар як вақт номи касб ва фанни донишгоҳӣ гардид. Эдвард Бернейс тамоми умри худро ба омӯзиши рафтори одамон ва имкони таъсиррасонӣ ба ин рафтор бахшидааст. Ӯро ба кор на танҳо президентон, балки диктаторони машҳури ҷаҳонӣ Франко ва Гитлер даъват намуда буданд. Аввалин фаъолони «Паблик рилейшнз» дар Британияи Кабир котибони матбуотӣ буданд. Дар ибтидои солҳои 30-юми садои гузашта дар ИМА низоми «Паблик рилейшнз» ҳамчун вазифаи мустақили менеджмент ба вуҷуд омад. Дар ширкатҳои калон вазифаҳои нав — муовини роҳбар оид ба мухобирот ва ѐ «Паблик рилейшнз» ташкил шуд. Мавқеи худи PR низ ҳамчун вазифаҳои иттиҳодиявии идоракунии афкори ҷамъиятӣ мустаҳкам гардид. Ҳамзамон, мавриди тазаккур аст, ки ба сифати «чеҳра»-и пиаркунанда дар ҳамаи давлатҳо ва ширкатҳои калони молиявию саноатӣ котиби матбуотӣ баромад мекунад. Вобаста ба ҳадафҳои сиѐсӣ ва манфиати фармоишгар, робита бо ҷомеа баъзан ба таҷрибаи ризоият, табодули афкор, баъзан ба технологияи сафедкунии ягон кирдори ношоистаи ҷамъиятӣ ва баъзан ба боварикунонии ошкоро табдил меѐбад. Далелҳо собит месозанд, ки зарурати истифода аз робита бо ҷомеа дар ибтидои асри ХХ ба хотири бароҳмонӣ ва ҳамоҳанг намудани ризоият миѐни соҳибкорон ва ҷомеа пайдо шудааст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ҷаҳонӣ технологияи дурусти истифода аз PR ҳосил шуд, ки метавонист натиҷаи ҳама гуна амалиѐт анҷомдодаро ҳамеша ба таври мусбат барои ҷомеа арзѐбӣ намояд. Ин чунин маъно дорад, ки ҳадаф ва вазифаҳои аз тарафи субъектҳо таъйиншуда табиати «Паблик рилейшнз»-ро дар вақти муайяни таърихӣ, вобаста ба ҳолат, метавонад маънидод намояд. Вижагиҳои касбии пиарменҳо (мутахассисони пиар) аз рӯйи нишондодҳои зерин сарчашма мегиранд: • мутахассисони робита бо ҷомеа тобеи мақсад ва вазифаҳои субъектҳои тиҷоратӣ буда, ғояи онҳоро дар симои худ ба таври рамзӣ пуштибонӣ мекунанд; • манфиати онҳо, пеш аз ҳама, дар хидматрасонӣ ба субъекти PR ифода меѐбад, онҳо барандаи манфиатҳои ягон гурӯҳи иҷтимоӣ мешаванд; • касбияти мутахассисони робита бо ҷомеа аз рӯйи ризоияти зоҳириашон бо сиѐсати ҷамъиятии субъекти PR муайян карда мешавад.
Онҳо бояд сиѐсат ва фаъолияти рӯзмарраи худро ба сиѐсат ва фаъолияти пешгирифтаи ширкате, ки дар он кор мекунанд, монанд ѐ қисман мутобиқ намоянд. Агар соддатар гӯем, мақсади тиҷорат ба даст овардани даромад аст. Ягон соҳибкор дар ҷаҳон ба хотири муфлисшавӣ фаъолият намекунад. Мақсади PR дар ин тиҷорат муҳайѐ намудани шароит ҷиҳати зиѐдгардонии даромад буда, он аз рӯйи принсипи «боигарии ҷамъият-боигарии омма» фаъолият мебарад. Ҳамин тариқ, пиармен аз мавқею манфиати муттаҳидшавӣ амал карда, ба манфиати ҷомеа низ хидмат мерасонад ва барои ободии он пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад. Дар шароити муосир PR қариб ба ҳамаи соҳаҳо даст дароз кардааст — афкор ва муносибатҳои ҷамъиятиву давлатӣ, истеҳсолӣ, молиявӣ, байналхалқӣ, истеъмолӣ, зиндагии рӯзмарра, пажӯҳиш ва омор, воситаҳои ахбори омма ва ғайра. Аз ин усул метавон барои рушд бахшидани фаъолият ва ѐ баръакс, ноком намудани рақиби худ (аксаран бо истифода аз PR-и сиѐҳ) пурсамар истифода бурд, вале дар «Паблик рилейшнз»-и ихтисосҳои нисбатан маъмуле ҳам ҳастанд:
- Котиби матбуотӣ — мутахассис оид ба ташкили кор бо воситаҳои ахбори омма.
- Рекламасоз — мутахассис оид ба ташкили реклама. Имиҷсоз — мутахассис оид ба сохтани имиҷ.
- Матннигор — таҳиягари матни баромадҳо, суханрониҳо.[2]
PR дар ҷаҳони муосир
вироишДар PR аз технологияҳои зиѐде корбаст мекунанд. Боиси афсӯс аст, ки имрӯз дар шароити бархурди манфиатҳо ва тамаддунҳо дар бисѐр сохтори давлативу шахсии баландпоя мутахассисони PR нестанд. Ва агар бошанд ҳам, пас аксаран онҳое кор мекунанд, ки дониши мукаммали соҳавӣ надоранд. Дар баъзе аз корхонаҳо роҳбарият худ фаъолияти иртиботиро ба роҳ мемонанд, ки ин ҳам дар ҳоли надоштани донишу малакаи касбӣ оид ба PR-технологияҳо сурат мегирад. Ин силсилачорабиниҳо дар асоси нақшаи қаблан тарҳрезишуда амалӣ карда мешаванд ва бештарини маврид натиҷаи дилхоҳ намедиҳанд.
Ҳамин тариқ, Робита бо ҷомеа (public relations) — шаклҳои таъсиррасониест, ки онҳоро иртиботсозии ҳирфаӣ барои ташаккули имиҷи мусбат ва муқобилат ба иттилооти манфӣ корбаст кардааст.
Маънои умумии Робита бо ҷомеа (public relations) — фаъолияти идоракунии марбут ба таъмини робитаҳои ба ду тараф манфиатовар ва мутаносиб байни ташкилоту ҷамъият равонашудаест, ки аз татбиқи он муваффақияти кори ин ташкилот вобастагӣ дорад. Маънои мӯъҷазтари «Робита бо ҷомеа» (PR) — ташаккули афкори ҷамъиятӣ оид ба маҳсулот, одам, ширкат, воқеа ва хидматрасонӣ мебошад.[2]
Нигаред
вироишЭзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Блэк, С. Паблик рилейшнз. Что это такое?/С.Блэк. — Москва: Новости, 1990. — 240 с.
- Луғати Уэбстер (Webster. New International Dictionary). — Москва: Пресса, 2010. — 263 с.
- Чумиков, А. Н., Бочаров, М. П. Связи с общественностью: Теория и практика/А. Н. Чумиков, М. П. Бочаров. — Москва: Дело АНХ, 2008. −560 с.
- Ворошилов, В. Современная пресс-служба / В.Ворошилов. — Спб.: Михайлов В. А., 2005. — 256с.
- Зельманов, А. Б. Социальные функции паблик рилейшнз // Public Relations — наука, образование, профессия: Материалы международной конференции (17 апреля 2003 г.) /А. Б. Зельманов. — СПб, 2003.
- Почепцов, Г. Паблик рилейшнз, или как успешно управлять общественным мнением/Г.Почепцов. — Москва: Центр, 1998. — 349 с.
- Зверинцев, А. Коммуникационный менеджмент: Рабочая книга менеджера PR. 2-е издание/А. Зверинцев. — СПб.: Союз, 1997. — 288 с.
- Шишкина, М. Паблик рилейшнз системе социального управления/М.Шишкина. — СПб.: Паллада-Медиа, 2002. — 444 с.[1]
- ↑ И. И. Ҳамидов. Ташаккули робита бо ҷомеа дар ҷаҳони муосир// Номаи донишгоҳ (ДДХ), № 3 (44), 2015 — с. 134—138