Акрамшо Фелалиев — доктори илмҳои кишоварзӣ (2003). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (2004),[1] узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати IV оид ба масъалаҳои аграрӣ ва шуғли аҳолӣ.

Акрамшо Фелалиев
Фелалиев Акрамшо Саидшоевич
Таърихи таваллуд 8 июн 1958(1958-06-08) (66 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Шуғнон

Зиндагинома

вироиш

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст (1982), ихтисос — «биология». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: биология, генофонд ва полиморфизми дарахтҳои мевадор. Ходими хурд ва калони илмӣ (1990—1994), мудири озмоишгоҳи мевадорӣ, котиби илмии (1994—2005) Институти биологии Помири Академияи илмҳои ҶТ. Намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005—2010; 2010 — то имрӯз). Дорандаи Ҷоизаи Комсомоли ленинии Тоҷикистон (1991).

Акрамшо Фелалиев — аз Ҳавзаи интихоботии Хоруғ № 41 Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V[2]


Нигаред низ

вироиш
  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.
  2. КМИР рӯйхати вакилони тозаинтихоби Маҷлиси намояндагонро чоп кард. 9 марти 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 июли 2015.

Пайвандҳо

вироиш