Юнон (Ελλάδα) — кишварест воқеъ дар нимҷазираи Балкан, қисмати Аврупои Ҷанубӣ.

Ҷумҳурии Юнон
Ελληνική Δημοκρατία
Парчам Нишон
Шиор: «озоди ё марг»
Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Ҷумҳурии Юнон|Ύμνος εις την Ελευθερίαν ]]»
Рӯзи истиқлолият (аз Империяи Усмони))
Забони расмӣ Забони юнонӣ
Пойтахт Афина
Шаҳри калонтарин Афина, Салоника, Патр, Лариса
Идораи давлат
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
-ум ҷой дар ҷaҳон
95-ум дар ҷаҳон км²
0, 86 %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ
  • Зичӣ
-ум ҷой дар ҷaҳон

нафар/км²
Пули миллӣ
Интернет-Домен .gr
Коди телефон +30
Соат UTC
Имрӯз қисми {{{Имрӯз}}}

Таърих

вироиш

Фарҳанги даврони Атикии Юнон ва Рум

вироиш

Дар таърихи башарият бори нахуст ду минтақаи маданӣ ба вуҷуд омадааст, ки яке минтақаи Шарқ ва дигаре минтақаи Аврупо буданд. Фарҳанги Аврупо таърихи хеле куҳан дошта бошад ҳам, вале дар байни олимон ақидаҳое ҷой доштааст, ки гуё маданияти Аврупо, фарҳанг ва санъати аврупоӣ нисбат ба маданият ва санъати халқҳои Машриқзамин дертар ба вуҷуд омада бошад. Юнониёну Римиён ба ин гуфтаҳои боло розӣ шуда наметавонанд, онҳо фарҳангу тамаддуни худро куҳан (атикӣ) меҳисобанд. Бозёфтҳои археологи ва дастовардҳои фарҳангии охири ҳазораи IV ва аввали ҳазораи пеш аз милодии Юнону Рум дар ҳақиқат нишон медиҳад, ки аз ҳазорсолаи IV- и то милод cap карда, санъати бадеии Шарқу Ғарб баробар инкишоф ёфтаанд ва дар ҳолати таъсири мутақобилаи ҳамдигар хусусияти ягонаи эҷодӣ ба вуҷуд омадааст, ки он баъдтар дар санъати бадеии мардуми ҷазираи Крит бо номи санъати Минойи ташаккул ёфтааст. Дар қитъаи Аврупо ҷазираи Крит аз қадимтарин марказҳои тамаддуни инсонӣ ба ҳисоб меравад. Фарҳангу тамаддуни мардуми Юнони қадим аз тарафи олимону бостоншиносон омӯхта шуда, онро ба се давраи тулонӣ ҷудо намудаанд:

  • Маданияти давраи Критию Микенӣ (XVI-XII) то м.
  • Маданияти давраи Ҳомерӣ (XI-IX) то м.

Маданияти давраи баъди Ҳомерӣ ва эллинӣ

вироиш

Маданияти давраи баъди Гомерӣ ва эллинӣ - асрҳои VIII-V ва IV-I то мелод. Комёбиҳои фарҳангӣ ва тамаддунии ҳар яке аз ин давраҳо бо хусусиятҳои худ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Қадимтарин ёдгориҳои хаттии ин мардум бори нахуст аз ҷазираи Крит ш. Кносс ёфт шудааст. Дар он оид ба қасри шоҳи афсонавии ҷазираи Крит - Минос маълумот меравад, ки он аз биноҳои боҳашамати 2-3 ошёна иборат буда, масоҳаташ ба 16 000 м² баробар буд. Дар қасри Минос зиёда аз 300 хона ҷой доштааст. Дар деворҳои қасри шоҳон маҳсули санъати санъаткорон, рассомон, меъморон, наққошон, кулолгарон, заргарӣ ва ғайраҳо боқӣ мондааст. Бесабаб мардуми юнониёну римиёнро асосгузорони театр ва амфитеатр нагуфтаанд, чунки онҳо аввалин шаклҳои меъмории театру амфитеат ва стадионҳоро ба вуҷуд овардаанд. Театри Дионис дар Афина (Аттикаи қадим) 70 ҳазор ҷой дошта, театри шаҳри Эфес бошад 60 ҳазор одам мебурд. Драматургия инкишоф ёфт. Асосгузорони он Софокл, Эсхил, Аристофан ва дигарон ба эҷоди асарҳои драмавӣ пардохтанд. Яке аз аскияю масалгуи Юнони қадим Эзоп буд, ки ӯ дар маҳсули эҷодиёташ масалҳои пурмазмунро ба мисли Эзоп гарчанде, ки тамоми умри худ ғулом зистааст, вале ӯ озод мурдааст» сабт намудааст, ки ин ибораҳо мазмуни чандин асарҳоро дорад. Аксари олимону файласуфони Юнон зодаи шаҳри Милет буданд, ки он маркази илму ҳунар ба ҳисоб мерафт. Фарҳанги мардуми он дар зери таъсири маданияти бостонаи Эрону Мисру Бобул инкишоф меёфт.

Худоёни Юнон

вироиш

Мардуми Юнон аз ҷиҳати эътиқодҳои динӣ ба бисёрхудогӣ рӯй меоварданд, ки Худои аввалинашон Худозан буда баъдтар образи Худо Барзаговро офариданд. Пас аз инҳо худоҳои онҳо бо номҳои Зевс, Промитей, Посейдон, Гелиос, Дионис, Аполон, Афина, Димитрий ва ғайраҳо парастиш карда мешуданд ба хотири худоҳояшон қурбониҳо низ мекарданд. Муҷассамаҳои худоҳояшонро сохта, дар ибодатгоҳҳо нигоҳ медоштанд. Муҷассамаи Зевс 58 м баландӣ дошта, дар муддати 9 сол сохта шуда, дар назди куҳи Олимп гузошта шудааст. Ин муҷассама бо бузургию хашамати худ яке аз муъҷизаи ҷаҳон эътироф шудааст. Мардуми ҷамъияти Эгей низ ба хазинаи адабиёти ҷаҳонӣ аз худ мероси гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Онҳо ҳанӯз дар ҳазораи II- то милод хати худро ихтироъ намуда буданд, ки он аз забони мардуми давраи тогомерии Юнон шаходат медихад. Санъати нақшу нигорҳои девории он замон дар санъати атикӣ ва минбаъд дар санъати монуметалии асрҳои миёнаи Византия, Руси бостон. Булгория, Фаронса ва нихоят дар санъати давраи Эҳё васеъ пахн мегардад. Аксари он анъанаҳои бинокорӣ ва шаклҳои меъ¬мории давраи бостон баъдтар дар давраи классики васеъ инкишоф кен меъморию макбараҳои Пелопоннес ва Афинаю Спарта ба ҳисоб меравад. Бесабаб нест, ки Ҳомер дар асараш «Илиада» Микенияро «кони тило» номида, шохи Микена Ағаменионро дар байни шохон аз дама пурзуртарин муаррифй намудааст. Агар мо ба тамаддуни давраи гоммерии Юнон назар кунем дар ин давра маданияти Юнон хеле сует шуда буд. Чй хеле ки аз тасвири достонҳои «Ил-лиада» ва «Одиссея»- и Ҳоммер мушохида карда меша-вад, каҳоамонони достони Ҳоммер шоҳон ва ашрофон бо либосҳои оддӣ тасвир карда шудаанд. Мувофики маълумоту дастовардҳои фарҳангӣ пас аз давраҳои ҳоммерӣ дар аерҳои VIII-VI то милод маданияти мардуми Юнон хеле ташаккул ёфта, хатто аз мамлакатҳои Шарқи бостон пеш мегузарад.

Комёбиҳои мухимтрини маданияти мардуми Юнону Руми Бостон илму фарҳанг, мактабҳо, донишкадаҳо, меъмориҳо, амфитеатрҳо, театрҳо, бозиҳои миллй, давлатдорӣ ва демократияи онҳо мебошад. Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи маданияти мардуми Юнони асотири ин мебошад, ки аз он на факат санъат ва адабиёт, балки дин ва то андозае илми юнонӣ низ гизои маънавӣ гирифтааст. Юнониён аз руи эътикодҳои динӣ ба бисёрхудоӣ руй оварда. Худоҳои худро ба ду кисмат: заминию осмонӣ чудо мекарданд. Тахмин меравад, ки асбоби мусикии лира (уд) аз камони Аполон ба амал омадааст ва ё сохта шудааст, дар ибтидо ба он тор кашида менавохтаанд. Аз ин ру, Аполонро пешсафи нух олиха, худоҳои ҳофизон, муси-кичиён ва пешгуикунандагон меноманд.

Тибби Юнони қадим

вироиш

Тибби Юнони қадим дорой таърихи инкишофи мухиму ганист. Аввалин маълумот оид ба тибби атикаи Юнон дар асри ХП-то милод мутаалик аст. Он замон тибби юнониҳо касби мустакил гар-дид ва духтурони касбиву мак-табҳои оилавии пизишкӣ пай¬до шуданд. Хар чанд ки оид ба ин давраи таърихи тибби Юнони кддим маълумот кам аст, аммо баъзе хусусиятҳои тибби онвакта дар манзумаҳои «Илиада» ва «Одиссея»- и Ҳомер тачассум ёфтаанд. Ҳомер роҷеъ ба вазъи тиб ва мавкеи пизишкони Юнони бостон маълумот додааст, ки олимон ин киссаро ба ибтидои асри XII то милод мансуб медонанд. Дар Юнони бостон оилахаи пизишкони касбй, духтурҳои харбиён, ки он вактҳо мактабҳои «оилавии» пизишкӣ ҳисоб мешуданд, вучуд доштааст. Сарвари оилаи пизишкӣ хам дар як вакт устоди он Асклепий- (бо лотинӣ Эскулан) буда, фарзандонаш Махаон ва Подалирий шогирдони ӯ ба ҳисоб мерафтанд. Ҳомер пизишкӣ Юнони атика Букротро хам аз авлоди онҳост мегуяд. Бо номи Асклепий киссае алокаманд аст, ки ба таърихи тиб дахл дорад. Мувофики он Асклепийро падараш Аполдон аз батни модар гирифтааст. Юнонихо минбаъд Асклепийро худой тиб (дар румихо Эскулап) эълон кардаанд. Уро дар симои муйсафеде, ки ба асои морпеч такя кардааст. тасвир менамуданд. Дар асотири мардуми кишварҳои Шарқи бостон хам бисер вакт мор нақш меёфт, шояд одатан хамроҳи худоёне, ки онҳоро ба тансихатии одамон даъват менамуд ба фаъолияти тиббй алокаманд медонистанд. Оилаи пизишкии Асклепийро ду духтари ӯ пурра мекарданд, ки дар таърихи тиб мақоми хешро доранд. Якеро Гигия (маънои «сихдтӣ»-ро дороет) мегуфтанд, ки бо маслихдтҳои ок, илонааш дойр ба пешгирии бемо-риву бехдошти сихатӣ машҳур шудааст. Уро ҳамчун олиҳаи «сиҳатӣ» мепарастиданд ва аз номи уст вожаи «гигиена», ки маънои «беҳдошт» - ро дорад. Олихаи «сихатӣ»-ро чун ҷавондухтаре тасвир мекарданд, ки ӯ бо дасти чап чомеро медошт, мор аз он чом чизе менушид. Ин акси мор ва ч, ом минбаъд рамзи тиб гардид. Духтари дигараш Панацея «ҳама гуна беморй»- ро табобат карда метавонист. Минбаъд номи ӯ исми хосае гашт, вале на ба маънои хуб: «Панацея» (нушдору) ҳамон воситаи ғайриилмиро меномидагӣ шуданд, ки агар ба ягон даво таъсири шифобахшии худро «бар ҳама беморй»-хо мансуб донанд, истифода мебурданд.

Дастовардҳои фарҳангии юнониён

вироиш

Аксари олимону файласуфон ва санъаткорони Юнон ба мамлакатҳои Шарқи бостонӣ сафар намуда, малакаю таҷриба ва ҷаҳонбинии хешро сайқал дода, дар соҳаи илми тиб, риёзиёт, ҳандаса, ҳуқуқ, ахлоқ, фалсафа, мусиқӣ, нуҷум, меъморӣ, таърих, ҷуғрофия, табиатшиносӣ ва забону адабиёт асарҳои бузурги худро эҷод намуда ба ҷаҳониён пешниҳод кардаанд. Ҳатто ҳар яке аз он бузургони илму санъат мактабҳои худро таъсис дода буданд, ки волотарини он мактабҳо Академияи Афлотун буд, ки дар замони худ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо карда буд. То ба имруз номи неки он олимону санъаткорон ҷовидона боқӣ монда, ҳазорҳо олимону санъаткорони давраҳои гузаштаю имрӯза ба онҳо пайравӣ мекунанд. Маҳсули эҷодиётҳои онҳо то имрӯз аҳамияти худро гум накарда, балки таҳлил ва омӯзиши он асарҳо дар мадди назари олимони дигар қарор даранд. Олимону файласуфон ва санъаткорони Юнон - Архимед, Фалес, Гераклит, Пифагор, Парменид, Зенон, Асклепий, Гигия, Панатсея, Гипократ, Демокрит, Анаксагор, Суқрот, Евклид, Афлотун, Арасту, Геродот, Гомер, Фидий. Поликлет, Аполодор, Ксенофонд, Ариан, Лукиан, Тситсерон, Вергилий ва дигарон намунаи ибрат буданд. Дастовардҳои фарҳангии юнониён: «Иллиада», «Одиссея», «Табиат», «Давлат», «Метафизика», «Сиёсат», «Сафедкунӣ», «Критон ва Федон», «Ибтидо», «Поэтика», «Риторика», «Теогения», «Аякс», «Шох Эдип», «Фива», «Орестея» драмаҳои Эсхилу Софокл ва ғайраҳо буданд. Шаҳрҳои марказӣ мадании давраи эллинии Юнон: Афина, Искандария, Антиохия, Пергом, Пелла, Бохтар, Суғд (Мароканд), Фарғона ва ғайраҳо буданд. Проблемаи моҳияти хеллинизм дар муҳити олимони давраи муосир низ ҳалли ягонаи худро наёфта буд. Муҳимтарин марказӣ илмию фарҳангии давраи эллинӣ шаҳри Искандарияи Миср буд. Дар ин ҷо қасрҳои бузурги илму санъатро бино карда буданд, ки дар назди онҳо китобхонаи умумии Искандария бино карда шуда, дар он 700 ҳазор папирусҳои лулапеч нигоҳ дошта шудааст. Дар ин китобхона адабиёти зарурӣ оид ба ҳамаи соҳаҳои илм бо ҳама забонҳо - юнонӣ, миерӣ, яҳудӣ. форсӣ ва ғайраҳо гирд оварда шуда буд. Роҳбарии китобхона ва осорхонаи Искандария ба зиммаи ходимони маъруфи маданияти он замон Зенодот, Каллимах, Аристрахи Самофракиягӣ, Аполлони Родоссӣ ва дигарон гузошта шуда буд. Саҳми математики машҳур Евклид (асараш «Ибтидо») ва Аристрахи мунаҷим ва физик ниҳоят бузург буд. Аристарх аввалин шуда давр задани заминро дар гирди офтоб кашф кард. Дар натиҷаи ин гуна кашфиётҳо осорхонаи Искандария ба марказӣ мадании ҷаҳон табдил ёфта буд. Дар инкишофи илми нуҷум бошад саҳми Гиппарх ва шогирдонаш Эратосфену Кирена ниҳоят бузург буд. Онҳо гирифтани моҳ, масофаи байни моҳ ва замин, дарозию васеъгӣ, чанд маротиба аз ҳаҷми замин зиёд будани ҳаҷми офтобро кашф ва аниқ карда буданд. Марказӣ дигари илму санъати давраи хеллинӣ Перғам (Мақдуния) ба ҳисоб мерафт. Шоҳони он намояндагони илму санъатро дар марказӣ давлати худ гирд оварда буданд. Файласуфони ин давра Эпикур ва Зенон буданд, ки дар бораи атомҳои беохир дар фазо ва вазни атомро пешгӯи карда буданд.

Сиёсату ҳукумат

вироиш

Бахшбандии кишварӣ

вироиш

Ҷуғрофия

вироиш

Мардум

вироиш

Пайвандҳо

вироиш
 
Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи
Юнон дорад