Абдуҷаббор Умаров
Умаров Абдуҷаббор Қаҳорович — муҳандис, обёр, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Умаров Абдуҷаббор Қаҳорович | |
Таърихи таваллуд: | 31 август 1969 (55 сол) |
Зодгоҳ: | Истаравшан, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Ҳизб: | Ҳизби коммунистии Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишУмаров Абдуҷаббор Қаҳорович 31 июли соли 1969 дар шаҳри Истаравшан ба дунё омадааст. Миллат-тоҷик. Соли 1988 Техникуми индустриали ишаҳри Душанбе, соли 2012 Донишгоҳи давлатии аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро хатм кардааст. Ихтисос техник — технолог, муҳандис-мелиоратор. Аъзои ҲКТ аз соли 2005. Бо мукофоти соҳавии Ифтихорномаи Вазорати мелиоратсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ гардидааст.
- Аз 08.10 соли 1988 — Челонгари Фабрикаи трикотажи шаҳри Истаравшан
- 1988—1990 — Хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС
- 1990—1992 — Челонгари заводи «Торгмаш»-ишаҳри Истаравшан
- 1992—1995 — Челонгар-барқчии Шабакаҳои барқии шаҳри Истаравшан
- 1995—2002 — Директори Корхонаи муштараки истеҳсолӣ — тиҷоратии «Барқ», шаҳри Истаравшан
- 2002—2009 — Сардори минтақаи обёришавандаи мошинии Идораи давлатии хоҷагии оби «Каттасой», шаҳри Истаравшан
- 2009—2012 — Сармуҳандиси ҶДММ «Алишер», шаҳри Истаравшан
- 2012—2014 — Сармуҳандиси идораи давлатии хоҷагии оби"Чашмасор"-и ноҳияи Ғончӣ
- 2014—2016 — Ҷонишини сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии «Чашмасор», иҷрокунандаи вазифаи сардори Идораи давлатии беҳдошти замин-04, ноҳияи Деваштич
- 2017—2018 — Муҳандиси заминсози Ҷамоати деҳоти «ГулиСурх», шаҳри Истаравшан
- Аз феврали соли 2019 то с 2020 — Муҳандиси КВД «Хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ»-и шаҳри Истаравшан
1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Умаров Абдуҷаббор Қаҳорович(тоҷ.). www.parlament.tj. 2 апрели 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 августи 2020.