Абдулло́ Қаҳҳо́р (17 сентябри 1907, Ашт — 25 майи 1968, Маскав; мадфун дар қабристони Чиғатойи Тошканд) — нависандаи узбек. Раиси Правленияи ИН Ӯзбекистон (1954—1956).

Абдулло Қаҳҳор
ӯзбекӣ: Абдулла Қаҳҳор
Таърихи таваллуд: 17 сентябр 1907(1907-09-17)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 25 май 1968(1968-05-25) (60 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: нависанда
Жанр: повест[d]
Забони осор: русӣ ва ӯзбекӣ
Ҷоизаҳо:
ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени «Нишони Фахрӣ» Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945»
Мукофоти сталинӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёнаро хатм кардааст (1934). Фаъолияти эҷодиаш соли 1924 аз таълифи ҳаҷвияҳо ва новеллаҳо оғоз ёфтааст. Дар рушди новелла саҳми арзанда дорад.

Фаъолияти эҷодӣ вироиш

Солҳои 30 садаи XX маҷмӯаҳои ҳикоёти «Ҷаҳон ҷавон мешавад» (1933), «Ҳикояҳо» (1935) ба табъ расиданд, ки дар онҳо зиндагии гузашта ва имрӯза (солҳои 30 садаи XX) тасвир шудааст. Дар қиссаҳои «Қаҳрамони Дардакӣ» (1942), «Ситораи тило» (1946) Абдулло Қаҳҳор ба мавзӯи ҶБВ (1941 — 45) рӯй овардааст. Сипас, Абдулло Қаҳҳор ба мавзӯи ташкили нахустин колхозҳо (хоҷагиҳои дастҷамъӣ) даст зад (романи «Чароғҳои Қӯшчинор», 1946). Дар қиссаҳои «Санговдавак» (1958), «Муҳаббат» (1968) аз ҳаёти деҳоти Ӯзбекистон баъди ҶБВ (1941 — 45) ва зиндагии ҷавонон ҳикоя мекунад. Қиссаи тарҷумаиҳолии Абдулло Қаҳҳор «Афсонаҳо аз гузашта» (1965) ба Мукофоти ба номи Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ сазовор дониста шуд (1966). Абдулло Қаҳҳор яке аз драманависони машҳури Осиёи Миёна эътироф гардидааст. Вай муаллифи мазҳакаҳои «Дар замини нав», «Сӯзании шоҳӣ» (1950; Мукофоти давлатии СССР, 1952), «Дандонҳои дардманд» (1954), «Садо аз тобут» (1962) ва ғайра мебошад. Ба забони тоҷикӣ асарҳои Абдулло Қаҳҳор «Санговдавак» (1962), «Афсонаҳо аз гузашта» (1979) тарҷума шудаанд. Драмаи «Сӯзании шоҳӣ», мазҳакаи «Садо аз тобут», намоишномаи «Ҷон модаракон» дар театрҳои Тоҷикистон ба саҳна гузошта шудаанд. Абдулло Қаҳҳор асарҳои нависандагони рус А. С. Пушкин, Л. Н. Толстой, Н. В. Гогол, А. П. Чехов ва дигаронро ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардааст. Бо ордену медалҳои даврони шӯравӣ ва Ӯзбекистон мукофотонида шудааст. Дар Тошкенту Қӯқанд ба номаш кӯчаҳо ва мактаб вуҷуд дорад. Дар Театри сатираи Тошкент музейи ба номи Абдулло Қаҳҳор амал менамояд (аз соли 1987).

Эзоҳ вироиш

  1. Каххар Абдулла // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.

Сарчашма вироиш