Кобо Абэ

(Тағйири масир аз Абэ Кобо)

Ко́бо А́бэ (ҷопонӣ: 安部公房 Абэ Ко:бо:), номи аслиаш — А́бэ Кимифуса; 7 марти 1924, Кита, Токио, Империяи Ҷопон22 январи 1993, Токио, Ҷопон) — нависанда, драматург ва файласуфи ҷопонӣ.

Кобо Абэ
安部公房
Ном ба ҳангоми таваллуд: Кимифуса Абэ
Таърихи таваллуд: 7 март 1924(1924-03-07)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 22 январ 1993(1993-01-22)[1][2][3][…] (68 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: нависанда, румоннавис, намоишноманавис, аккос, филмноманавис, нависандаи достонҳои илмию тахайюлӣ, шоир, коргардони филм, насрнавис
Солҳои эҷод: 19441993
Самт: авангард
Жанр: absurdist literature[d], наср ва диром
Забони осор: жопунӣ[1][2][4]
Ҷоизаҳо:
Осор дар сайти Lib.ru
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Хатм­кардаи факултети тиббии Донишгоҳи Токио (1948), вале ба адабиёт машғул шуд. Пас аз нашри қиссаи «Девор. Ҷинояти Карума» (1951; Ҷоизаи Акутагава) шуҳратманд гардид.

Эҷодиёт

вироиш

Абэ Кобо мисли Акутагава кӯшидааст мавзӯъҳои миллии Япония (шарқӣ)-ро бо анъанаҳои адабии европагӣ тавъам намояд. Мавзӯи асосии эҷодиёташ – танҳоӣ ҳис кардани инсон дар ҷомеаи муосир. Афкору андешаҳояш дар ин бобат ба равияҳои экзистенсиализм қаробат доранд. Дар эҷодиёташ таъсири Ф. Кафка ба назар мерасад. Ба қалами Абэ Кобо қиссаҳои «Давраи чоруми яхбандӣ» (1958), «Ҳаммонанди инсон» (1960), романҳои «Зан дар регзор» (1962), «Чеҳраи ноошно» (1964), «Харитаи сӯзонидашуда» (1967), «Одам – қуттӣ» (1973), «Киштинишастагон» (1984); пйесаҳои «Шабаҳҳо дар миёни мо» (1958), «Марди ба адабчӯб табдилёфта» (1960) ва ғ. тааллуқ доранд. Асарҳояш ба забонҳои гуногуни дунё тарҷума шудаанд. Мувофиқи рейтинги байналмилалӣ ба қатори 100 нависандаи беҳтарини садаи XX дохил гардидааст.

Собрание сочинений, в 4-х тт., С.-Пб., 1998.

Сарчашма

вироиш