Баҳодур Акрамзода

(Тағйири масир аз Акрамзода Баҳодур Исмоил)

Акрамзода Баҳодур Исмоил - муҳандис — механик вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V ва даъвати VI.[1]

Баҳодур Акрамзода
Таърихи таваллуд: 2 май 1974(1974-05-02) (50 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Ёвон, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Акрамзода Баҳодур Исмоил зодаи деҳаи зебоманзари Хитойи ноҳияи Ҷаббор Расулов буда, 2 майи соли 1974 дар оилаи зиёӣ таваллуд ёфтааст.

Миллаташ узбек, маълумоташ олӣ, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Баъди хатми мактаби миёна соли 1991 ба Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дохил шуда, соли 1996 Донишгоҳи мазкурро аз рӯи ихтисоси «Муҳандис — механик» хатм намуд.

Фаъолияти кориашро аз соли 1996 ба ҳайси аъзои бригадаи таъмири устохонаи марказии хоҷагии А. Саматови ноҳияи Ҷаббор Расулов оғоз намудааст.

Номбурда дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаи соҳаҳои халқ фаъолият бурдааст:

  • Солҳои 1997 — 2000 ҳисобчии парки трактории №24 — и дар минтақаи ноҳияи Зафарободи хоҷагии ба номи А. Саматови ноҳияи Ҷаббор Расулов;
  • Солҳои 2000 — 2001 ёрдамчии механики парки трактории №24 — и дар минтақаи ноҳияи Зафарободи хоҷагии ба номи А. Саматови ноҳияи Ҷаббор Расулов;
  • Солҳои 2001 — 2002-механики парки трактории №11 — и хоҷагии ба номи А. Саматови ноҳияи Ҷаббор Расулов;
  • Соли 2002 — аъзои комиссияи тафтишотии хоҷагии ба номи А. Саматови ноҳияи Ҷаббор Расулов;
  • Соли 2002 — сармутахассиси шуъбаи иқтисод ва савдои Ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов;
  • Солҳои 2002 — 2003 мудири шуъбаи иқтисод ва савдои Ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов;
  • Солҳои 2003 — 2004 мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов;
  • Солҳои 2004 — 2009 раиси ҷамоати деҳоти Янгиҳаёти (ҳоло Ҳаёти нав) ноҳияи Ҷаббор Расулов;
  • Солҳои 2009 — 2011 муовини Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов;
  • Солҳои 2011 — 2015 сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷаббор Расулов;
  • Соли 2015 — директори идораи бойгонии байниидоравии ҳайати шахсии ноҳияи Ҷаббор Расулов.
  • Аз моҳи декабри соли 2015 — муовини якуми раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов.

10 апрели соли 2016 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии «Ҷаббор Расулов» №16 интихоб шудааст. 1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум интихоб шудааст.[2] Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад.

Нигаред низ

вироиш

Пайвандҳо

вироиш