Авҷи зебопарӣ
Авҷи зебопарӣ — яке аз авҷҳои маъмул дар анъанаи сарояндагӣ, ки сарояндагон дар ҳавзаи Бухоро (Самарқанд, Хоразм) ва водии Фарғона (Хуҷанд, Қӯқанд, Исфара, Конибодом ва Истаравшан) истифода менамуданд. «Авҷи Зебопарӣ»-ро оҳангсози машҳури тоҷик Зебопарӣ эҷод кардааст ва бо номи «Авҷи Зебопарӣ», «Зебопарда» (пардаи иловагии танбӯр) маъруф аст. «Авҷи Зебопарӣ» дар анъанаи иҷроии «Шашмақом» оҳанги нисбатан мустақил буда, аз сароянда маҳорат ва истеъдоди баландро тақозо дорад. Офаридаҳои Зебопарӣ дар «Ироқи Бухоро» (мақоми «Бузург»), «Савти калон», «Савти Сабо» («Рост»), «Нимчӯпонӣ» («Сегоҳ»), «Сарахбори Ироқ», «Чанбар» («Ироқ»), инчунин дар асарҳои мусиқии касбӣ, чун «Ушшоқи Қӯқанд», «Бозаргонӣ» (Ҳоҷӣ Абдулазиз) ва таснифоти дигарон мавриди истифода аст. Масалан, сарояндагони Бухоро ҳангоми сурудани «Ушшоқи Қӯқанд» онро бо намудҳои «Сегоҳ», «Ушшоқ» ва «Муҳайяри Чоргоҳ», сарояндагони Хуҷанд, Исфараву Конибодом, Истаравшан, яъне водии Фарғона ин асари мусиқиро бо намудҳои «Сегоҳ» ва «Зебопарӣ» месароянд.
Адабиёт
вироиш- Раджабов И., Мақомлар масаласига доир. - Тошканд, 1963;
- Ҳакимов Н., Шашмақом дар қарни XX. - Хуҷанд, 2006;
- Донишномаи Шашмақом. - Душанбе, 2009.
Сарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.