Абдураҳмон Қодирӣ – ходими давлатӣ, собиқ Раиси вилояти Суғд (2014-2018)

Абдураҳмон Қодирӣ
Абдураҳмон Қодирӣ
15 феврали соли 2014 — 13 январи соли 2018
Пешгузашта Қоҳир Расулзода
Ҷонишин Раҷаббой Аҳмадзода
Таваллуд 25 июн 1953(1953-06-25) (71 сол)
Ҷоизаҳо Ордени Шараф, медали ҷашнии «10 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Зиндагинома

вироиш

Абдураҳмон Қодирӣ 25 июни соли 1953 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1975 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси аграноми олим-иқтисодчӣ хатм кардааст. Фаъолияти кориашро соли 1975 ба сифати иқтисодчии колхози ба номи С. Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз намуда, солҳои 1976 – 1979 Сариқтисодчии шуъбаи банақшагирӣ ва молиявии Управленияи хоҷагии кишлоқи вилояти Ленинобод, 1979-1980 ба ҳайси ёрдамчии муовини Раиси комиҷроияи вилояти Суғд кор кардааст. Солҳои 1980-1983 сардори шуъбаи банақшагирӣ-молиявии Управленияи хоҷагии қишлоқи вилоят, 1983-1985 ҷонишини сардори Управленияи хоҷагии қишлоқи вилоят, 1985-1988 мудири шуъбаи кишоварзии Кумитаи Партиявии Хуҷандии Партияи Коммунистии Тоҷикистон, 1988-1993 Омири кулли Агрокомбинати «Хуҷанд»-и ноҳияи Хуҷанд, 1993-1995 муовини якуми раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият бурдааст. Солҳои 1995-1996 муовини сардори Управленияи хоҷагии қишлоқи вилоят буд. Солҳои 1996-2002 дар вазифаҳои муовини Раиси вилоят, солҳои 2002-2004 дар вазифаи муовини якуми Раиси вилояти Суғд ва солҳои 2004-2006 дар вазифаи раиси ноҳияи Зафаробод кор кардааст. Соли 2006 Вазири кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, то соли 2008 дар ҳамин вазифа кор кардааст. Аз соли 2008 то 2014 дар мансаби муовини якуми Раиси вилояти Хатлон фаъолият бурдааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2013 иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд таъйин гардид. Аз 15 феврали соли 2014 то 13 январи соли 2018 дар мақоми раиси вилояти Суғд кор кард. Cобиқ раиси вилояти Суғд, 18.04.2018 роҳбари институти зироаткорӣ дар вилояти Суғд таъйин шудааст.[1] Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.

Ҷоизаҳо

вироиш

Барои фаъолияти кориаш бо ҷоизаҳои давлатии ордени «Шараф» дараҷаи 1 ва бо медали ҷашнии «10 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.

Пайвандҳо

вироиш
  1. МАНСАБИ НАВИ РАИСИ СОБИҚИ ВИЛОЯТИ СУҒД. 22 апрели 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 ноябри 2018.