Абдулқодири Мароғаӣ

(Тағйири масир аз Абдулқодири Мароғӣ)

Хоҷа Абдулқодир ибни Ғайбӣ Ҳофизи Мароғаӣ (форсӣ: عبدالقادر مراغی‎; машҳур ба Абдулқодири Гӯянда, тахаллус Ноӣ, Удӣ 1353—1435) — сароянда, навозанда, шоир, оҳангсоз ва мусиқидони форс-тоҷик.

Абдулқодири Мароғӣ
форсӣ: عبدالقادر مراغی
Ном ба ҳангоми таваллуд: Абдулқодир ибни Ғайбӣ Ҳофизи Мароғаӣ
Тахаллусҳо: Ноӣ, Удӣ
Таърихи таваллуд: 1353
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1435
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: порсӣ, арабӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Бино ба ахбори Давлатшоҳи Самарқандӣ, Дарвешалии Чангӣ («Тазкират-уш-шуаро», «Тӯҳфат-ус-сурур») ва Исфизорӣ («Равзату-л-ҷиннот...») ба Саъдии Шерозӣ (1213-1292) иртиботи авлодӣ дошта, дар 10-солагӣ илмҳои замонаашро фаро мегирад. Устоди Абдулқодири Мароғӣ дар мусиқӣ ва шеър падараш буда, аз овони ҷавонӣ ба шеъру мусиқӣ шӯру завқи хоса дошта, кулли созҳои мусиқиро (уд, қонун, танбӯр, най ва ғайра) хеле хуб менавохт.

Эҷодиёт

вироиш

Дар сози най ихтирооти зиёд намуда («Пешрави дор», «Савти най»), ба ашъори Рӯдакӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ, Саъдӣ ва дигарон дар жанру шаклҳои мусиқӣ асарҳо офаридааст. Ӯ мусаннифи «Амали Наср» (ғазали Саъдӣ), «Таронаи Ироқ» (ғазали Қатрон), «Амали Муҳайяр» (ғазали Камол), асарҳои созию овозӣ ба мақомҳои «Бу-зург», «Ироқ», «Рост», «Дугоҳ» дар шаклҳои мусиқӣ офаридааш: «Амали Тарона» (ғазали Саъдӣ), «Савти Ушшоқ» (ғазали Ҳофиз), «Мустазоди Наво», «Амали Рост», «Амали Бӯстон», «Амали Гулистон», «Амали Гесӯ», «Амали Хористон» (бар ашъори Саъдӣ) ва ғ. дар ҳаёти мусиқии Хуросону Эрон, Мавароуннаҳру Ироқ шуҳрати хоса доштаанд. Абдулқодири Мароғӣ муаллифи асарҳои назарии му-сиқии «Мақосиду-л-алҳон», «Ҷомеъу-л-алҳон», «Лаҳния», «Зубдату-л-адвор», «Шарҳу-л-адвор» ва ғайра буда, масоили таърих ва назарияи мусиқӣ: таълифи мусиқӣ, савт, таркиботи назарии мусиқӣ, созҳо ва табақабандии онҳо, сохти торию пардавӣ, 12-мақом (таркиботи он: овоза, гӯшаю шӯъбаҳо), вазну зарб, усули истиҳроҷи мақомҳо, жанру шаклҳои шеърию мусиқӣ (тавсиф ва усули эҷоди онҳо), назари аҳли илму амали мусиқӣ, тасҳеҳи нуктаҳои донишмандони мусиқии юнонӣ, шарқӣ (Птоломей, Пифагор, Аристоксен, Форобӣ, Ибни Сино, Қутбуддини Шерозӣ, Сафиуддини Урмавӣ ва ди-гарон) ва ғ. мавриди баррасии ҷиддӣ шудаанд Абдулқодири Мароғӣ, ки худ дар мусиқии амалию назарӣ дониши комил дошт, таҳаввулоти мусиқии замонаашро хуб медонист, аз ин лиҳоз бисёр хулосаҳои ӯ як навъи ҷашъбастию натиҷагирии падидаҳои эҷодию иҷроӣ, диди таҳқиқии мусиқии Мовароуннаҳру Хуросон, Эрон ва ҳавзаи ҳунарии Ироқи Аҷамро касб кардааст.

Бисёр асарҳои назариашро худи Абдулқодири Мароғӣ китобат намуда («Мақосиду-л-алҳон», «Ҷомеъу-л-алхон», «Шарҳу-л-адвор») ва нусхаҳои он дар китобхонаҳои Туркия (Нури Усмония, Топгапи Сарай), Британия (Музеи Британия), Эрон ва ғайра маҳфузанд. Дар замони сулолаи туркони Усмонӣ рисолаҳои Абдулқодири Мароғӣ китобат ва ба туркии усмонӣ тарҷума шуда, ӯ мусаннифи зиёда аз 200-суруду оҳангҳо дар жанру шаклҳои созию ово-зии мусиқӣ буда, зумраи зиёди саромадони му-сиқии Мовароуннаҳру Хуросон, Эрон, Ироқи Аҷам: Хоҷа Ризвоншоҳ, Султонмуҳаммадӣ Удии Самарқандӣ, Абдулмӯъмини Ҳофиз, Қутбуддини Нойӣ, Қулмуҳаммади Удӣ, Хоҷа Юсуфи Андигонӣ, Ҳофизи Убаҳӣ, Устод Каҷаҷӣ ва дигарон аз ӯ мусиқиро омӯхтаанд. Пас аз ӯ писараш Абдурраҳмон, наберааш Абдулазиз дар заминаи мусиқии илмию амалӣ корҳои ҷолибе анҷом додаанд[1].

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. - Душанбе, 2009. - с. 13 ISBN 978-99947-49-13-3

Адабиёт

вироиш
  • Абдулқодири Мароғаӣ, Мақосиду-л-алҳон. - Теҳрон, 1350;
  • Ражабов И. Мақомлар масаласига доир. - Тошканд, 1963;
  • Раҷабов А. Афкори мусиқии тоҷик дар ас.12-15. - Душанбе, 1989;
  • Раджабов А. Исторические традиции тадж. муз. культуры в 12-17 вв., докт. дисс., - Душанбе, 1994;
  • Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.1. - Душанбе,, 1988;
  • Агаева С. Абдулкадыр Мараги. - Бакы, 1975.

Ҳамчунин нигаред

вироиш