Акбари Турсонзод ё Акбари Турсон — олим, мутахассиси улуми фалсафа, шарқшиносӣ, фарҳангшиносӣ, доктори илмҳои фалсафа (1982). Узви пайвастаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон(2014).[1]

Акбар Турсунзод
Акбар Турсун (Акбар Турсунов)
Таърихи таваллуд 1 октябр 1939(1939-10-01) (84 сол)
Зодгоҳ Конибодом, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ фалсафа, шарқшиносӣ, фарҳангшиносӣ
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Энсиклопедияи советии тоҷик, Академияи илмҳои Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои фалсафа
Унвонҳои илмӣ академики АИҶТ

Зиндагинома

вироиш

Акбари Турсон (Акбар Турсунов) Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст (1961). ихтисос – «фалсафа». Солҳои 1961–1963 ходими хурди илмии Шуъбаи физикаю математикаи АИ ҶШС Тоҷикистон, 1963–1967 аспиранти шуъбаи номбурдаи АИ Тоҷикистон буд.

Фаъолияти корӣ

вироиш

Солҳои 1969-1979 ходими калони илмии Институти фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон, 1979-1986 ҷонишини сармуҳаррири Энсиклопедияи советии тоҷик буд. Директор ва мудири шуъбаи таърихи тамаддуни Осиёи Марказии Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон (1986-1992), муовини директори Институти иқтисодии ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон (1993-1994). Муҳаққиқи даъватшудаи Маркази таҳқиқоти Шарқи Миёнаи Донишгоҳи Пенсилван (Филаделфия, ИМА, 1994-1998). Солҳои 1987-1990 дар кафедраи фалсафаи фарҳангиДонишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко ба ҳайси профессори кафедра кор кардааст. Аз соли 1966 то давраи пошхӯрии Иттифоқи Шӯравӣ узви Иттифоқи журналистони ИҶШС буд. Корманди калони илмии Маркази зистшиносии Осиёи Марказии Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (1998-2010). Директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон (2011-2015) буд.Аз апрели соли 2015 ба нафақа баромадааст. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с. Аз апрели соли 2015 ба нафақа баромадааст.[2]

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Акбари Турсон муаллифи зиёда аз 300 мақола ва асарҳои илмӣ, илмию оммавӣ ва публисистӣ мебошад. Дар таълифотҳои худ масъалаҳои фалсафии улуми табиатшиносӣ, ҷиҳатҳои иҷтимоӣ, гносеологӣ ва аксиологии илм, проблемаи инсон ва кайҳонро мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор додааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: фалсафа, шарқшиносӣ, фарҳангшиносӣ.[3]

Ӯ муаллифи бобҳо ва фаслҳои ҷудогонаи як қисм асарҳои АИ ИҶШС, аз ҷумла «Проблемаҳои фалсафа ва методологияи табиатшиносии муосир» (1973), «Проблемаҳои таърих ва методологияи маърифати илмӣ» (1974), «Ҷиҳатҳои методологии тадқиқи биосфера» (1975), «Бунёди фалсафаи фанҳои табиатшиносӣ» (1976), «Проблемаҳои фалсафии астрономия» (1976), «Принсипи симметрия» (1978), «Астономия, методология, ҷаҳонбинӣ» (1979), «Назарияи физикӣ» (1980), «Ҷиҳатҳои иҷтимоӣ, гносеологӣ ва аксиологии илм» (1980), «Фалсафа, табиатшиносӣ ва замони ҳозира» (1981), «Диалектика дар илмҳои табиат ва инсон» (1983) мебошад. Як қатор китобу мақолаҳои вай бо забонҳои хориҷӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Маърӯза ва гузоришҳояш дар осори конгрессҳои 4, 5 ва 7-уми байналмилалӣ оид ба мантиқ, методология ва фалсафаи илм (Бухарест (1971), Лондон-Онтарио (1975), Залсбург (1983), Конгресси 13-уми байналхалқӣ оид ба таърихи илм (Москва, 1971), Конгресси 16-уми умумиҷаҳонии файласуфҳо (Дюсселдорф, 1978), Маҷлисҳои 2-юм ва 3-юми умумииттифоқӣ оид ба масъалаҳои фалсафии табиатшиносӣ (Москва, 1970; 1980) дарҷ шудаанд. Бо ифтихорномаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз карда шудааст.[4]

25 январи соли 2020 ба муносибати 80 - солагии донишманди тоҷик (2019) муҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Одил Нозир ба академик Акбари Турсон дипломи “Олими сол — 2019” — ро эъто кард.Рисолаҳои ахири Акбари Турсон дар бораи нақши Аҳмади Дониш дар таъриху фарҳанги тоҷик ва муносибати дини ислом ба Наврӯз низ аз ҷониби аҳли илм хуб пазируфта шуд ва дар даҳҳо маҷаллаҳои дохилу хориҷ ба табъ расиданд.[5]

  • Инсон, атом, кайҳон, Д., 1967;
  • Марди некфарҷом, Д., 1967;
  • Кайҳон ва ҷараёни дониши инсон, Д., 1973;
  • Андешаи рӯзгор, Д., 1975;
  • Банди фалак, Д., 1976;
  • Горизонты космологического знания: история и современность, Д., 1969;
  • От мифа к науке, Д., 1973;
  • Философ и современная космология, Д., 1977. ва диг.[6]

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо ордени «Дӯстӣ» тақдир шудааст (2011).

Пайвандҳо

вироиш
  1. http://www.ozodagon.com/18834-prezident-akbar-tursun-va-5-nafari-digar-akademik-shudand.html Бойгонӣ шудааст 6 сентябри 2015  сол.
  2. Акбари ТУРСОН, академики тоҷик(тоҷ.). pressa.tj (2022). 14 июли 2023 санҷида шуд.
  3. Акбари Турсон — олими сол эълон шуд(тоҷ.). pressa.tj (2020). 14 июли 2023 санҷида шуд.
  4. Акбари ТУРСОН, академики тоҷик(тоҷ.). pressa.tj (2022). 14 июли 2023 санҷида шуд.
  5. Акбари Турсон — олими сол эълон шуд(тоҷ.). pressa.tj (2020). 14 июли 2023 санҷида шуд.
  6. Акбари ТУРСОН, академики тоҷик(тоҷ.). pressa.tj (2022). 14 июли 2023 санҷида шуд.