Авранҷ, ангури сагак (лот. Solánum nígrum) — гиёҳест худрӯй. Пояаш рост, сершох (15 — 100 см қад мекашад).

Авранҷ
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Solanum nigrum L.

Баргаш сегӯша (дарозиаш 3 — 7 см, бараш 2 — 4 см), сабзи баланд, сершира, одатан дандонадор, баъзан бедандона, нӯгтез. Гулаш сафеди 5-барга (дарозии гулбаргаш 6 — 7 мм). Моҳҳои июн — окт. гул карда, июл — октябр мева мебандад. Мевааш лӯнда (диаметраш 6 — 10 мм), сиёҳ, сершира, сертухм; тухмаш майда, зард, гирда ё дарозрӯяи барҷаста (дарозиаш 1,75 — 2 мм); вазни 1000-тоаш тақр. 0,75 г (1 кг-и он тақр. аз 300 ҳазор дона иборат аст), пурҷило. Як бех Авранҷ соле то 40 ҳазор тухм мебандад.

Нумӯи авранҷ

вироиш

Дар Тоҷикистон Авранҷ асосан чун алафи бегона дар боғ, полиз, пахтазор, киштзори зироатҳои техникӣ ва ғалладона, инчунин дар соҳили рӯду дарёҳо ва ғайра (қуллаи-кӯҳҳои Ҳисору Дарвоз, Зарафшон, мавзеъҳои ҷануби Тоҷикистон, Помири Ғарбӣ, воҳаи дарёи Сир ва ғайра; дар баландии 400—2000 м аз соҳили баҳри) нумӯ меёбад. Махсусан ба кишти пахтазор, полиз ва картошка зарари калон мерасонад. Барои нест кардани Авранҷ заминро дуқатора шудгор, култиватсия ва киштгардон бояд кард.

Заҳнокӣ

вироиш

Авранҷ гиёҳи заҳрнок аст. Аз хошоке, ки баргу пояи он омехта шудааст, борҳо заҳролуд гаштани чорво (гов, гӯсфанд, хук) ва мурғонро мушоҳида кардаанд. Заҳрнокии Авранҷ ба шароити хоку иқлими маҳали рушд ва давраи сабзишу инкишофи рустанӣ вобастагӣ дорад. Таъсири заҳрии меваи авранҷ чандон маълум нест. Масалан, ҳарчанд ба асп 500, 600, 1000 г (дар давоми 3 рӯз) ва ба гӯсфанд 450 г меваи хоми онро дода бошанд ҳам, ягон аломати заҳролудиро мушоҳида накардаанд.

Ҷиҳати фоиданокӣ

вироиш

Авранҷ гиёҳи доруии қадимист. Дисқуридус (Диоскорид, а 1 м.) хосияти шифоӣ ва хӯрданбобии онро қайд кардааст. Авранҷро дар амалияи тиббии бисёр кишварҳои дунё (Англия, Франсия, Португалия, Туркия ва Венесуэла) истифода мебаранд. Табибони Ҳинд бо мевааш вараҷа, дарди чашм, исҳол, бо шираи он иллати ҷигар, сил, исҳоли хунин (дизентерия) ва бавосирро табобат мекунанд. Дар фитотерапия (табобати наботӣ) асосан навдаи навраси авранҷ (Herba solani nigri)-ро кор мефармоянд.

Тарзи истифодабарӣ

вироиш

Ҷӯшоби авранҷ барои табобати саръ, дарди сар, ташаннуҷи масона, халаи меъда, дарди ниқрис, тарбод ва ғайра муфид аст: 1 қошуқча кӯфтаи баргу пояи авранҷ (3 г)-ро дар 150 грам об (10 дақиқа) меҷӯшонанд ва ҳар рӯз (дар давоми 10 рӯз) 2-қошуқчагӣ менӯшанд. Бо ҷӯшобаш даҳонро (агар римхона пайдо шуда бошад) мечайқонанд. Барги тару тозаашро дар равғани рустанӣ марҳам сохта, ба захми фасоднок мебанданд. Баргу пояи Авранҷро дар об ҷӯшонда, думбалро тарбандӣ мекунанд. Табибони халқӣ бо меваи авранҷ иллати ҷигар, зардаҷӯш, саромос, бавосир, амрози узвҳои ҳозима, обхӯра ва ғайраро муолиҷа менамоянд; гулашро балғамовар ва пешоброн меҳисобанд. Доруи аз Авранҷ тайёршуда ғалаёни хунро паст ва рагҳои хунгардро васеъ мекунад. Махсусан баргу поя ва меваи хоми Авранҷ заҳрноканд, аз ин рӯ бе назорати духтур истифода бурдани Авранҷ хавфнок аст. Меваи пухтагии Авранҷ безарар аст. Аз меваи тару тозааш мураббо, шарбат, повидло, қиём ва ғайра тайёр мекунанд. Пештар аз мевааш ранг мегирифтанд. Меваи авранҷ 10 — 18 % қанд, то 5 % оҳар (крахмал), 5,5 % ҷавҳари лиму, 0,5 % моддаҳои пектинӣ, то 353,2 мг% витамини С, баргаш 4,95 % ҷавҳари лиму, 40 — 184 (аз рӯи маълумоти дигар 815,5) мг% витамини С, то 9 мг% каротин (провитамини А), 7 — 10 % моддаҳои даббоғӣ, сапонинҳои стреоидӣ ва ғайра дорад. Дар баргу пояаш 0,5 % соласонин (мувофиқи маълумоти дигар соланин), соламаргин ва соламагрин ном алкалоидҳо мавҷуданд.

Адабиёт

вироиш
  • Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.
  • Мақсуди Ҳоҷимуҳаммад. Ангури сагаки сиёҳ.//«Илм ва ҳаёт», 1991, № 12.