Абдулҳайи Қаландар

Абдулҳайи Қаландаршоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2004)

Абдулҳайи Қаландар
Ном ба ҳангоми таваллуд: Абдулҳайи Қаландар
Таърихи таваллуд: 20 март 1944(1944-03-20) (80 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Ховалинг
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Абдулҳайи Қаландар 20 марти соли 1944 дар деҳаи Табариёни ноҳияи Ховалинг таваллуд ёфтааст. Соли 1961 Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ - равшаннамоии ноҳияи Рӯдакӣ, соли 1966 факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро бо дипломи аъло фарҷом бахшидааст. Солҳои 1966-1974 муаллим, муаллими калон ва мудири кафедраи адабиёти тоҷики донишкадаи мазкур буда, соли 1974 ба корҳои масъули ҳизбию иттифоқҳои касабаи вилоят ҷалб гардидааст. Солҳои 1966-1967 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ хидмати ҳарбиро адо намуда, соли 1985 курси махсуси кормандони масъули ҳизбию давлатиро дар Академияи ҳизбии Новосибирск фаро гирифтааст. Солҳои 2001-2013 муаллими калон, мудири кафедраи забон ва адабиёти Коллеҷи омӯзгории Кӯлоб, дотсент, мудири кафедраи адабиёт ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб будааст. Айни замон дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики ҳамин донишгоҳ мебошад. Аз соли 2004 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Эҷодиёт

вироиш

Самараҳои эҷодаш тавассути маҷмӯаҳои «Интизорӣ» (1987), «Марди роҳ» (2001), «Хоки Ватан» (2003), «Тафаккур ва тахайюл» (2005), «Суруди дил» (2005), «Ашки дил» (2006), «Роҳи дилҳо» (2010), «Се назар ба шеъри Ҳақназар» (2012), «Тоҷик ва тоҷи Офтоб» (2013) ва ғ. дастраси хонандагон гардидаанд. Ба ҳайси муҳаққиқ беш аз 50 рисолаву мақолаи илмӣ таълиф карда, дар мавзӯи «Мавқеи ономастикаи бадеӣ дар офаридани образҳо (аз рӯи асарҳои Устод Айнӣ)» рисолаи илмӣ навиштааст.

Ҷоизаҳо

вироиш
  • Нишони «Сухан»;
  • Нахустбарандаи Ҷоизаи ба номи Ашӯр Сафар;
  • Ҷоизаи ба номи Носири Хусрав;
  • Аълочии маорифи Тоҷикистон (2014);
  • Аълочии матбуоти Тоҷикистон.[1]

Сарчашма

вироиш
  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 108 - 109 ISBN 978-99947-2-379-9