Абдул Қодир (Президент)

Абдул Қодир номи пурра Абдулқодир Дагарвол пашту: عبد القادر دگروال‎ (1944, музофоти Гур (аз рӯи маълумоти дигар Ҳирот) 22 апрели 2014, Кобул) — ходими давлатӣ ва низомии Афғонистон, генерал-полковник (1983), аз рӯи мансубияти этникӣ — тоҷик[1][2]

Абдул Қодир (Президент)
27 апрел 1978 — 17 август 1978
Пешгузашта Ghulam Haidar Rasuli[d]
Таваллуд 1944
Даргузашт 22 апрел 2014(2014-04-22)
Ҳизб
Навъи артиш Afghan Air Force[d]
Рутба Сипаҳсолор

Зиндагинома

вироиш

Абдулқодир дар литсейи ҳарбӣ ва академияи ҳарбӣ дар Кобул, инчунин дар мактаби олии ҳарбӣ-ҳавоии Фрунзе (ш. Бишкек) таҳсил кардааст. Ӯ дар нерӯҳои ҳавоии Афғонистон афсар буд. Аз синни ҷавонӣ ба ақидаҳои сиёсии чапгароён эътиқод дошт. Дар аввали солҳои 1960-ум, якҷоя бо баъзе афсарони Нерӯҳои ҳавоии Афғонистон, ӯ иштирокчии "гурӯҳи Маъсуди" - и ғайриқонунӣ буд. Соли 1973 яке аз роҳбарони табаддулоти давлатӣ буд, ки дар натиҷа мутлақияти шоҳӣ сарнагун карда шуд ва генерал Муҳаммад Довуд сарвари давлат градид. Пас аз табаддулот, ӯ сардори ситоди Нерӯҳои ҳавоии Афғонистон ва Нерӯҳои мудофаи ҳавоии Афғонистон таъин шуд, аммо аллакай соли 1974 бо сабаби ихтилоф бо президент Довуд аз ин вазифа барканор карда шудааст.

Фаъолияти сиесӣ

вироиш

Соли 1974 ташкилоти пинҳонии "Ҷабҳаи Муттаҳидаи коммунистони Афғонистон" (ҶМКА) - ро таъсис дод ва роҳбарӣ кард, ки ба он хизматчиени ҳарбии Афғонистон дохил шуданд. Бо мақсади сарнагун кардани ҳокимияти Довуд табаддулоти низомӣ омода мекард. Конспирасияи қатъӣ ба он оварда расонд, ки Довуд, Абдул Қодирро рақиби хатарнок ҳисоб карда, ӯро соли 1977 ба вазифаи сардори ситоди Нерӯҳои ҳавоии Афғонистон ва Нерӯҳои мудофаи ҳавоии Афғонистон баргардонд.

Инқилоби Савр

вироиш

Моҳи апрели соли 1978 яке аз пешвоени табаддулот (баъдтар инқилоби Савр — Апрел номида шуд) буд, ки дар натиҷа режими Довуд дар шароите сарнагун карда шуд, ки роҳбарони асосии Ҳизби халқӣ-демократии Афғонистон (ҲХДА) дастгир карда шуда буданд. 27 апрели соли 1978 шахсан халабонҳои ҳарбии пойгоҳи ҳавоии Баграмро ба тарафи худ ҷалб кард ва тибқи баъзе маълумотҳо, худ бо ҳавопаймо парвоз кард, ки ба қароргоҳи Довуд зарбаи ҳалкунандаи мушакӣ-бомбаӣ зад. 27-29 апрели соли 1978 роҳбари воқеии Шӯрои Инқилобии Қувваҳои Мусаллаҳ буд, ки аз номи он дар радиои Афғонистон дар бораи сарнагун кардани режим хабар дод. Ҳокимиятро ба дасти Шӯрои Инқилобии Афғонистон, супурд. Ӯ ба ҳайати ин мақоми ҳокимият дохил шуд.

1 майи соли 1978 Абдулқодир вазири мудофиаи миллӣ таъин шуд ва ба рутбаи генерал-майор пешбарӣ шуд. Ӯ бо роҳбарони фраксияи "Халқ" , алахусус бо Ҳафизулло Амин, муноқиша кард; бо фраксияи дигар "Парчам" наздик шуд. Дар таҳияи нақшаҳои ташкили табаддулоти нав, ки бояд "халқчиён" - ро аз қудрат дур кунад, иштирок кард. 19 августи соли 1978 бо иттиҳоми омодасозии ин дасиса дастгир карда шуд. Ба ҳукми қатл маҳкум шуд, ки бо тақозои сафорати ИҶШС ба 15 соли зиндон иваз карда шуд. 27 декабри соли 1979, пас аз ворид шудани Нерӯҳои шӯравӣ ба Афғонистон, озод карда шуд. Моҳи январи соли 1980 мудири бахши мудофиа ва адлияи КМ ҲХДА таъин карда шуд, ба ҳайати президиуми Шӯрои Инқилобӣ дохил карда шуд. Моҳи апрели соли 1980 ба генерал-лейтенантӣ пешбарӣ карда шуд.

Барканорӣ аз роҳбарият

вироиш

Мавқеи Абдулқодирро он мавқеи сиёсӣ-ҷамъиятӣ суст мекард, ки ӯ ба ягон фраксияи ҲНДТ тааллуқ надошт (ва аз ин рӯ, барои ҳарду бегона буд), инчунин, чун чораймок, ба дастгирии яке аз ду гурӯҳи бузурги миллии Афғонистон пуштунҳо е тоҷикон такя карда наметавонист. То соли 1984 роҳбарияти низомии ИҶШС, ки аз набудани пешрафт дар мубориза бо душманон ноумед буд, тасмим гирифт, ки намояндаи фраксияи "Халқ"-ро ба вазифаи Вазири мудофиа пешбарӣ кунад. Абдулқодир 4 декабри соли 1984 ба вазифаи муовини аввали раиси Шӯрои Инқилобии Афғонистон гузаронида шуд ва 21 ноябри соли 1985 аз вазифаҳои роҳбарикунанда барканор карда шуд.

Моҳи сентябри соли 1986 Абдулқодир сафири Афғонистон дар Лаҳистон таъин шуд, аммо ба зудӣ бо сабаби ихтилоф бо сиесати президенти нав Наҷибулло истеъфо дод. Дар Булғористон зиндагӣ мекард. Иттилооте мавҷуд аст, ки дар солҳои 1990-ум ӯ мушовири ғайрирасмии ҳарбии Ситоди Генералӣ дар назди Аҳмадшоҳи Масъуд буд (Ба марги Аҳмадшоҳ, Абдулқодир бо суханони "гарчанде ки мо душман будем, аммо боварӣ дорем, ки ӯ ҳамчун сарвари барҷастаи ҳарбӣ ва пеш аз ҳама ватандӯсти кишвараш сазовори эҳтиром аст" посух дод).

Нигаред низ

вироиш
  1. Johnson, Thomas H.; Adamec, Ludwig W. (2021-05-15). Historical Dictionary of Afghanistan (in Англисӣ). Rowman & Littlefield. ISBN 978-1-5381-4929-4. 
  2. Clements, Frank A.; Adamec, Ludwig W. (2003-12-02). Conflict in Afghanistan: An Encyclopedia (in Англисӣ). Bloomsbury Publishing USA. ISBN 978-1-85109-407-3.